Дар даври сеюми имтиҳонсупорӣ беш аз 12,5 ҳазор кас донишҷӯ шуданд

Нодира Собирзод, махсус барои Asia-Plus

Дар ин давра 15 ҳазору 703 довталаб ширкат карданд, ки аз ин 12 ҳазору 583 тан донишҷӯ шуданд ва 2 ҳазору 147 нафари дигар ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро пайдо карданд. Қариб 1 ҳазор каси дигар донишҷӯ нашудаанд.

Маркази миллии тестӣ (ММТ) 29-уми сентябр натиҷаҳои озмуни тақсимоти сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба донишгоҳу донишкадаҳоро эълон кард.

Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври сеюм аз 2 то 13-уми сентябр идома карда, худи имтиҳонсупорӣ рӯзи 21-уми сентябр баргузор шуд.

Мувофиқи муқаррарот, онҳое ки дар давраи сеюм мувафақ шуданд бояд то 2-уми октябр ҳуҷҷатҳои худро ба муасссиаи олии қабулшуда пешниҳод кунанд. Дар акси ҳол, ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ё давраи дигари бақайдгирии довталабон пешниҳод карда мешавад.

Дар давраи сеюми имтиҳонсупорӣ довталабони зерин имкони ширкат доштанд:

– шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;

– довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;

– довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;

– довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;

– довталабоне, ки дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар беморӣ ҳаққи таҳсил дар муассисаҳои таълимии тиббиро надоранд.

Ба иттилои расмӣ, дар ду даври бақайдгирӣ дар умум 114 ҳазору 863 довталаб барои дохил шудан ба макотиби оливу миёнаи кишвар ба ММТ ҳуҷҷат супоридаанд.

Тибқи иттилои ММТ дар даври якум ва дуюми бақайдгирии довталабон, барои иштирок дар имтиҳонҳои ММТ 112 ҳазору 947 нафар худро номнавис кардаанд.  Аз ин теъдод, 74 ҳазору 935 сазовори номи донишҷӯ шуданд.

Бояд гуфт, ки имсол бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегард. То соли 2022 се даври марҳилаи бақайдгирӣ вуҷуд дошт.

Давраи сеюми бақайдгирии довталабон дар асоси ҷойҳои холимонда гузаронида мешавад. Аммо дар давраи чоруми бақайдгирӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Дар ин давр танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ карда шудааст. Он аз 29-уми октябр шуруъ мешавад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...