Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 октябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 2 ОКТЯБР

– Дар Душанбе ҷаласаи 38-уми Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба соҳаи тандурустӣ шурӯъ мешавад. Дар рӯзномаи ҷаласа 26 масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни тандурустӣ дохил карда шудааст. Аз ҷумла, намояндагони кишварҳои ИДМ дар самти беҳбуди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, баррасии лоиҳаи нақшаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти мубориза бо саратон ва сил, омӯхтани имконоти истифодаи зеҳни сунъӣ дар табобати диабет ва ғайра табодули андеша мекунанд. Интизор меравад, ки иштирокчиён ҷаласа бо кори муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон шинос шаванд.

– Дар чор кишвари Осиёи Марказӣ Фестивали дуюми байналмилалии нахустнамоиши филмҳои фаронсавӣ – “Avant Première Film Festival in Central Asia” идома дорад.

Намоиш дар шаҳри Душанбе шурӯъ аз имрӯз то 5 октябр идома мекунад. Филмҳо дар маркази савдои “Сиёма Молл” баргузор мешавад. Дар маросими ифтитоҳи фестивал филми ҳуҷҷатии “Франсуа Трюффо: Сенарияи ҳаёти ман” (François Truffaut, le scénario de ma vie, 2024) намоиш дода мешавад.

– Дар Тоҷикистон эмкунии духтарони 10-14-сола бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) идома дорад. Марҳилаи аввали давраи эмкунии духтарон, ки 1-уми октябр оғоз гардид, як моҳ идома мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 ОКТЯБР

Соли 1929 – Аввалин маротиба дар масири Тошканд-Душанбе-Ғарм-Хоруғ парвоз сурат гирифт, ки оғози фаъолияти хатсайри ҳавоӣ ба ВМКБ дониста мешавад.

Соли 1932 – Дар Хуҷанд калонтарин корхонаи коркарди абрешим дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2008 – Бо қарори Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе фаъолияти созмони хориҷии динии “Шоҳидони Яҳво” манъ карда шуд.

Соли 2013 – Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс” бо ордени “Шараф ва ҷасорат”-и Фонди Санкт-Петербург сарфароз гардонида шуд.

Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи сементбарории пойтахт – “Тоҷиксемент” баъд аз танаффуси даҳмоҳа оғоз бахшид. Ҳоло фаъолияти ин корхона пурра қатъ шуда, каме дуртар аз он корхонаи нави семент сохта шуд.

Соли 2023 – Сомон Турсунзода, навраси тоҷик дар мусобиқаи “Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023”, ки дар шаҳри Шанхайи Чин баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1934 – Мавлуди Абдураҳим Ҳоҷибоев, доктори илми иқтисодӣ.

Соли 1946 – Зодрӯзи Ҳусейн Аминов, духтури кӯдакон, доктори илмҳои тиб.

Соли 1963 – Зодрӯзи Хушвахт Шарифзода, сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе.

Соли  1965 – Мавлуди Исроил Файзиддинов, овозхони тоҷик.

МЕДИА (YOUTUBE)

Соли 1966 – Акашариф Ҷӯраев, овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ дар 70-солагӣ даргузашт.

Акашариф Ҷӯраев солҳои 1925-1935 мудири “Чойхонаи сурх”-и Ғарм буд ва ҳамчун ҳофизи хушсалиқа машҳур гардид. Соли 1935 ӯро ба радиои пойтахт ҳамчун ҳофиз ба кор даъват намуданд. Дар ин ҷо санъати ӯ рушд кард ва яке аз давомдиҳандаи анъанаҳои мусиқии халқии тоҷик гардид.

Ӯ ҳамчунин яке аз сарояндагони маъруфи “Шашмақом” буд. Таронаҳои “Қалъабандӣ”, “Ҷони ман”, “Анора овардам”, “Ҷӯраҷон”, “Булбулон”, “Интихоб мекунам” аз маъмултарин таронаҳои ӯ ба шумор мераванд. Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев гузошта шудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Номбурда соли 1966 аз дунё даргузашт.

Соли 1972 – Зодрӯзи Мунира Каримзода, табиб-сироятшинос, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати VII.

Соли 1992 – Мавлуди Фурӯғ Қодиров, футболбози тоҷик.

Соли 1994 – Мукаррама Камолова, ҳунарпешаи синамои тоҷик дар синни 57 даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мукаррама Камолова

Мукаррама Камолова духтари дирижёр Аъзам Камолов буда, бо иҷрои нақши Зайнаб дар филми “Ҳасани аробакаш” маъруф гардидааст.

Ӯ хатмкардаи студияи миллии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) буда, Ҳунарпешаи театри мазҳакаи мусикии ба номи А. С. Пушкини ш. Ленинобод ва ҳунарпешаи Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутӣ аст.

Беҳтарин нақшҳои офаридаи ҳунарпеша дар саҳнаи театр Любов Гордеевна дар “Камбағалӣ айб нест”, Клариче дар “Шоҳ гавазн”, Гулнор дар “Дохунда”, Гурдофарид дар “Рустам ва Суҳроб”, Садорат “Хатро ман навишта будам” аст.

Дар синамо бошад дар филми “Ҳасани аробакаш” нақши Зайнаб ва “Ситораи Улуғбек”-и “Ӯзбекфилм” нақши Нисоро иҷро кардааст.

Ӯ соли 1994 дар синни 57 даргузашт.

Соли 2020 – Мукаррама Қосимова, забоншиноси тоҷик, доктори илми филология, профессор дар синни 87 аз олам чашм баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мукаррама Қосимова

Ин донишманди тоҷик яке аз тарғибгарони омӯзиши алифбои ниёгон буда, солҳо дар ин ришта фаъолият бурдааст. Бо ибтикори ӯ, Маркази омӯзиши забонҳои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шудааст, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабиро меомӯзанд. Мукаррама Қосимова аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро ба ӯҳда дошт.

Ӯ 2-юми октябри соли 2020 дар синни 87 даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар Ҳиндустон ҷашни миллии Ганди Ҷаянти таҷлил мешавад. Ин сана ба зодрӯзи Маҳатма Ганди, роҳбари бузурги ҳаракати миллию озодихоҳии халқ, ки расман дар Ҳиндустон “Падари миллат” эълон гардидааст, бахшида шудааст. Ин рӯз яке аз се ҷашни расмии давлатӣ дар ин кишвар аст

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Маҳатма Ганди 2-юми октябри соли 1869 дар шаҳри Порбандари штати Гуҷорот ба дунё омада, солҳои 1893–1914 дар Африқои Ҷанубӣ зиндагӣ ва зидди сиёсати нажодпарастӣ мубориза бурдааст. Пас аз бозгашт ба Ҳинд (1915) ӯ раҳбари муборизаи озодихоҳӣ гардид.

Ӯ соли 1948 дар синни 79 кушта шуд.

Ҳамасола 2 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии бидуни хушунат низ таҷлил мешавад, ки ба зодрӯзи Маҳатма Ганди бахшида шуда, бо қатъномаи СММ расман муайян гардидааст. Мақсади он тарғиби муқовимати сулҳомез ҳамчун роҳи ҳал барои низоъҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

2-юми октябр ҳамчунин Рӯзи байналмилалии педагогҳои иҷтимоӣ таҷлил мешавад. Педагогикаи иҷтимоӣ як бахши илм аст, ки тарбияро дар заминаи равандҳои иҷтимоӣ меомӯзад ва таъсири муҳити иҷтимоиро ба ташаккули шахсият таҳлил мекунад.

Яке аз вазифаҳои асосии он таҳияи барномаҳо ва чорабиниҳое мебошад, ки ба рушди мутавозин ва тарбияи солими шахсият мусоидат менамоянд. Ин рӯз хотиррасон месозад, ки тарбия танҳо кори оила ва мактаб нест, балки тамоми ҷомеа ва муҳит дар ин раванд нақши муҳим доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ҷашн гирифта мешавад. Ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ он намуди ҳайвоноте мебошанд, ки инсон махсус барои гирифтани маҳсулоти гуногун – шир, гӯшт, тухм, пашм ва дигар ашёи хом парвариш мекунад.

Ин рӯз аҳамияти бузурги ин ҳайвонотро дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҷомеа ёдрас мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 2 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4+9º гарм то -1+4º, рӯзона 11+16º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард, рӯзона 8+13º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу-ғарб бо суръати 7-12м/с вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 22+24º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...