Рӯзҳои 8-10-уми октябр дар Душанбе кадом чорабиниҳо баргузор мегарданд?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рӯзҳои 8-10-уми октябр шаҳри Душанбе мизбони чанд чорабинии байналмилалӣ мегардад, ки дар он роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок мекунанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) гуфт, ки киҳо ба Душанбе меоянд ва кадом рӯзҳо чӣ чорабиниҳо баргузор мешавад.

 

Сафари давлатии раисҷумҳури Русия (8-9 октябр)

Ба иттилои манбаъ, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзҳои 8-9-уми октябр бо сафари расмии давлатӣ ба Тоҷикистон меояд ва чун нишони эҳтиром дар назди муҷассамаи бунёдгузори давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, сарварони кишварҳои Тоҷикистону Русия “як ба як” мулоқот мекунанд. Инчунин, музокироти ду ҷониб бо иштироки ҳайатҳо доир мегарданд.

Дар ин ду дидор, ба гуфтаи ВКХ Тоҷикистон, масъалаҳои стратегии ҳамкории дуҷониба муҳокима мешаванд ва имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ пешбинӣ шудааст.

Дар анҷоми вохӯриҳо нишасти матбуотии муштараки роҳбарони ду кишвар баргузор мешавад.

 

Саммити “Осиёи Марказӣ – Русия” (​​​​​​​9 октябр)

Рӯзи 9-уми октябр Саммити дуюми “Осиёи Марказӣ – Русия” доир мешавад, ки дар он раисҷумҳурони кишварҳои зерин ширкат мекунанд:

– Эмомалӣ Раҳмон – раисҷумҳури Тоҷикистон;

– Шавкат Мирзиёев – раисҷумҳури Ӯзбекистон;

– Қосимҷомарт Тоқаев – раисҷумҳури Қазоқистон;

– Содир Жапаров – раисҷумҳури Қирғизистон;

– Сардор Бердимуҳаммадов – раисҷумҳури Туркманистон;

– Владимир Путин – раисҷумҳури Русия.

Ба гуфтаи манбаъ, ин саммит майдони муҳими гуфтугӯ байни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия мебошад, ки дар он масоили ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ баррасӣ карда мешаванд.

ВКХ Тоҷикистон менависад, дар ин ҳамоиш таваҷҷуҳи махсус ба ҳамоҳангсозии амалиётҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ дода мешавад.

Аз натиҷаи саммит баёнияи муштарак ва нақшаи амалиёти муштарак қабул карда мешаванд.

 

Саммити роҳбарони давлатҳои ИДМ (10 октябр)​​​​​​​

Рӯзи 10-уми октябр бошад, ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар Қасри миллат таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Саммити роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ роҳбарони зерин иштирок мекунанд:

– Эмомалӣ Раҳмон – раисҷумҳури Тоҷикистон;

– Владимир Путин – раисҷумҳури Русия;

– Илҳом Алиев – раисҷумҳури Озарбойҷон;

– Никол Пашинян – сарвазири Арманистон;

– Александр Лукашенко – раисҷумҳури Беларус;

– Шавкат Мирзиёев – раисҷумҳури Ӯзбекистон;

– Қосимҷомарт Тоқаев – раисҷумҳури Қазоқистон;

– Содир Жапаров – раисҷумҳури Қирғизистон;

– Сардор Бердимуҳаммадов – раисҷумҳури Туркманистон.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, густариши гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди алоқаҳои гуманитарию фарҳангӣ дар доираи ИДМ муҳокима карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми ҳамоиш санадҳои муҳим имзо мешаванд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба ва мутақобилан судманд равона карда шудаанд.

 

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии ИДМ (9 октябр)​​​​​​​

Ҳамчунин, ба иттилои ВКХ, рӯзи 9-уми октябр таҳти раёсати Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ баргузор мегардад.

Дар ин ҷаласа роҳбарони дипломатияи кишварҳои узв масъалаҳои тақвияти ҳамкории бисёрҷониба дар доираи ИДМ, рӯзномаи Саммити роҳбарони давлатҳо ва масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавиро омода мекунанд.

Таъкид мешавад, ки дар ин ҷаласа масъалаҳои таъмини амният, рушди устувор ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

 

Тадбирҳои амниятӣ ва маҳдудиятҳо дар Душанбе​​​​​​​

Ба хотири баргузории ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои узви ИДМ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тадобири шадиди амниятиро рӯи даст гирифтааст.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми октябр аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кард, ки рӯзҳои 8-12 октябр бе зарурат ба пойтахт сафар накунанд ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҷои нақлиёти шахсӣ истифода намоянд.

Дар ин рӯзҳо чандин маркази савдо ва бозорҳо муваққатан фаъолияташонро қатъ мекунанд. Аз ҷумла, бозорҳои “Корвон”, “Кӯшониён”, “Меҳргон” ва марказҳои савдои “Панҷшер”, “Ганҷина” ва “Садбарг” аз 7 то 12 октябр баста мемонанд.

Ҳамчунин, дар пайи баргузории нишасти сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Тоҷикистон, чанде аз масҷидҳои шаҳри Душанбе давоми 6 рӯз баста мешаванд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи полиси Душанбе, аз 7 то 12-уми октябр намозҳои  ҷамоат дар масҷидҳои “Мавлоно Яъқуби Чархӣ” (масҷиди марказӣ), “Абӯ Ҳанифа” (масҷиди калонтарин), “Сари Осиё” ва “Ҳоҷӣ Исматулло” баргузор намегарданд. Инчунин, аз 8 то 12-уми октябр масҷиди ба номи “Эмом-ал-Бухорӣ” баста хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи эълони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар рӯзҳои баргузории ҳамоиш дарс дар мактабу донишгоҳҳо ва таълим дар кӯдакистонҳо қатъ намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.