ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 1 ОКТЯБР
– Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон (палатаи болоии парлумон) даъвати ҳафтум баргузор мегардад. Ин иҷлосия соати 10:00 оғоз хоҳад шуд.
Дар он қарор аст ворид кардани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои кишвар, аз ҷумла, қонун “Дар бораи маориф” баррасӣ шаванд.
– Имрӯз дар Душанбе дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо дастаи “Гоа”-и Ҳиндустон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дидор анҷом медиҳад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 ОКТЯБР
Соли 1960 – Дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) коргоҳи истеҳсоли мебел ба фаъолият оғоз кард.
Соли 1968 – Нашрияи “Вечерний Душанбе” таъсис ёфт.
Соли 2009 – Парлумони Тоҷикистон Қонуни нав “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд.
Соли 2009 – Воридоти чароғҳои равшанидиҳандаи анъанавӣ ба қаламрави Тоҷикистон манъ гардид.
Соли 2009 – Дар шаҳри Норак нақби мошингарди “Хатлон” расман ифтитоҳ гардид.
Соли 2011 – Бино бар созишномаи тасдиқшуда, Тоҷикистон як қисми заминашро (ҳазор гектар) ба Чин дод, ки дар натиҷа қаламрави кишвар 1 фоиз кам шуд.
Соли 2013 – Дар роҳи Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб нақби Чормағзак мавриди истифода қарор гирифт.
Соли 2013 – Маҷлиси намояндагон созишномаи нав оид ба пойгоҳи низомии 201-умро тасдиқ кард.
Соли 2015 – Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ҳамроҳ гардид.
Соли 2019 – Дар фурудгоҳи Хуҷанд терминали нави мусофирбар ба кор даромад.
Соли 2019 – Маркази ягонаи интиқоли маблағҳо дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли1933 – Мавлуди Озод Аминзода, шоир ва нависандаи тоҷик.
Озод Аминзода дар хонадони Муҳиддин Аминзода, шоир ва тарҷумони тоҷик зода шуда, Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм кардааст.
Фаъолияти ӯ аз омӯзгорӣ оғоз шуда, сипас дар рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” кор кардааст. Ӯ аз соли 1987 то давраи ба нафақа баромаданаш раиси шуъбаи суғдии Бунёди фарҳанги Тоҷикистон будааст.
Озод Аминзода соли 1965 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.
Ӯ 7-уми июни соли 2009 дар синни 75 даргузашт.
Ашъори ӯ дар авроқи маҷмуаҳои “Сатрҳои нахустин”, “Бо ёди ту”, “Чашми бедор”, “Дилбари саҳро”, “Пайроҳаи сабз”, “Сипос”, “Ёди ширин” мунташир шудаанд.
Соли 1937 – Зодрӯзи Юсуфҷон Акобиров, Нависандаи халқии Тоҷикистон.
Юсуф Акобиров зодаи деҳаи Соктареи Бухоро буда, дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсили илм кардааст. Баъдан дар курси олии филмноманависон дар Маскав низ омӯзиш гирифтааст.
Ӯ солҳо дар нашрияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, моҳномаи “Садои Шарқ”, рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” ва муддате дар Кумитаи мукофоти давлатии адабии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Баъдан қариб даҳ сол дар Афғонистон ба тарҷумонӣ машғул буд.
Ӯ муаллифи романҳои “Замини падарон”, “Норак”, “Водии муҳаббат”, “Дунё ба умед”, қиссаҳои “Вақте ки осиё бозмонд”, “Духтаре, ки ҷустуҷӯяш мекунам”, “Мунира”, “Балоғат”, очерку ҳикояҳои “Қандак гул кард”, “Осмони соф”, “Садриддин Айнӣ” аст.
Драмаи ӯ – “Рӯдакӣ” аз ҷониби Театри давлатии Хуҷанд ва дарамаи “Лайлатулқадр” дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шуда, дар заминаи “Вақте ки осиё бозмонд” ва “Балоғат” филмҳои бадеӣ офарида шудаанд
Юсуф Акобиров 12-уми октябри соли 2011 даргузашт.
Соли 1939 – Мавлуди Акбари Турсон, академик, донишманди шинохтаи тоҷик.
Акбар Турсон, академик ва донишманди шинохтаи тоҷик ва яке аз олимони бисёрфанне аст, ки дар соҳаҳои гуногун, ба монанди фалсафа, физика, фарҳангшиносӣ, шарқшиносӣ даст зада, корҳои илмиву тадқиқотии мондагор анҷом додааст.
Ӯ солҳо дар шуъбаҳои гуногуни Академияи илмҳои Тоҷикистон заҳмат кашида, солҳои 1979-1986 ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик буд.
Баъдан директор ва мудири шуъбаи таърихи тамаддуни Осиёи Марказии Институти шарқшиносии Академияи илмҳо таъин гардида, муддате ҳам дар Институти иқтисодии ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байнулмилалӣ муовини директор будааст.
Акбар Турсон соли 1994 ба Амрико рафт ва 18 сол дар он ҷо фаъолият кард. Соли 2011 ба Тоҷикистон баргашта, дар вазифаи директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон то соли 2015 фаъолият кард ва баъд ба нафақа баромад.
Соле пеш”Азия-Плюс” бахшида ба 85-солагии ин донишманди тоҷик бо ӯ мусоҳибаи тахассусӣ анҷом дода буд, ки дар ин матлаб мутолиа кунед: Акбари Турсон: “Зиёиёни мо аз тарс мавқеашонро намегӯянд”
Соли 1948 – Зодрӯзи Маҳмуд Абдуллоев, муаррихи тоҷик, доктори илми таърих.
Соли 1954 – Мавлуди Раҳмоналӣ Амирзода, арбоби давлатӣ, раиси пешни шаҳрҳои Исфара ва Ваҳдат, собиқ вакили парлумон.
Соли 1960 – Мавлуди Маҷид Салим, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.
Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ва баъд факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе буда, фаъолияташро аз рӯзномаи ноҳиявии “Зафар” оғоз намудааст.
Ӯ як муддат ходими илмии Боғи ҳайвоноти Душанбе буда, баъдан дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” то ба мансаби муовини сармуҳаррир таъин гардидааст.
Солҳои 2000-2002 мудири шуъбаи наср, аз соли 2003 директори Хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд ва ҳамзамон барои Шабакаи якуми Телевизиони тоҷик барнома омода мекард. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ аст.
Маҷид Салим дар танзиму таҳияи силсилаи филмҳои мустанад ва очеркҳои телевизионӣ, тарҷумаи филмҳои бадеӣ дар телевизиони ҷумҳурӣ саҳми назаррасе дорад. Ӯ муаллифи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои “Гурги похӯрда”, “Зоғеву доғе”, “Санговдавак” буда, мутарҷими қиссаи “Муму”-и И.С.Тургенев ва “Каштанка”-и А.П. Чехов ба забони тоҷикӣ мебошад.
Соли 1961 – Зодрӯзи Олимҷон Муҳаммадҷонзода, адабиётшиноси тоҷик, раиси пешини Кумитаи забон ва истилоҳот.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсили илм карда, фаъолияти худро дар кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон оғоз намудааст.
Ӯ солҳои баъди сармутахассису масъули котиботи Конуни забони назди Ҳукумати Тоҷикистон, мудири кафедраи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон буда, соли 2010 декани факултаи забонҳои шарқи Донишкадаи далатии забонҳои Тоҷикистон таъин шудааст.
Аз соли 2013 мудири шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва то январи соли 2020 муовини ректор дар бахши илм ва инноватсияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буд.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода соли 2020 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуда, то соли 2025 дар ин мансаб фаъолият кард.
Соли 1962 – Зодрӯзи Бег Сабур, раиси пешини Хадамоти алоқа.
Бег Сабур моҳи январи имсол, баъди 14 соли раисӣ дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба нафақа гусел карда шуд. Ӯ яке аз роҳбароне буд, ки номаш зиёд дар сархати расонаҳо қарор мегирифт ва ӯро барои заиф кардани хадамоти интернетрасонӣ ва бештар ба корҳои сохтмонӣ машғул буданаш танқид мекарданд.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бо ихтисоси омӯзгори фанни физика ва астрономия ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Маскав аст. Фаъолияташро соли 1988 аз омӯзгорӣ дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, минбаъд омӯзгори Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Маскав, ҳамчунин Раиси ҷамъияти тоҷикони “Осмон” дар шаҳри Маскав ва баъдтар Раиси тоҷикони Русия будааст.
Солҳои 2000-2005 роҳбари Ширкати саҳҳомии “Восеъ”, ҳамзамон раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ташкили иттиҳодияи тоҷикони Русияи шаҳри Маскав буд.
Фаъолияти ӯ дар хадамоти алоқа соли 2005 ба ҳайси муоввини вазири алоқа оғоз гардидааст. Дар ин миён боз муддате (2006-2011) муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон буд.
Бег Сабур соли 2011 роҳбари Хадамоти алоқа таъйин гардида, то моҳи январи соли равон дар ин курсӣ буд.
Ҳамзамон ӯ солҳои 2015-2022 президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон будааст. Ҳоло дар нафақа аст.
Соли 1992 – Мавлуди Мавзуна Чориева, муштзани шинохтаи тоҷик, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон 2012
Мавзуна Чориева ҳоло директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон аст. Ӯ пештар аз ин мудири шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМО Тоҷикистон буд.
Мавзуна Чориева аз хурдсолӣ ба бокс ё муштзанӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, аз ҳафтсолагӣ ба машқҳо оғоз ва соли 2014 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ дорандаи ордени “Шараф” дараҷаи 2 ва Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон аст.
Ӯ нахуст дар чемпионати Осиё-2010 дар вазни 60 кг сазовори унвони қаҳрамонӣ шуд. Соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон сазовори медали биринҷӣ гардид.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи таъсиси Ҷумҳурии Халқии Чин аст. Пас аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ду Чин вуҷуд дошт. Қисми зиёди кишвар таҳти идораи Ҳизби миллигарои Гоминдан қарор дошт, ки соли 1927 ба як ҳизби ҳукмрон табдил ёфта буд. Дар қисми дигари кишвар бошад, Ҳизби коммунистии Чин нуфуз пайдо карда буд. Аз соли 1946 то соли 1949 байни ин ду қувва ҷанги озодихоҳии мардумӣ, ки моҳиятан ҷанги шаҳрвандӣ буд, идома кард. Ниҳоят нерӯҳои коммунистӣ пирӯз шуданд.
30-юми сентябри соли 1949 Шӯрои машваратии сиёсӣ Ҳукумати марказии халқиро таъсис дод ва рӯзи 1-уми октябри ҳамон сол таъсиси Ҷумҳурии Халқии Чин расман эълон гардид. Аз ҳамон рӯз то имрӯз Чин ҳар сол 1-уми октябрро ҳамчун Рӯзи таъсиси ҷумҳурӣ таҷлил мекунад.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти шахсони бузургсол таъсис ёфтааст.
Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи эҳтиром ба пиронсолон, таъмини ҳуқуқу шароити зиндагии шоиста ва таъкид ба зарурати дастгирии иҷтимоии онҳо мебошад.
1-уми октябр аз соли 2015 ҳамасола Рӯзи байналмилалии қаҳва таҷлил мешавад. Ватани ин нӯшокии машҳур қораи Африқо, махсусан Эфиопия дониста мешавад. Ривоятҳо мегӯянд, ки дар асри IX як чӯпони эфиопӣ хусусияти қувватбахшии донаҳои қаҳваро кашф кардааст.
Далелҳои боэътимод оид ба истеъмоли қаҳва ба асри XVI рост меоянд. Аз Эфиопия нӯшокӣ аввал ба кишварҳои Шарқ, сипас ба Аврупо, Италия ва баъдтар ба Амрико паҳн гардид. Дар асри XIX қаҳва ба яке аз нӯшокиҳои дӯстдоштатарини ҷаҳон табдил ёфт.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии мусиқӣ аст. Таҷлили ин рӯз соли 1975 бо ташаббуси ЮНЕСКО ва Шӯрои байналмилалии мусиқӣ қабул гардид. Ин сана бо мақсади наздик кардани халқҳо, ғанӣ гардондани фарҳангҳо ва густариши дӯстии байни миллатҳо ҷашн гирифта мешавад.
Мусиқӣ забони ягонаест, ки ба ҳамаи инсонҳо фаҳмо буда, эҳсосоти гуногунро бедор месозад. Аз давраҳои қадим мусиқӣ дар ҳаёти инсон нақши муҳим бозида, лаҳзаҳои шодӣ ва андӯҳро ҳамроҳӣ мекунад. Дар ин рӯз дар кишварҳои гуногун шомҳои мусиқӣ, ҳамоиш ва нишастҳои ҳунарӣ баргузор мегарданд.
Ҳамасола 1-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии шахсони аз гӯшт парҳезкунанда (вегетариан) таҷлил мешавад. Ҳадаф аз таҷлили он таъкиди фоидаҳои парҳез аз гӯшт ва истеъмоли гиёҳу сабзавот аст.
Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз тақрибан як миллиард сокини сайёра гӯштро аз ғизои худ хориҷ кардаанд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ1 ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º хунук, рӯзона 9+14º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 23+25º гарм.


