Зани ҷангалбон аз Тоҷикистон ҷоизаи байналмилалии “IUCN”-ро соҳиб шуд

Asia-Plus

Сафарбӣ Давлатова, нозири ҳифзи ҷангали мамнуъгоҳи "Даштиҷум"-и Тоҷикистон бо ҷоизаи маъруфи байналмилалии "International Ranger Award 2025" қадрдонӣ шуд. Ин ҷоиза дар доираи Конгресси ҷаҳонии ҳифзи табита дар Абу-Забӣ ба ин зани тоҷик тақдим гардид.

Созмони "International Union for Conservation of Nature" (IUCN) ва Комиссияи ҷаҳонии он оид ба қаламравҳои ҳифзшаванда (WCPA) ҳамасола ҷангалбононро аз саросари дунё барои ҷасорат, садоқат ба кор ва саҳмашон дар ҳифзи табиат бо ҷоизаҳо сарфароз мегардонанд.

Соли равон, 13 нафар ва 13 даста, аз ҷумла Украина, Мадагаскар, Лубнон ва Тоҷикистон ҷоиза гирифтанд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки рӯзи 11-уми октябр дар Абу-Забӣ баргузор шуд, сарони кишварҳо, олимон ва намояндагони созмонҳои ҳифзи табиат ширкат варзиданд.

“Ҷоизаи байналмилалии ҷангалбонон барои соли 2025 далерӣ, фидокорӣ ва садоқати доимӣ ба кори онҳоро дар саросари ҷаҳон таъкид месозад. Ин афрод ва гурӯҳҳо нигаҳбонҳои низомҳои экологии аз ҳама арзишманди сайёраи мо мебошанд.

Кори онҳо аз ғамхорӣ нисбат ба навъҳои зери хатари нобудшавӣ то ҳифзи манзараҳои нозук миёни таҳдидҳо ва мушкилиҳо илҳомбахш буда, ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳифзи табиат вазифаи умумӣ ва масъулияти дастаҷамъӣ аст.

IUCN ҳамаи ҷангалбонҳои ҷаҳонро дастгирӣ намуда, дастовардҳои барҷастаи онҳоро ҷашн мегирад ва садоқати дастаҷамъонаи худро ба дастгирӣ ва тақвияти имконоти онҳо, ки дар сафи пеши ҳифзи мероси табиии мо барои наслҳои оянда қарор доранд, тасдиқ менамояд", -гуфтааст Гретел Агилар, директори генералии "IUCN".

Тайи 15 соли ахир беш аз 1500 ҷангалбон ҳангоми иҷрои вазифаи худ ҷон бохтаанд. Созмон зикр мекунад, ки бисёре аз ҷоизадорон дар шароити хатарнок фаъолият дошта, барои ҳифз ва нигаҳдории табиати ваҳшӣ ҷони худро зери хатар мегузоранд.

 

Зиёда аз 16 километр ва 6000 ниҳол

Сафарбӣ Давлатова аз Тоҷикистон барои пешбурди баробарии гендерӣ ва ҳифзи намудҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта қадрдонӣ шуд.

“Ҳамчун ягона зани ҷангалбон дар мамнуъгоҳ, Сафарбӣ ба меъёрҳои гендерӣ муқовимат карда, бо ҳайвоноти ваҳшии хатарнок рӯбарӯ мешавад ва тавассути муколама бо дарахтбурҳо мубориза мебарад.

Ӯ ҳамарӯза беш аз 16 километр минтақаҳои кӯҳистонро посбонӣ мекунад, то ҳаракати ҳайвоноти ваҳширо назорат намуда, аз буридани ғайриқонунии дарахтон ҷилавгирӣ намояд. Бахусус Сафарбӣ мавзеи парвариши ниҳолҳои нокро, ки зери хавфи нобудшавӣ қарор доранд, идора намуда, зиёда аз 6000 ниҳол парвариш мекунад.

Ба ғайр аз омӯзиши сокинони маҳаллӣ, бо услуҳои рушди устувор, ӯ инчунин ҷонибдори иштироки фаъолонаи занон дар ҳифзи табиат аст”, — гуфта мешавад иттилоияи IUCN.

Сафарбӣ Давлатоваро ба ин ҷоиза, намояндагии "Fauna & Flora International" (FFI) дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки аз соли 2008 дар кишвар фаъолият мекунад.

Созмони Fauna & Flora International (FFI), соли 1903 таъсис ёфта, қадимтарин ташкилоти байналмилалии ҳифзи табиат мебошад ва дар беш аз 48 кишвар фаъолият дорад. Дар Тоҷикистон, FFI лоиҳаҳоро барои ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳтар намудани идоракунии минтақаҳои ҳифзшаванда ва муҳофизати намудҳои нодир, аз ҷумла бабри сафед, сангпушти саҳроӣ, нокҳои ваҳшӣ ва лолаҳо амалӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...