Чӣ гуна боҷҳои нави содиротии гумрукӣ ба тиҷорат ва иқтисоди Тоҷикистон таъсир мерасонанд?

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2025 қарор қабул кард, ки дар он меъёрҳои нави боҷҳои  содиротии гумрукӣ тасдиқ шудаанд. Ин санад дар муҳити тиҷоратӣ фаъолона баррасӣ мешавад.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо дархости “Азия-Плюс” таъсири онро барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон, тағйироти воридгардида ва сабаби зарурати онро ба таври хаттӣ шарҳ доданд.

 

Чаро барои ҳамаи молу маҳсулот меъёри нав муқаррар нашудааст?

Дар қарори нав "Дар бораи тадбирҳо оид ба боҷҳои содиротии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон" на ҳамаи гурӯҳҳои молӣ зикр шудаанд, зеро он ба дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди коркарди ашёи хом дар дохили кишвар равона шудааст.

Мувофиқи ин санад, боҷҳои содиротии гумрукӣ танҳо барои ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр, аз ҷумла минералу консентратҳо, нахи пахта, шарбатҳо аз растанӣ, пӯст, абрешим ва пилла ситонида мешаванд.

 

Меъёрҳои боҷҳо чӣ гуна тағйир ёфтанд?

Пештар меъёри боҷҳои содиротии гумрукӣ бо қурби евро муайян мешуданд, ҳозир бо фоизҳо аз арзиши мол маълум мешавад.

Тибқи қарори ҳукумат аз 3 июни соли 2024, меъёрҳо барои се гурӯҳи молӣ бо қурби евро муқарррар шуда буданд:

– пӯст ба андозаи 300 евро барои 1 тонна;

– пилла ва абрешим 20% ё 100 евро барои 1 тонна;

– нахи пахта – 10%.

Акнун меъёрҳо тағйир ёфта, бо фоизҳо ифода меёбанд, ки "ба танзими дақиқи содирот ва ҳавасмандсозии коркарди мол дар кишвар имкон медиҳанд".

Дар Кодекси гумруки Тоҷикистон, меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ 3 навъанд:

– адвалорӣ – бо фоиз аз арзиши гумрукии мол пардохт мешаванд;

– махсус –  вобаста ба ҳаҷми муқарраршудаи воҳиди молӣ, масалан барои тонна ё килограмм муқаррар мешаванд;

– омехта – ҳар ду навъи сабтшудаи меъёрҳои пардохти гумрукиро дар бар мегиранд.

Ҳар кадоме аз давлат ин боҷҳоро вобаста ба навъи молу маҳсулот ва вазъияти иқтисодӣ муқаррар мекунад.

 

Ин чӣ гуна ба содироту воридот дахл мекунад?

Мувофиқи Кодекси гумрук, боҷҳои адвалорӣ, махсус ва омехта зимни анҷоми расмиёти гумрукии ҳам молҳои воридотӣ ва ҳам содиротӣ бо шумули воситаҳои нақлиёт мутобиқи қонунгузории амалкунанда истифода мешаванд.

Дар робита ба меъёрҳо барои  Тоҷикистон бошад, онҳо бо қарор аз 28-уми августи соли 2024, ки ҳам шартҳои содирот ва ҳам воридоти молро танзим мекунад, муқаррар шуда буданд.

Содироти баъзе молу маҳсулот аз Тоҷикистон метавонад бидуни пардохти боҷ сурат гирад. Ин ба молу маҳсулоте дахл дорад, ки хусусиятҳои ашёи хомро доранд. Ба рӯйхати чунин молу маҳсулот ҳадди ақалл 34 категория дохиланд, ки аз онҳо боҷи содиротӣ ситонида намешавад.

Ашӯрбой Солеҳзода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо дар посухи хаттӣ ба “Азия-Плюс” чунин изҳор намудааст:

"Тоҷикистон вобаста ба муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя, боҷҳои содиротии гумирукиро нисбат ба молҳои дорои хусусияти ашёи хом истифода бурда, дар ҳамин ҳол, барои дигар молҳо боҷи содиротӣ ситонида намешавад".

Ҳамчунин, зикр кардан муҳим аст, ки дар бисёре аз кишварҳо агар молҳо бо арзиши иловашудаи баланд ба берун аз ҳудуди кишвар содир шаванд, содирот дастгирӣ ва ҳавасманд карда мешавад.

Масалан, дар Қазоқистон меъёрҳои боҷи содиротии гумрукӣ 44 категорияи молҳои ашёи хом ва нимтайёрро дар бар мегиранд, аз ҷумла пӯст, партовҳои металлӣ ва шикастапораҳо, тухмии офтобпараст, нафти хом ва маҳсулоти нафтӣ.

Дар Ӯзбекистон барои зиёда аз 86 навъи молу маҳсулот меъёрҳои боҷҳои содиротии гумрукӣ то 100% муқаррар шудааст.

 

"Ҳадаф дастгирии коркард аст"

Қарори ҳукумат “Дар бораи тадбирҳо оид ба боҷҳои содиротии гумрукӣ” баҳри дастгирии бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ қабул шудааст. Дар Страттегияи рушди кишвар то соли 2030 рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ба сифати тадбирҳои ноил гардидан ба ҳадафҳои миллӣ зикр шудааст.

Ҳадаф аз қабули ин санад ҳимоя аз манфиатҳои кишвар бо маҳдуди сохтани содироти ашёи хом ва молҳои коркардношуда мебошад. Дар қарор тадриҷан коҳиши чунин содирот пешбинӣ шудааст, то ки коркарди ашёи хом ва истеҳсоли молу маҳсулот бо арзиши баланди иловашуда дар Тоҷикистон зиёд шавад.

“Ҳадаф аз қабули қарор коҳиши содироти молҳои дорои ашёи хом ва дастгирии коркард дар дохили кишвар мебошад”, – изҳор дошт Ашӯрбой Солеҳзода.

Ин ҳамчунин, ба лоиҳаи "Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2026-2020" мутобиқ аст. Дар он тадбирҳо оид ба афзоиши истеҳсоли молҳои аз лиҳози экологӣ тоза бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таҳкими рақобатпазирии молҳои Тоҷикистон дар бозорҳои байнулмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...