$20 млн мусодирашудаи Гулнора Каримоваро барои таъмири мактабҳои деҳоти Ӯзбекистон сарф мекунанд

Asia-Plus

Кумитаи идоракунии бунёди “Ишонч” (“Боварӣ”), ки дороиҳои Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистонро дар Швейтсария назорат мекунад, қарор кардааст, ки 20 млн доллари мусодирашудаи Каримова барои беҳтар кардани шароити мактабҳои деҳоти ин кишвар равона карда шавад.

Намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод, ки сухан дар бораи лоиҳаи “Мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим ва таъмини об, санитария ва тозагӣ дар мактабҳо” меравад, ки 1-уми октябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон оғоз мешавад.

Дар доираи ин лоиҳа, ҳадди аққал 45 мактаби деҳот дар тамоми Ӯзбекистон таъмир карда мешаванд. Муассисаҳои таълимӣ бо оби нӯшокӣ, шароити муосири санитарӣ, гармидиҳӣ ва манбаъҳои экологии энержӣ таъмин мегарданд. Ин маблағгузорӣ барои беҳбуди шароити таҳсили беш аз 31 ҳазор хонандаи мактаб, бахусус духтарони наврас мусоидат хоҳад кард.

Ғайр аз ин, қисми маблағҳои бунёди “Ишонч” барои ташкил намудани курсҳо оид ба масъалаҳои устувории иқлим, таъминоти об, санитарӣ ва гигиена барои 2700 омӯзгор ва дигар кормандони мактабҳо равона карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки бинобар афзоиши босуръати шумораи хонандагон дар Ӯзбекистон зиёда аз 1,4 миллион кӯдак ба муассисаҳои таълимӣ меравад, ки дар онҳо таъминоти об маҳдуд ё тамоман вуҷуд надорад.

Ҳамчунин, дар бисёре аз муассисаҳои деҳот то ҳол ҳоҷатхонаҳои чуқурӣ ва низомҳои ғайрисамараноки гармидиҳӣ истифода мешаванд.

Мақомот ваъда додаанд, ки маблағҳо дар доираи лоиҳа бо роҳи шаффоф харҷ карда мешаванд ва тавассути пойгоҳи махсуси “Мактаби беҳтарини ман” истифодабарандагон метавонанд нақшаи хароҷот, пудратчиён, муҳлатҳои сохтмон ва ҷараёни иҷрои маҷмуи муайяни корҳоро пайгирӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Константин Оболенский, Швейсария дар кишварҳо Осиёи Марказӣ дар шарҳи сарф шудани маблағҳои мусодирашудаи барои таъмири мактабҳо гуфтааст, ки “Швейтсария ифтихор дорад, ки захираҳое, ки дар доираи баргардонидани дороиҳо ба даст омадаанд, ба сармоягузориҳои намоён ва муқовим ба фасод табдил ёфта, манфиати мустақим ба мардуми Ӯзбекистон меоранд”.

Бояд гуфт, ки соли 2022 байни Ӯзбекистон ва Швейтсария бунёди “Ишонч” таъсис ёфт, ки дар назди СММ фаъолият мекунад. Маҳз тавассути ин сохтор бозгардонидани дороиҳои ғайриқонунии Гулнора Каримова амалӣ мешавад.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ хабар дода шуд, ки қисми дороиҳои ғайриқонунии духтари президенти аввалини Ӯзбекистон, ки ба ватан баргардонида шуданд, ба лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ ва маориф равона гардида буданд.

Дар бархе кишварҳои аврупоӣ таҳқиқоти фаъолияти фасодзадии гулнора Каримова ва ширкатҳои вобаста ба ӯ аз соли 2012 оғоз ёфт. Соли 2018 Швейтсария дороиҳои Каримоваро ба маблағи зиёда аз 555 миллион доллар мусодира кард. Бо вуҷуди ин, тибқи маълумоти мақомоти Ӯзбекистон, духтари роҳбари аввалини давлат беш аз 1 миллиард долларро, ки ба таври ҷиноятӣ ба даст оварда буданд, ба хориҷ бурдааст.

Дар Ӯзбекистон аз соли 2013 нисбати Каримова бо иттиҳоми дуздӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ чанд парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Ӯ ҳамон сол бо ҳукми додгоҳ 13 сол равонаи зиндон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...