Вокуниши Ӯзбекистон ба “рейд”-и мақомоти Русия дар маросими хурсандии муҳоҷирон

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон ба "рейд"-и мақомоти Русия дар консерти сарояндаи ӯзбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев дар Красноярск ва боздошту "ҳамла" ба муҳоҷирон расман вокуниш кард ва Консулгарии генералии ин кишвар дар Новосибирск бархе ҷузъиёти ҳодисаро гуфт.

Дар иттилои расмии Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон, ки рӯзи 24-уми сентябр нашр гардидааст, таъкид мешавад, ки “намояндагии Агентии муҳоҷират дар Русияи барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон вакили дорои иҷозатномаро таъин кардааст”.

Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Новосибирск ҳам вокуниш карда, сабаби гузаронидани рейди мақомоти Русияро бо мақомоти маҳаллӣ мувофиқа нашудани консерти Ҷалолиддин Аҳмадалиев гуфтааст

Ба иттилоот манбаъ, муҳоҷирон рӯзи 22-юми сентябр барои тамошои консерти сарояндаи маъруфи ӯзбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев ба толори зиёфатии “Корона”-и деҳаи Солонсӣ дар кишвари Красноярск ҷамъ омада буданд.

“Аммо чорабинӣ бо тартиби расмӣ бо идораҳои дахлдори маҳаллӣ мувофиқа нашуда буд, ки сабаби баргузории рейд гашт”, – навиштааст Консулгарӣ.

Консулгарӣ дар баёноти худ таъкид кардааст, “баргузории чунин рейдҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд асосҳои ҳуқуқии муҳкам дошта бошад ва ба фароғати фарҳангии шаҳрвандон монеъ нагардад”.

Тибқи маълумоти Консулгарӣ, натиҷаҳои рейд чунин будааст:

– 8 шаҳрванди Ӯзбекистон боздошт гардидаанд;

– 4 тани дигар ҷарима ва аз ҳудуди Русия ихроҷ шудаанд.

Қаблан гуфта мешуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар ҷамъ 26 нафарро аз толори консерт ба шӯъбаи полис бурдаанд. Ба иттилои консулгарӣ, ҳоло теъдоде аз шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Дар изҳорот омадааст, ки намояндагии дипломатии Ӯзбекистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар робита ба ин ҳодиса ҳамкорӣ ва аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дифоъ мекунад.

Консерти Ҷалолиддин Аҳмадалиев шоми 22-юми сентябр дар толори “Корона” баргузор шудааст ва дар ин чорабинӣ тақрибан 620 меҳмон ҷамъ омаданд, ки 210 тани онҳо муҳоҷирон будаанд. Дар давоми консерт ногаҳон гурӯҳе аз кормандони мақомот вориди толор шуданд ва раванди консертро барҳам заданд.

Чаро мақомоти Русия ба шоми хурсандии муҳоҷирон “ҳамла” карданд ва ҳуқуқшинос ба ин кирдори мақомоти рус чӣ шарҳ дорад, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...