Ҳавои Тоҷикистон дар моҳи октябр. Оғози сардиҳо дар кишвар

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Моҳи октябри соли равон вазъи ҳаво дар Тоҷикистон ба сурати умум ба меъёри иқлимӣ мутобиқат буда,  баъзан 1-2 дараҷа гармтар аз меъёри муқаррарӣ мешаванд, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

 

Вилояти Хатлон ва водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ

Нимаи аввали моҳ, шабона ҳарорат аз 12 то 17 дараҷа гарм, рӯзона аз 28 то 33 дараҷа гарм дар назар аст. Дар даҳаи дуюм ва сеюми моҳ ҳарорат шабона то 3-14 дараҷа гарм ва рӯзона то 14-25 дараҷа гарм поин меравад.

Боришот аз нимаи моҳ оғоз мегардад. Миқдори онҳо дар ҳудуди меъёр ва каме поинтар аз он пешбинӣ мешавад. Баъзан пурқувват шудани суръати вазидани шамол то 15-20 м/сония ва фаромадани туман дар назар аст.

 

Вилояти Суғд

Дар водиҳо ҳаррати миёна 13-16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5-9 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад. Даҳаи аввал, рӯзона ҳарорат 22-27 дараҷа ва шабона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи дуюми моҳ поинравии ҳарорат пешбинӣ мешавад: шабона 3-11 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона 6-23 дараҷа гарм. Боришот дар ҳудуди меъёр ва поинтар аз он дар назар аст. Суръати вазиши шамол – то 15-20 м/сония.

 

Кӯҳистони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёна дар ин минтақаҳо дар сатҳи 9-17 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Дар даҳаи аввал, шабона 7-12 дараҷа гарм, рӯзона – 21-26 дараҷа гарм аст. Дар даҳаи дуюм ва сеюм, шабона аз 4 дараҷа гарм то 3 дараҷа хунук, рӯзона – 8-19 дараҷа гарм.

Боришот дар ҳудуди меъёр ё камтар аз он дар назар аст. Баъзан пурзӯршавии суръати вазидани шамол ва фаромадани туман аз эҳтимол дур нест.

 

Ноҳияҳои шарқи ВМКБ

Дар ин ҷо ҳарорати миёна наздики 0-2 дараҷа хунук (ҳудуди меъёр – 1-3 дараҷа хунук). Ҳарорат дар даҳаи аввали моҳ, шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона – 8-23 дараҷа гарм. Дар даҳаи дуюм ва сеюм, шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона – 3-8 дараҷа гарм ва баъзан аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм.

Боришоти кам дар назар аст. Дар баъзе рӯзҳо суръати вазидани шамол то 15-20 м/сония пурзӯр мешавад.

 

Пешгӯии умумӣ

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, нимаи дуюми моҳи октябр ҳарорат дар Тоҷикистон, бахусус шабона аз тадриҷан поин меравад.

Сарфи назар аз фарорасии сардиҳо, боришоти ҷиддӣ пешгӯӣ намешавад, лекин баъзан дар рӯзҳои ҷудогона шамоли сахт ва фаромадани туман имконпазир аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...