ҲАМОС ба раҳоии гаравгонҳо оғоз кард. Исроил тасдиқ кард, ки 7 гаравгонро бозпас гирифтааст

Asia-Plus

Артиш ва Вазорати корҳои хориҷии Исроил чанд лаҳза пеш хабар доданд, ки ҲАМОС ҳафт гаравгонро аз тариқи Салиби сурх ба ин кишвар додааст.

Вазорати корҳои хориҷии Исроил номи гаравгонҳои озодшударо низ нашр кардааст:

1. Эйтан Мор

2. Гали Берман

3. Зев Берман

4. Умри Мирон

5. Алон Оҳел

6. Гай Гилбоа-Далал

7. Матан Энгрест

Ҳамчунин, ин ниҳод акси гаравгонҳои раҳошударо низ нашр кардааст.

BBC бо такя ба телевизиони “Ал-Ҷазира” менависад, ки соати 10:00 бо вақти маҳаллӣ гурӯҳи навбатии гаравгонҳо раҳо хоҳанд шуд.

Пештар аз ин ҲАМОС номи 20 гаравгонро, ки бояд озод шаванд, нашр карда буд. Дар ин рӯйхат илова ба ин 7 нафари озодшуда, ҳамчунин номҳои Бар Куперштейн, Эвятар Давид, Йосеф-Хаим Оҳана, Сегев Калфон, Авинатан Ор, Элкана Бохбот, Максим Херкин, Нимрод Коэн, Матан Зангаукер, Давид Кунио, Эйтан Хорн, Ром Браслабски, Ариэл Конио зикр шудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки озодии асирон дар пайи тарҳи сулҳи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико иттифоқ афтод.

Тибқи ин тарҳ, ҲАМОС ҳама асиронро озод мекунад ва ҷасади асирони кушташударо низ ба Исроил месупорад. Бар ивази ин, Исроил 250 зиндонии фаластинӣ, ки маҳкум ба ҳабси абад ҳастанд, ҳамроҳ бо 1 ҳазору 700 зиндоние, ки пас аз 7-уми октябр Исроил онҳоро аз Ғазза боздошт кардааст, озод мекунад.

Ҳамчунин, расонаҳо навиштаанд, ки вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза, ки ҷузъе аз марҳилаи аввали оташбас дар ин минтақа аст, аз рӯзи якшанбе оғоз шудааст. Ҳар рӯз бояд 600 мошини борбар ба Ғазза ёрии башарӣ расонанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳазорон фаластинӣ, ки ба шимоли Ғазза баргаштаанд, аз вайронии густурдаи хонаҳои худ хабар додаанд. Наҷотдиҳандагон ҳушдор додаанд, ки дар манотиқи маскунӣ мумкин аст бомбаҳо ва муҳимоти ҷангии нотаркида вуҷуд дошта бошад.

Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки ҲАМОС ҳудуди 7 ҳазор нирӯҳои амниятии худро барои таҳти назорат гирифтани манотиқи тарккардаи артиши Исроил даъват кардааст. Ин дар ҳолест, ки Исроил гуфтааст, яке аз шартҳои қатъи ҷанг ин аст, ки ҲАМОС дар назорати Ғазза мудохила накунад.

Оташбас дар Навори Ғазза пас аз он ба иҷро даромад, ки кобинаи давлати Исроил рӯзи 9-уми октябр марҳилаи аввали тавофуқи сулҳи пешниҳодкардаи Амрикоро, ки шомили ивази асирон, ақибнишинии Исроил ва ворид шудани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза аст, тасвиб кард.

 

Музокироти ғайримустақим миёни Исроил ва ҲАМОС бо миёнҷигарии Қатар ва Миср бар сари тарҳи сулҳи 20-бандии пешниҳодкардаи Амрико аз рӯзи 6-уми октябр дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Мирс оғоз шуд. Баъдан намояндаҳои Амрико ва Туркия ба он ҳамроҳ шуданд.

Ба гузориши ББС, дар назар аст марҳилаи дуввуми ин тарҳи сулҳ имрӯз дар шаҳри Шарм-уш-шайхи Миср, ки мизбони ҳамоиш барои сулҳ дар Ғазза аст, муаррифӣ шавад.

Бино ба маълумоти то ин лаҳза нашршуда, марҳилаи дуюми ин тарҳ як силсила тадбирҳо барои бозсозии Ғазза, кафолати амнияти Исроил ва фиристодани як ҳайати байналмилалӣ барои назорат бар иҷрои оташбасро дар бар мегирад.

Аммо бисёре аз ҷузъиёти марҳилаҳои баъдии тарҳи сулҳи Ғазза, аз ҷумла навъи ҳокимият дар он, мизони хуруҷи Исроил аз ин хати танги соҳилӣ ва халъи силоҳи ҲАМОС, баҳсбарангез боқӣ мемонад.

 

Бояд гуфт, низоъи ахир дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни гурӯҳи ҲАМОС ба Исроил оғоз шуд. Дар ҳамлаи ҲАМОС ба Исроил 1200 нафар кушта шуданд ва 250 кас гаравгон афтоданд. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва наворро бомбборон кард.

Дар пайи ҳамлаи Исроил ба Ғазза, то кунун беш аз 67 ҳазор сокини ин минтақа кушта шудаанд, ки бештари онҳо занону кӯдакон мебошанд. Куштори сокинони осоишта ва махсусан занону кӯдакон, ҳуҷум ба марказҳои имдодрасонӣ ва тиббӣ, масоҷиду макотиб ва дар муҳосираи комил нигоҳ доштани сокинони навори Ғазза аз сӯйи Исроил борҳо мавриди интиқоти ҷомеаи балналмилал қарор гирифтааст, аммо ҳукумати Нетаняҳу ин ҳамаро нодида гирифтааст.

Дар ин миён бо миёнравии Қатару Миср чанд маротиба миёни Исроил ва ҲАМОС барои чанд муддат оташбас эълон шуд ва чанде аз асирон раҳо ва ҷасади чанд нафар баргардонида шуданд. Аммо дар ниҳоят ҳеҷ як оташбас пойдор намонд ва ҷанг идома кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...