“Роҳи ҳал танҳо ҷалби муҳоҷирон аст”. Бонки авруосиёии рушд мегӯяд, норасоии қувваи корӣ дар Русия музмин шудааст

Asia-Plus

Дар пайи коҳиши демографӣ, пиршавии аҳолӣ ва камшавии шумораи шаҳрвандони қобили меҳнат дар Русия, норасоии коргарон то ҳол идома дорад, гуфта мешавад дар гузориши Бонки авруосиёии рушд (БОР).

Манбаъ мегӯяд, аз соли 2010 то соли 2024 шумораи шахсони дар иқтисод фаъол беш аз 4 миллион нафар афзудааст, аммо сатҳи бекорӣ дар моҳи май–июни соли 2025 то ба сатҳи рекордӣ — 2,2% паст рафтааст. Ин аз сатҳи табиӣ, ки одатан 4–5% ҳисобида мешавад, пасттар буда, нишон медиҳад, ки Русия аз норасоии захираҳои меҳнатӣ азият мекашад.

Мутахассисон зикр мекунанд, ки афзоиши минбаъдаи шуғл танҳо тавассути ҷалби муҳоҷирон, зиёд кардани иштироки калонсолон дар иқтисод ва боло бурдани ҳосилнокии меҳнат, имконпазир аст.

Дар 15 соли охир вуруди солонаи коргарони хориҷӣ ба Русия тақрибан 250 ҳазор нафарро ташкил додааст ва то миёнаи соли 2025 ҳиссаи онҳо дар шумораи умумии аҳолии қобили меҳнат тақрибан ба 3% расидааст.

БРА мегӯяд, ислоҳоти нафақавии соли 2019 низ ба бозори меҳнати ин кишвар таъсир расонд. Агар қаблан, дар солҳои 2016–2018, тақрибан 13% шахсони аз 60-сола боло дар иқтисод фаъол буданд, ҳоло ҳиссаи онҳо то 16,7% афзудааст. Омилҳои муҳиме чун болоравии музди меҳнат низ нақш доштанд — дар солҳои 2023–2024 маош тақрибан 18% боло рафтанд, ки ин ба бозгашти қисме аз кормандони синни миёна ба бозори меҳнат мусоидат кардааст.

Вале ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, бо дарназардошти ҳамаи ин омилҳо, норасоии коргарон дар ин ккишвар боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, аксари корхонаҳо дар семоҳаи дуюми соли 2025 аз камбуди кормандон хабар дода, ният доштанд, ки шумораи кормандонро зиёд намоянд.

Сабаби асосии чунин вазъият — тағйироти демографӣ мебошад. Аҳолии Русия рӯ ба пиршавӣ дорад, дар ҳоле ки шумораи шаҳрвандони қобили меҳнат коҳиш меёбад.

Тибқи пешгӯиҳои БРА ва СММ, то соли 2040 тақрибан 40% тамоми кормандон аз синни 50 боло хоҳанд буд. Дар ҳамин ҳол, насли 30–40-сола, ки фаъолтарин ва сермаҳсултарин шуморида мешавад, тадриҷан кам мегардад. Пиршавии қувваи корӣ метавонад ба паст шудани ҳосилнокӣ ва кам шудани ҳаракатнокии меҳнатӣ оварда расонад, ки ба рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Камбуди кадрҳо хусусан дар соҳаҳои истеҳсолот, савдо, логистика, технологияи иттилоотӣ (IT ) ва тандурустӣ эҳсос мешавад. Дар саноати коркард, тақрибан 400 ҳазор нафар, дар соҳаи савдо беш аз 300 ҳазор ва дар нақлиёт ва логистика тақрибан 200 ҳазор нафар коргар намерасад.

Мутахассисон чанд сабаби асосии чунин вазъро ном мебаранд:

– коҳиши демографӣ;

– муҳоҷирати мутахассисон ба хориҷ;

– номувофиқати сатҳи тайёрии хатмкунандагон бо талаботи воқеии бозори меҳнат;

– афзоиши бахши мудофиавӣ, ки фаъолона кормандонро ҷалб мекунад.

Камбуди кормандон аллакай ба фаъолияти ширкатҳо таъсир гузоштааст. Кормандон маҷбуранд масъулиятҳои бештарро ба дӯш гиранд, ки ин ба хастагии равонӣ ва паст шудани сифати кор меорад. Бо сабаби норасоии кадрҳо, корхонаҳо дар рушди худ маҳдуд шудаанд ва афзоиши музди меҳнат, ки корфармоён барои ҷалби одамон истифода мебаранд, хароҷотро зиёд мекунад.

Ба арзёбии Вазорати меҳнат, норасоии қувваи корӣ дар Русия ҳадди ақал то охири ин даҳсола боқӣ мемонад. То соли 2030 ниёзи кишвар ба коргарон 3,1 миллион нафарро ташкил хоҳад дод. Ҳамин тавр, камбуди кадрҳо ба як меъёри нави иқтисоди Русия табдил меёбад.

Коршиносон бар онанд, ки ҳалли мушкил дар ҷалби муҳоҷирон, рушди технология ва автоматикунонӣ, боло бурдани ҳосилнокии меҳнат, инчунин дароз кардани синни фаъоли меҳнатӣ тавассути беҳтар намудани саломатии аҳолӣ мебошад.

Ин арзёбӣ дар ҳолест, ки мақомоти Русия иқрор мешаванд, ки рӯз то рӯз норасоии шадиди қувваи корӣ ба мушоҳида мерасад. Ин аст, ки мақомоти маҳаллӣ ҳарчи бештар маҳдудиятҳоро барои ҷалби муҳоҷиронро бозбинӣ мекунанд.

Бо ин вуҷуд, фишору таъқиби муҳоҷирон, бо баҳонаи фаъолияти ғайриқонунӣ, инчунин ихроҷи онҳо аз ин кишвар идома дорад.

Аз ҷумла, дар ҳашт моҳи аввали соли 2025 тақрибан 35 ҳазор шаҳрванди хориҷие, ки қоидаҳои муҳоҷиратро вайрон кардаанд, аз Русия ихроҷ шудаанд. Ҳамчунин, беш аз 770 ҳазор муҳоҷири меҳнатие, ки сабти ном, ҳуҷҷатҳои иқомати қонунӣ ё иҷозатномаи кори худро нав накардаанд, ба феҳристи шахсони таҳти назорат дохил карда шуда, интизори ихроҷ мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...