Қазоқистон гуфтааст, омода аст барқи НБО “Роғун”-ро харидорӣ кунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қазоқистон омодагии худро барои харидории барқи НБО “Роғун” баён доштааст. Ин ва дигар масъалаҳо дар мулоқоти Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо Ерлан Аккенҷенов вазири энергетикаи Қазоқистон рӯзи 2-юми октябр дар Остона баррасӣ шудааст.

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон менависад, ин дидор дар ҳошияи ҳамоиши "Kazakhstan Energy Week – 2025”, ки аз 2 то 4-уми октябр дар пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад, сурат гирифт.

“Ҷониби Қазоқистон омодагии худро барои имзои Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли неруи барқ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” иброз дошт”, – омадааст дар хабарнома.

Манбаъ гуфтааст, ки ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии низомҳои энергетикии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи Қазоқистон дар шарҳи ин вохурӣ навиштааст, ки “Созишномаи байниҳукуматӣ дар мавриди таъминоти барқ аз Нерӯгоҳи барқии “Роғун” дар асоси Меморандуми соли 2023 пешбинӣ мешавад.

“Мо ин созишномаро як воситаи мукаммали фарогир медонем, ки имкон медиҳад системаи энергетикии кишварҳо муттадил бошад ва рушди кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ мусоидат кунад" – гуфтааст Эрлан Аккенженов.

Лоиҳаи созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи барқ, аз ҷумла хариди барқи НБО “Роғун” аз сӯи Қазоқистон дар портаи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта нашр шуда буд.

Дар он гуфта мешавад, интиқоли барқ аз неругоҳи “Роғун” бо назардошти имконоти техникии кишварҳои ҳамсоя тариқи хатҳои байнидавлатии интиқоли барқ амалӣ карда мешавад.

Муҳлати амали Шартнома 20 сол, аз рӯзи эътибор пайдо намудани Шартнома буда, имкони тамдид намудан он барои 10 соли дигар мавҷуд аст.

Интиқоли барқи нақшавӣ аз неругоҳи “Роғун” танҳо дар соатҳои камбуди он дар минтақаи Шимолу Ҷануби Системаи ягонаи электроэнергетикии Қазоқистон сурат мегирад. Ҳаҷми тахминии интиқоли нақшавии барқ, ки дар шартнома зикр мешавад, барои ба миён омадани уҳдадориҳои молиявӣ ё дигар уҳдадориҳои байни фурӯшанда ва харидор асос шуда наметавонад.

Транзити энергияи барқӣ аз ҶСК "НБО Роғун" то сарҳади Қазоқистон аз ҷониби ҶСК "НБО Роғун" таъмин карда мешавад.

Арзиши барқи нақшавӣ аз ҶСК "НБО Роғун" ба андозаи 0,034 доллар (3,4 сент) барои 1 кВт/соат (бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда, ки бо меъёри сифр "0%" пардохт мешавад) нисбат ба маблағи ҳаҷмҳои мутобиқи ҷадвалҳои ҳаррӯзаи тасдиқшудаи интиқоли энергияи барқ муайян карда мешавад.

Индексатсияи арзиши энергияи барқӣ аз ҶСК "НБО Роғун" дар асоси индекси нархҳои истеҳсолкунандагони ИМА, ки аз ҷониби Вазорати меҳнати ИМА, Дафтари омори ИМА нашр мешавад, соле як маротиба оғоз аз соли дуюми таҳвили энергияи барқи нақшавӣ амалӣ карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки мавҷуд будани созишнома дар бораи интиқоли барқ ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон яке аз шартҳои сармоягузории хориҷӣ ба лоиҳаи неругоҳи “Роғун” мебошад.

Ҳоло Тоҷикистон дар фасли тобистон ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори муқарраршудаи 3780 МВт бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Дар назар аст, ки пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳ, ҳаҷми солонаи истеҳсоли барқ дар он аз 14,4 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад.

Пештар раисиҷумҳури кишвар гуфт, ки агрегати навбатии “Роғун” соли 2025 ба истифода дода мешавад. Ду агрегати аввалини неругоҳ, ки дар ҳоли ҳозир бо иқтидори кам фаъолият мекунанд, дар солҳои 2018 ва 2019 ба истифода дода шуда буданд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини ин нерӯгоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ соли 2035 пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...