Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” шарики иттилоотии конфронси байналмилалӣ дар робита ба зеҳни сунъӣ

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" шарики расмии иттилоотии Конфронси байналмилалӣ дар робита ба зеҳни сунъӣи (AI Conf 2025) аст, ки рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ҳамкории "Азия-Плюс" бо "AI Conf 2025" яке аз қисматҳои стратегияи гурӯҳи расонаҳо дар самти дастгирии лоиҳаҳои нав мебошад, ки ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат мекунанд.

Тайи беш аз 20 соли фаъолият "Азия-Плюс" ба яке аз майдонҳои пешрафтаи расонаҳои мустақили Тоҷикистон табдил ёфта, масоили марбут ба тиҷорат, технологияҳо ва тағйирот дар ҳаёти ҷомеаро инъикос мекунад.

Умед Бобохонов, муассиси "Азия-Плюс" зикр кард, ки шарикӣ бо "AI Conf 2025" барои кишвар аҳамияти хосса дорад.

"Имрӯз бидуни ҷорисозии технологияҳо, рушди тиҷорат дар ҳеҷ як соҳа, хоҳ сайёҳиву расона, хидматрасонӣ ва ё соҳаи дигар ғайриимкон аст. Истифодаи фаъолонаи зеҳни сунъӣ дар равандҳои тиҷорат тамоюли асосии технологии солҳои ахир шудааст.

 "Азия-Плюс" муҳим будан ин тағйиротро дарк мекунад, аз ин рӯ мо натанҳо зеҳни сунъиро дар корамон ҷорӣ месозем, балки рушди онро мунтазам дар матбалҳои худ инъикос мекунем. Иштироки мо дар "AI Conf 2025" иқдоми мантиқӣ ва огоҳона дар доираи ин стратегия маҳсуб меёбад. Мо мутмаинем, ки форум ба рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ва ба сурати умум дар минтақа такони ҷиддӣ мебахшад", – афзуд ӯ.   

 

"AI Conf 2025" – бори нахуст дар Душанбе

Конфронси "AI Conf 2025" аз ҷониби Шӯро оид ба зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамдастӣ бо "zypl.ai" ва "Area AI" ва ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Форум намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT), марказҳои таҳқиқотӣ ва сармоягузоронро гирдиҳам меорад.

Чорабинӣ барои баррасии ояндаи зеҳни сунъӣ ва нақши Осиёи Марказӣ дар рӯзномаи ҷаҳонии рақамӣ майдони муҳим хоҳад шуд.

Миёни лоиҳаҳое, ки дар конфронс муаррифӣ мешаванд, метавон аз "SoroLLM", модели забонӣ, ки бо забони тоҷикӣ кор мекунад ва додаҳо (дата)- кластер, ки аз энергияи таҷдидшаванда истифода мебарад, ном бурд.

Шарикии "Азия-Плюс" бо "AI Conf 2025" майлу нияти гурӯҳи расонаҳоро баҳри дастгирии ташаббусҳое, ки ба рушди донишу технологияҳо ва муколамаи кушоду ошкоро дар оняда нигаронида шудаанд, таъкид мекунад.

Билетҳо барои иштирок дар конфронс дар сомонаҳои aiconf2025.com ва ticketon.tj дастрасанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...