Чаро яхи Помирро ба Аврупо фиристоданд?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои об, ки рӯзи 13-уми октябр дар Душанбе  баргузор шуд, як пора ё худ намуна ях аз пиряхи Помири Тоҷикистон ба Бунёди "Ice Memory Foundation" барои ҳифзи минбаъда супурда шуд.

Дар ин ҳамоиш, Томас Сакс ва Эван Майлз, муҳаққиқони швейтсарӣ натиҷаҳои экспедитсияи худро, ки дар Помир гузаронида шуд, муаррифӣ карданд. 

Ин пора, ки маълумотро дар бораи иқлими минтақа дар тӯли ҳазорсолаҳо дар бар мегирад, як воситаи муҳим барои омӯзиши таъсири тағйирот дар криосфера ба иқлим ва низомҳои экологии Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

"Омӯзиши пиряхҳо ва маълумоти онҳо барои дарки глобалии тағйироти иқлимӣ ниҳоят муҳим аст. Мо ният дорем, ки ин намунаҳоро дар озмоишгоҳҳои махсуси муҷаҳҳаз барои таҳлили муфассал нигоҳ дорем", – гуфт Томас Стокер, яке аз муҳақиқони швейтсарӣ, ки таҳти роҳбарии ӯ ин пора ях супорида шуд.

Олимон ба андозагирии ҳаҷми ях дар Помир таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаанд. Нисбат ба усули анъанавии ченкунии дарозии пиряхҳо, муҳаққиқон тавонистанд ҳаҷми яхро низ муайян кунанд, ки ба ҳосил шудани тасаввури нисбатан комил дар бораи вазъи криосфераи минтақа имкон медиҳад.

 

Олимон дар Помир чӣ гуна пиряхҳоро андозагирӣ карданд?

Барои иҷрои ин кор, олимон маҷбур шуданд аз чархболҳо истифода баранд, зеро бисёре аз пиряхҳо дар баландии беш аз 5000 метр ҷойгир шудаанд.

Дар ҷараёни экспедитсия, 8 пирях чен карда шуд, ки ба таҳияи харитаи дақиқ ва фаҳмидани чӣ гуна тағйир ёфтани онҳо дар шароити гармшавии сартосарӣ (глобалӣ) имкон медиҳад.

"Мо на танҳо дарозии пиряхҳо, балки ҳаҷми онҳоро низ чен кардем. Ин барои дақиқтар муайян кардани чӣ қадар дар минтақа боқӣ мондаи ях имкон медиҳад", – таъкид кард Эван Майлз.

 

Амиқии пиряхҳо ба дарки иқлими гузашта ва оянда кӯмак мерасонад

Яке аз марҳилаҳои муҳими кор, чен кардани ҳарорати дохили пиряхҳост, ки барои дарки ҷараёни ҳарорат (термодинамика)-и ях ва таъсири он ба иқлим муҳим аст. Таҳқиқот дар ин соҳа ба олимон имкон медиҳад, ки таъсири тағйири ҳароратро ба сохтор ва рафтори ях дақиқтар пешгӯӣ кунанд.

Муҳимтарин марҳилаи кор, парма кардан ба чуқурии беш аз 100 метр буд, ки ҷиҳати гирифтани пораи яхи беш аз 1000 сола имкон дод. Ин намуна дар озмоишгоҳҳо мавриди таҳлил қарор гирифта, олимон умедворанд, ки дар бораи иқлими гузашта маълумоти нодир ба даст меоранд ва он барои пешгӯии тағйироти оянда кумак мекунад.

 

Миёни барфу сармо

Муҳаққиқон нақл мекунанд, ки кор дар чунин шароити шадиди табиӣ хеле душвор буд. Ҳарорат то ба 15 дараҷа сардӣ расида, мавзеи баланди кӯҳистон омодагии махсусро талаб мекард.

"Ҳавои сард, душвориҳои логистикӣ, ҳамаи ин воқеан санҷиши ҷиддӣ буданд. Бо вуҷуди ин, ба туфайли тифоқии даста ва ҳамкории байналмилалӣ мо тавонистем ҳамаи монеаҳоро паси сар кунем", – иброз дошт Томас Сакс.

Расонидани таҷҳизот ва лавозимот ба баландии беш аз 5000 метр барои гурӯҳ як санҷиши ҷиддӣ буд. Аммо мушкилоти асосӣ, интиқоли ях аз қуллаҳои Помир ба Душанбе гардид.

Бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо, олимон мутмаинанд, ки маълумоти дарёфтшуда барои дарки тағйироти иқлим дар Осиёи Марказӣ ниҳоят муфид хоҳад буд.

 

Идомаи таҳқиқот дар Помир. Минбаъд чӣ мешавад?

Экспедитсия идома ёфта, соли 2026 ба анҷом мерасад. Оянда олимон ният доранд, ки корҳои пармакунии иловагӣ гузаронида, маълумоти нави илмӣ ҷамъ оваранд, то амиқтар дарк намоянд, ки тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Помир ва ба таври умум ба Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир мерасонад.

"Мо дар ин минтақа ду соли дигар фаъолият хоҳем кард. Ин ба мо имконият медиҳад, ки маълумоти бештар ҷамъ карда, фаҳмем, ки тағйироти иқлим ба низомҳои экологии минтақа чӣ гуна таъсир мерасонад", — зикр кард Томас Сакс.

 

Аҳамияти эскпедитсия барои Осиёи Марказӣ

Барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар онҳо пиряхҳо дар таъмин намудани захираҳои об нақши калидӣ доранд, ин таҳқиқот аҳамияти хосса дорад.

Пиряхҳои Помир манбаи оби тозаи чандин кишвари минтақа мебошанд ва таназзули онҳо метавонад ба таъминоти об таъсир расонида, ба фоҷеаҳои экологӣ боис гардад.

Маълумоти мазкур ба таҳияи стратегияҳои мутобиқат ба тағйирёбии иқлим, инчунин бунёди низомҳои огоҳкунии барвақтӣ дар бораи офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ ва рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, мусоидат мекунад.

Ин таҳқиқот на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа муҳиманд, зеро онҳо барои фаҳмидани чӣ гуна тағйир ёфтани иқлим дар мавзеъҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ кумак мекунанд.

 

Ин чорабинӣ аз ҷониби "Маркази омӯзиши пиряхҳо"-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре Назриаъло Шерализода, директори марказ гуфт, криосфера дар таъмини захираҳои обии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон нақши ниҳоят муҳим дорад.

"Пиряхҳо манбаи асосии оби тоза (нӯшокӣ) барои кишварҳои зиёди минтақа, бахусус дар фасли тобистон мебошанд. Аммо бо тағйир ёфтани иқлим, пиряхҳо на танҳо манбаи об, балки манбаи имконпазири офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, сел ва рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ низ мешаванд.

Тағйироти ҷаҳонии иқлим аллакай дар минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ба дигаргуниҳои назаррас оварда расонидаанд ва Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест. Пиряхҳои минтақа, бахусус дар баландкӯҳҳои Помир, ба таназзули ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудаанд, ки ин ба таъминоти об мустақиман таъсир расонида, хавфи офатҳои табииро зиёд мекунад", — таъкид кард Назриаъло Шерализода.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...