Оташбас дар Ғазза, субот дар Афғонистон, риояи ҳуқуқи байналмилалӣ… Эмомалӣ Раҳмон дар СММ аз чӣ сухан гуфт?

Asia-Plus

Барқарории оташбаси устувор дар Ғазза, дастрасии кумаки башардӯстона ба сокинони ин минтақа, таъмини сулҳу субот ва амнияти комилу рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистон, риояи ҳуқуқи байнадлмилалӣ, тағйирёбии иқлим аз муҳимтарин нукоте буд, ки дирӯз, 23 сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид зикр кард.

Мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Амрико идома дорад ва то имрӯз роҳбарони кишварҳои ҷаҳон бештар сари амнияти ҷаҳонӣ, аз ҷумла қазияи Фаластину Исроил ва Украинаву Русия андешаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон низ ба қазияи Фаластин таваҷҷуҳ кард ва зикр намуд, ки “масъалаи Фаластин ва сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо дар асоси татбиқи қатъномаҳои Созмони Милал ва формулаи “ду давлат” имконпазир аст”.

Ӯ таъкид намуд, ки “дар Ғазза оташбаси устувор барқарор ва дастрасии кумаки башардӯстона таъмин карда шавад”.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори худро аз таъмини сулҳу субот, амнияти комил ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистон изҳор дошт.

 

Илова ба ин, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кишварҳои олам даъват кард, ки дар амалияи байналмилалӣ барои бозгашт ба риояи комили ҳуқуқи байналмилалӣ якҷо ва пайваста талош варзанд. Дар ин зимн, инчунин, таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ миёни давлатҳои хурду бузург иқдоми муҳим ва саривақтӣ номида шуд.

Тағйирёбии иқлим аз нукоти дигаре буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҷалб кард. Ӯ таъкид намуд, ки оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорат боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва бад шудани ҳолати экосистемаҳои баҳру уқёнусҳо гардидаанд.

“Моро мебояд дар раванди ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об бетараф набошем”, – таъкид дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба ибтикори Тоҷикистон дар соҳаи об , аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” ҷалб намуда, аз кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои манфиатдор даъват намуд то дар кори чорабинии навбатии “Раванди оби Душанбе” – Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад, ширкати фаъол дошта бошанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз “нодида гирифтан ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ” нигаронӣ кард ва “ба зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низоъу ихтилоф” таъкид намуд.

 

Бо зикри ин нукта, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.

Ӯ бори дигар аз пешниҳоди нави худ дар бораи қабули қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ёдовар шуда, зикр кард, ки “дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам хоҳад овард.

Ҳамчунин, раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ, бахусус ҷиноятҳои киберӣ ва мубориза бо терроризм низ суханронӣ намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...