Аз 8 то 12 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар Душанбе маҳдуд мешавад

Аз 8 то 12 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода, навиштааст, ки дар ин рӯзҳо дар пойтахт баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ ва ташрифи меҳмонон аз хориҷи кишвар дар назар аст. Гуфта мешавад, дар ин робита ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайри рафтуомади меҳмонон […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз 8 то 12 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода, навиштааст, ки дар ин рӯзҳо дар пойтахт баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ ва ташрифи меҳмонон аз хориҷи кишвар дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар ин робита ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайри рафтуомади меҳмонон маҳдуд мегарданд.

“Аз ин рӯ, аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ, аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода намоянд. Ҳамзамон, аз таваққуфи воситаи нақлиёт дар кӯчаҳои протоколӣ худдорӣ намоянд”, – омадааст дар хабари ин Раёсат.

Вақти маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рӯйхати мушаххаси кӯчаву хиёбонҳо зикр нашудааст.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Раёсати мазкур хабар доданд, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ташрифотӣ маҳдуд мешавад, лекин вақти дақиқи он маълум нест.

 

Нишасти ИДМ, вохӯрии "Осиёи Марказӣ – Русия" ва сафари Путин

Ёдрас мекунем, ки 10-уми октябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои ИДМ доир мегардад. Ҳамчунин, дар ҳошияи ин нишаст, дар Душанбе вохӯрии сарони кишварҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Русия” низ баргузор мешавад. 

Пеш аз нишаст рӯзи 9-уми октябр президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи охири сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 8-уми октябри соли 2024 дар Маскав таҳти раёсати Русия доир гардид. Аз 1-уми январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба дӯши Тоҷикистон вогузор гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.