Таҳмина Самадова ба 4 соли зиндон маҳкум гардид. Тақдими хона ба ин зани серфарзанди тоҷик мушкилофар шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Таҳмина Самадова, як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми қаллобӣ дар гирифтани хона дар Русия ба 4 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карданд. Аммо иҷрои ҳукм то 18-сола шудани писари хурдиаш мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии наздик ба мақомоти Русия “Baza” хабар додааст.

Қазияи боздошту ба дод кашида шудани Таҳмина Самадова баъди тақдими гувоҳнома барои хариди манзил ба маблағи 24 млн рубл аз сӯйи шаҳрдории Митиши оғоз гардид. Ин гувоҳнома дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд супорида шуд.

Дар пайи фишори гуруҳҳои миллатгарои рус мақомот хонаро дубора гирифта, нисбати ин зодаи Тоҷикистон бо ҷурми “қаллобӣ” (қисми 4, моддаи 159.2 КҶ ФР) парванда боз карда, ӯро боздошт карданд. Баъдтар Таҳмина Самадоваро бо шарти тарк накардани ҷойи истиқомат озод намуданд.

Он замон Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия ва яке аз мансабдорони аз ҳузури муҳоҷирон хашин, талаб карда буд, ки раванди тақдими хона ба хонаводаи Самадова санҷида шавад.

Дертар, дар пайванд ба ин ҳодиса, муовини раиси шаҳри Митиши низ дастгир ва барои хунукназарӣ (моддаи 293 КҶ ФР ) бар зиддиш парванда боз шуд. Ӯ ба ин айбдор шудааст, ки дар раванди тасдиқ маълумот дар бораи даромад ва аъзоёни оилаи зодаи Тоҷикистонро дуруст насанҷидааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Юлия Купетская, шаҳрдори Митиш гуфта буд, ки “Самадова ба корҳои хайрия машғул аст ва бародаронаш барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Украина бо ордени “Ҷасорат” ва медали “Барои шуҷоат” сарфароз гардонида шудааст. Оила барои гирифтани шаҳодатномаи манзил ба тамоми шароитҳо ҷавобгӯ аст”.

Таҳмина Самадова ва шавҳараш Рамазон Раҳимов, зодаи Тоҷикистон ҳастанд, ки 14 сол пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Онҳо бо 7 фарзанди худ дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарданд.

Мавқеи худи аъзои ин оила дар робита ба ин қазия маълум нест. Онҳо аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.

Ин ягона ҳодисаи муҷозот барои истифода аз барномаҳои давлатӣ аз сӯйи шаҳрвандони Русия, ки зодаи кишвари дигар мебошанд, нест.

Пештар тақдими хона ба як оилаи дигари тоҷик дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов, ки ӯ низ шаҳрвандии Русияро дорад, боиси норозигӣ ва баҳси ҷомеа ва миллатгароҳо гардида буд.

Дар Русия, ки бо мушкили демографӣ рӯбарӯст, барои ҳалли мушкил барномаҳои ҷалби зодагони кишварҳои дигар мавҷуд аст ва дар доираи он, ҳазорҳо зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин кишвар рафтаву шаҳрвандӣ мегиранд ва соҳиби ҳақи истифода аз барномаҳои давлатӣ мешаванд. Аммо солҳои охир, гурӯҳҳои миллатгарои рус ба истифодаи ин ҳақ аз ҷониби зодагони кишварҳои дигар бархӯрди хашин нишон медиҳанд ва аз мақомот талаб мекунанд, ки пеш аз ҳама русҳо аз имтиёзҳо истифода кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...