Дар Душанбе 20 кӯдакистон ба барномаи “Kudak.tj” пайваст шудаанд

Ҳамаи ин кӯдакистонҳо бо фарогирии 5560 кӯдак бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе  барномаи иттилоотии "Kudak.tj" пайваст шуданд. Ин барнома барои осон кардани қабули кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ таҳия шудааст. Зафар Муродзода, директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба хабаргузории "Ховар" гуфтааст, ки тариқи ин барнома волидайн метавонанд кӯдакистонро интихоб намуда, ариза диҳанд ва дар рӯйхати электрони навбат […]

Asia-Plus

Ҳамаи ин кӯдакистонҳо бо фарогирии 5560 кӯдак бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе  барномаи иттилоотии "Kudak.tj" пайваст шуданд. Ин барнома барои осон кардани қабули кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ таҳия шудааст.

Зафар Муродзода, директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба хабаргузории "Ховар" гуфтааст, ки тариқи ин барнома волидайн метавонанд кӯдакистонро интихоб намуда, ариза диҳанд ва дар рӯйхати электрони навбат гиранд.

Ӯ зикр кардааст, ки "Kudak.tj" "барои ташкили омори ягона, равиши нав ва самараноки соддагардонии раванди бақайдгирии кӯдакон, осон кардани кори мураббиён ва рушди иртиботи волидайн бо муассисаи томактабӣ нақши назаррас дошта, муассисаҳои таълимии томактабиро вориди марҳилаи нав – муҳити рақамӣ месозад".

Бо сабт дар барнома волидайн метавонанд дар бораи ҷойҳои холӣ дар муассисаҳо ва гурӯҳҳои синнусолӣ маълумот дарёфт намуда, фаъолияти кӯдакро пайгирӣ ва аз китобҳои электронӣ ва садоӣ истифода баранд. Дар сомона ҳамчунин муҳтавои гуногуни фароғатӣ ва маърифатӣ нашр мешавад.

Дар сомонаи "Kudak.tj" зикр мегардад, ки барнома барои муассисаҳои томактабӣ бо мақсади рақамисозии соҳа, худкор гардонидани ҷараёнҳо дар бахши таълими томактабӣ ва тавсеъаи фарогирии кӯдакон аз ҷониби онҳо таҳия шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.