Се корхонаи низоми алоқаи Тоҷикистон муттаҳид карда мешаванд

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки якчанд корхонаи низоми Хадамоти алоқа ба як корхона – Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷикистон” муттаҳид карда шаванд. Он ба воситаи муттаҳидшавии КВД «Почтаи Тоҷик», КВД «Алоқаи махсус» ва КВД «Маркази марка» таъсис дода мешавад. Мувофиқи қарори ҳукумати ҶТ, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст, ҳамчуин як […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки якчанд корхонаи низоми Хадамоти алоқа ба як корхона – Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷикистон” муттаҳид карда шаванд. Он ба воситаи муттаҳидшавии КВД «Почтаи Тоҷик», КВД «Алоқаи махсус» ва КВД «Маркази марка» таъсис дода мешавад.

Мувофиқи қарори ҳукумати ҶТ, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст, ҳамчуин як қатор муассисаҳои низоми Хадамоти алоқа табдили ном мекунанд.

Аз ҷумла, номи Муассисаи давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба Муассисаи давлатии «Маркази рушди рақамӣ ва алоқаи моҳвораӣ» иваз карда мешавад. Муассисаи редаксияи газетаи «Ҳафтаномаи Алоқа» Муассисаи давлатии «Маҷаллаи Алоқа» номгузорӣ мешавад.

Ғайр аз ин, мувофиқи қарори мазкур, Корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии иншооти алоқа» таъсис дода мешавад.

Ба Хадамоти алоқа супориш дода шудааст, ки бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаҳо ва корхонаҳои тозатаъсис ва номашон ивазшударо ҳал намояд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба ворид намудани тағйироти дахлдор дар маълумоти баҳисобгирӣ уҳдадор шудааст.

КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” соли 2011 ба сифати воҳиди Хадамоти алоқа ба қайд гирифта шуд. Он ба КВД “Хоҷагиии манзилию коммуналӣ”, ки ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ хадамаоти марбута пешниҳод мекунад, ҳеҷ муносибате надорад.

Корхонаи мазкур мебоист танҳо ба воҳидҳои дохили низоми Хадамоти алоқа хидматрасонӣ кунад. Аммо он танҳо дар коғаз (аз лиҳози ҳуқуқӣ) вуҷуд дошта, амалан ҳеҷ фаъолияте надошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.