Номи беш аз 5 ҳазор кас дар “рӯйхати сиёҳ”-и Хадамоти иҷро. Онҳо кишварро тарк карда наметавонанд

Asia-Plus

Дар 9 моҳи соли равон 1600 кас, ки номашон дар рӯйхати қарздорони Хадамоти иҷро буд, натавонистаанд, кишварро тарк кунанд. Маҳз маҳдудияти сафар онҳоро маҷбур кардааст, ки садҳо миллион қарзи худро ба буҷети кишвар пардохт кунанд.

Дар ин бора Хадамоти иҷро хабар дода гуфтааст, ки “дар маҷмуъ, 1600 қарздор сарҳади кишварро убур карда натавониста, беш аз 24,7 млин сомонӣ, зиёда аз 108 ҳазор доллар ва 1 736 рубли белорусии худро пардохт кардаанд. Ин маблағҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби шумора 260 нафар зиёд ва аз ҳисоби маблағ 9 миллиону 651 ҳазору 168 сомонӣ, 91 ҳазору 868 доллар ва 1 736 рубли белорус зиёд мебошад”.

Манбаъ мегӯяд, дар 9 моҳ, ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон номи 2350 кас  ва 13 корхонаву ташкилот ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1062 адад зиёд мебошад.

“Ҳамзамон, нисбати 5075 қарздор маҳдудият гузошта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 123 нафар зиёд мебошанд. Дар умум, аз солҳои гузашта то ин давра нисбати зиёда 21 000 нафар қарздорон маҳдудият татбиқ гардидааст”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Ба ин феҳрист қарздороне дохил мешаванд, ки тибқи қарорҳои додгоҳ бояд маблағи қарзро пардохт кунанд.  Ҳадафи он ба таври иҷборӣ ситонидани қарзҳое аст, ки тибқи санади судӣ шахсони воқеқӣ ва ҳуқуқӣ муваззаф шудаанд.

 

Қариб 150 млн сомонӣ пардохти алимент

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ин давра ба манфиати модару кӯдак 149 млн 820 ҳазору 621 сомонӣ алимент ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 126 млн 568 ҳазору 673 сомонӣ зиёд мебошад.

Қаблан, Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар 6 моҳ беш аз 57 млн 329 ҳазор сомонӣ алимент ба модару кӯдак пардохт шудааст, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта қариб 36 млн сомонӣ зиёд мебошад.

“Агар алимент супорандагон дар муддати ду моҳ маблағи алиментро пардохт накунанд ба феҳристи қарздорон дохил шуда, маҳдудиятҳои убури сарҳад барои онҳо низ ҷорӣ карда мешавад” – таъкид кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки мушкили саркашӣ аз пардохти алимент нав набуда, солҳои қабл низ мақомот ҷой доштани онро зикр мекарданд. Солҳои охир манъи хуруҷи нафарони саркаш аз пардохти алиментро ҳамчун яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала муаррифӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...