Ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ се рӯз маҳдуд мешавад

Дар пайи баргузории ҳамоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон, дастикам 4 рӯз роҳҳои моҳингарди шимол ва ҷануби кишвар ба самти Душанбе маҳдуд мешавад. Ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини роҳи шимоли кишвар, хабар дод, ки аз 8 то 10-уми октябр ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе – Чаноқ маҳдуд карда мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, роҳи мазкур “дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар пайи баргузории ҳамоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон, дастикам 4 рӯз роҳҳои моҳингарди шимол ва ҷануби кишвар ба самти Душанбе маҳдуд мешавад.

Ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини роҳи шимоли кишвар, хабар дод, ки аз 8 то 10-уми октябр ҳаракати мошинҳо дар роҳи Душанбе – Чаноқ маҳдуд карда мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, роҳи мазкур “дар ин рӯзҳо дар маҷмӯъ кушода буда, вобаста ба зарурат, ҳаракати тамоми намуди мошинҳо муваққатан боздошта мешавад”.

Дар робита ба ин, ширкати “IRS” аз ронандагон хостааст, ки  ин ҳолатро ба назар гирифта, реҷаи сафарро ба он мутобиқ созанд.

Ҳамзамон, полиси Хатлон аз сокинони ин вилоят хостааст, аз 8 то 12-уми октябр (рӯзҳои баргузории ҳамоиши ИДМ) бе зарурати ҷиддӣ бо мошинҳои шахсӣ ва давлатӣ ба Душанбе сафар накунанд.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки дар сурати бе зарурат сафар кардани сокинони Хатлон ба Душанбе мошини онҳо аз дидбонгоҳҳои доимоамалкунандаи БДА бозпас гардонида мешаванд.

Аз ин пештар пулиси Душанбе ҳам хабар дода буд, ки аз 8 то 12-уми октябр роҳҳои маркази шаҳр, аз ҷумла роҳи ташрифотӣ баста мешавад.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои 8-10-уми октябр шаҳри Душанбе мизбони чанд чорабинии байналмилалӣ мегардад, ки дар он роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), дар маҷмуъ қариб 10 роҳбари давлат иштирок мекунанд.

Дар остонаи баргузории ин ҳамоишҳо байналмилалӣ, чораҳои амниятӣ дар пойтахтии кишвар сахт шуда, бархе роҳҳои ташрифотӣмасҷидҳо ва бозору марказҳои калони савдо дар шаҳри Душанбе давоми 3 то 6 рӯз баста мешаванд.

Рӯзҳои 8-10-уми октябр дар Душанбе кадом чорабиниҳо баргузор мегарданд? Дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.