Вазорати маориф гуфт, дар рӯзҳои баргузории ҳамоиши ИДМ дарсҳо дар мактабу донишгоҳҳо қатъ намешавад

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди боздоштани дарсҳо дар мактаб ва донишгоҳҳо, инчунин қатъи фаъолияти кӯдакистонҳо дар пайи баргузории нишасти сарони ИДМ дар шаҳри Душанберо рад карданд. Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар ин рӯзҳо (8-10 октябр) ҳамаи кӯдакистон, мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар пойтахт тибқи ҷадвали муқарраршуда фаъолият мекунанд. “Ягон муассисаи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди боздоштани дарсҳо дар мактаб ва донишгоҳҳо, инчунин қатъи фаъолияти кӯдакистонҳо дар пайи баргузории нишасти сарони ИДМ дар шаҳри Душанберо рад карданд.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар ин рӯзҳо (8-10 октябр) ҳамаи кӯдакистон, мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар пойтахт тибқи ҷадвали муқарраршуда фаъолият мекунанд.

“Ягон муассисаи таълимӣ ва ягон зинаи таҳсилот дарсҳоро қатъ накардааст”, — гуфтанд аз вазорат.

Ҳамчунин, аз вазорат гуфтанд, ки дар робита ба боздоштани раванди таълим дар рӯзҳои 8–10 октябр ягон фармон ё дастур қабул нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гуфт, аз 8 то 12-уми октябр бархе роҳҳо, аз ҷумла роҳҳои ташрифотӣ дар пойтахт баста мешавад. Вале аз Вазорати маориф гуфтанд, баста шудани роҳҳо ба раванди таълим таъсир намерасонад, чунки “муассисаҳои таълимӣ асосан дар наздикии минтақаҳои истиқоматӣ ҷойгиранд”.

“Аксари мактабҳо ва кӯдакистонҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин ҷойгиранд, бинобар ин маҳдудшавии роҳҳои протоколӣ ба ҳузури хонандагон ба дарс таъсир намерасонад — онҳо метавонанд бе мушкил ба дарсҳо бирасанд”,- илова карданд аз вазорат.

Аз ин ниҳод гуфтанд, донишҷӯёне, ки аз роҳҳои протоколӣ мегузаранд, дер мондани онҳо ба назар гирифта мешавад ва омӯзгорон ин ҳолатро ба инобат мегиранд.

“Агар донишҷӯён бинобар маҳдудшавии ҳаракати роҳҳо натавонанд сари вақт ба дарс бирасанд, мутмаин ҳастем, ки муассисаҳои таълимӣ ин ҳолатро ба назар хоҳанд гирифт”, — таъкид карданд аз вазорат.

Аз Вазорати маориф ва илм гуфтанд, дар маҷмӯъ, дар ин рӯзҳо (8-10 октябр) раванди дарсҳо дар пойтахт тибқи тартиби муқаррарӣ идома меёбад.

 

Роҳҳо, бозорҳо ва масҷидҳо баста мешаванд

Ёдрас мекунем, ки 10-уми октябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои ИДМ доир мегардад. Ҳамчунин, дар ҳошияи ин нишаст, дар Душанбе вохӯрии сарони кишварҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Русия” низ баргузор мешавад. 

Пеш аз нишаст рӯзи 9-уми октябр президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.

Дар пайи баргузории ин чорабинҳои сатҳи байналмилалӣ, аз 8 то 12 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон маҳдуд мешавад.

“Аз ин рӯ, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ, аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода намоянд. Ҳамзамон, аз таваққуфи воситаи нақлиёт дар кӯчаҳои протоколӣ худдорӣ намоянд”, – омадааст дар хабари ин Раёсат.

Вақти маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рӯйхати мушаххаси кӯчаву хиёбонҳо зикр нашудааст.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Раёсати мазкур хабар доданд, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотӣ маҳдуд мешавад, лекин вақти дақиқи он маълум нест.

Дар пайи баргузории чорабиниҳо, 11 бозору маркази савдои калон дар  Душанбе се рӯз – 8, 9, 10-уми октябр баста мешаванд.

Ҳамчунин, чанде аз масҷидҳои калонтарин шаҳри Душанбе давоми 6 рӯз баста мешаванд. Аз ҷумла, ба гуфтаи мақомот, аз 7 то 12-уми октябр намозҳои  ҷамоат дар масҷидҳои “Мавлоно Яъқуби Чархӣ”, “Сари Осиё”, “Абӯ Ҳанифа” (масҷиди нав), “Ҳоҷӣ Исматулло” баргузор намегарданд.

Аз 8 то 12-уми октябр масҷиди ба номи “Эмом-ал-Бухорӣ” ҳам баста хоҳад буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.