Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 октябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 22 ОКТЯБР

– Имрӯз дар Душанбе 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” ҷамъбаст мегардад. Он рӯзи 20-уми октябр оғоз гардида, беш аз 40 ношир аз 8 кишвар намунаҳои беҳтарини интишороти худро пешниҳоди ҳаводорони китоб гардонидаанд. 

– Имрӯз дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо дастаи “Ал-Завра”-и Ироқ дидор анҷом медиҳад. Бозии дастаҳо соати 18:45 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор оғоз мегардад.

– Дар Тоҷикистон размоишҳои “Бародарии шикастнопазир-2025”-и СААД идома дорад. Тамринҳои муштараки сулҳҷӯёнаи “Бародарии шикастнопазир-2025” ва машқҳои махсуси “Монеа-2025, инчунин, размоишҳои зиддитеррористии “Иттиҳоди зиддитеррористӣ – 2025” бо ширкати бархе кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар машқгоҳи “Фахробод”-и Хатлон баргузор мешавад. Он то 24-уми октябр идома меёбад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 22 ОКТЯБР

Соли 2001 – Дар шаҳри Душанбе вохӯрии сеҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Бурҳонуддин Раббонӣ, раисҷумҳурони Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон баргузор гардид.

Соли 2008 – “ТАЛКО” ва ширкати норвежии “Hydro Aluminium” барои таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии нерӯгоҳи барқӣ-обии "Шӯроб" дар ҷануби Тоҷикистон, ба мувофиқа расиданд.

Соли 2011 – Бозори марказии шаҳри Хоруғ сӯхт. Майдони умумии сӯхтор тақрибан 1300 метри мураббаъро дар бар гирифта, чор ошхона, 18 нуқтаи савдо ва як маркази тиҷоратӣ, ки дар ҳудуди бозор ҷой доштанд, комилан сӯхтанд.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва  Ҳомид Карзай, президенти собиқи Афғонистон масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накӯи Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ намуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2016 – Филми кӯтоҳмуддати “Коса”-и Муҳиддини Музаффар, коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии “Open Central Asia International Arts Festival” дар Лондон ҷоиза ба даст овард.

Соли 2018 – Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд қитъаи роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфараро ба истифода супорид.

Соли 2019 – Дар шаҳри Душанбе ба муносибати 1120-солагии давлати Сомониён симпозиуми илмӣ баргузор гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1314 – Мавлуди  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, файласуф, шоир ва нависандаи форс-тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ орифи бузург, шоир ва мутафаккири исломии асри XIV буд, ки дар рушди фарҳанг ва илми форсу тоҷик нақшг дорад. Ӯ пайрави тариқати Суфии Кубравия буд ва таълимоти ирфонӣ ва ахлоқии худро дар сарзаминҳои гуногун, аз Ҳиндустон то Осиёи Миёна паҳн кардааст. Осори ӯ, аз ҷумла маҷмӯаи ашъори ирфонӣ ва фалсафии “Захират-ул-мулук” ҳамчун сарчашмаи илму маърифат то имрӯз арзишманд боқӣ мондааст.

Соли вафоти Сайид Алии Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар 1385-и мелодӣ гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу муназираҳои зиёде мавҷуданд. Алҳол аҳли адаби кишвар аз рӯйи ақидаи Саида Ашраф Зафар, муҳаққиқ соли 1386-и мелодиро соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонӣ меҳисобанд.

Дар Тоҷикистон ноҳияе ба номи ин мутафаккир гузошта шуда, дар шаҳри Кӯлоб мақбарааш макон дорад ва рӯйи пули миллии даҳ сомона акси ӯ дарҷ гардидааст.

Соли 1937 – Мавлуди Беҳрон Меҳробов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Беҳрон Меҳробов

Беҳрон Меҳробов солҳо дар театрҳои ҷумҳурӣ ҳамчун навозанда ва дирижёр фаъолият кардааст. Ӯ хатмкардаи Консерваторияи давлатии Маскав ба номи Чайковский ва Консерваторияи давлатии шаҳри Ленинград буда, фаъолияташ ҳамчун навозандаи ансамбли хореографӣ – этнографии “Помир” оғоз гардидааст.

Баъдан дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон навозанда ва роҳбари бадеӣ буда, сипас солҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дирижёр ва сардирижёр будааст.

Ӯ дар ин театр дар аксар намоишномаҳо, аз ҷумла “Евгений Онегин”, “Моткаи қарамашшоқ”, “Иоланта”-и П. Чайковский, “Алеко”-и С. Рахманинов, “Лайлӣ ва Маҷнун”-и С. Баласанян, “Комде ва Мадан”-и З. Шаҳидӣ, “Амир Исмоил”-и Т. Шаҳидӣ, “Рустам ва Суҳроб”-и Т. Сатторов, “Матриса”-и И. Калман дирижёрӣ кардааст.

Беҳрон Меҳробов моҳи апрели соли 2014 дар синни 77 даргузашт.

Соли 1957 – Мавлуди Азизхон Мирбобоев, эроншинос ва забоншиноси тоҷик.

Соли 1986 – Зодрӯзи Асадулло Наҷмиддиниён, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Соли 2022 – Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси пешини Кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар 53-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола, 22-юми октябр Рӯзи байналмилалии нафароне, ки лакнати забон доранд, ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аз соли 1998 ба ин сӯ бо ташаббуси Лигаи байналмилалии одамони дорои нуқс дар нутқ (International Stuttering Association) таҷлил мегардад. Ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа нисбат ба мушкилоти шахсоне мебошад, ки бо нуқси нутқ дучоранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лакнат дар нутқ бемории вайроншавии ҷараёни нутқ ба ҳисоб меравад, ки одатан аз сабаби кашиш ё қисман фалаҷ дар мушакҳои дастгоҳи нутқ ба амал меояд.

Дар таърих бисёр шахсони машҳур, ки ба комёбиҳои бузург ноил шудаанд, нуқси нутқ доштаанд. Аз ҷумла, Демосфен, суханвар ва сиёсатмадори юнонӣ, Уинстон Черчилл, нахуствазири Бритониё, Мерилин Монро, ҳунарпешаи маъруф, Исаак Нютон, олим бо чунин мушкил дучор будаанд, аммо тавонистаанд онро бартараф кунанд.

22-юми октябри соли 1962 яке аз рӯйдодҳои давраи Ҷанги сард – бӯҳрони Кариб оғоз ёфт. Ин муноқиша миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико бар сари ҷойгиркунии мушакҳои ҳастаии шӯравӣ дар Куба ба вуқуъ пайваст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз он ки Куба бо Иттиҳоди шуравӣ созишномаи ҷойгиркунии силоҳи стратегӣ ба имзо расонид, Амрико тавассути аксбардории ҳавоӣ мавҷудияти пойгоҳҳои мушакиро дар қаламрави Куба ошкор намуд. Ҷон Кенеди, президенти вақти Амрико муҳосираи баҳрӣ эълон кард ва талаб намуд, ки Иттиҳоди шуравӣ фавран мушакҳоро барорад. Таниш ба ҳадде расид, ки ҷаҳон дар остонаи ҷанги ҳастаӣ қарор гирифт.

Пас аз музокироти дипломатӣ созиш ба даст омад ва мушакҳои шӯравӣ аз Куба бароварда шуданд. Ин ҳодиса дар таърих ҳамчун яке аз лаҳзаҳои хатарноктарини Ҷанги сард сабт шудааст.

22-юми октябри соли 1938 Честер Карлсон, муҳандис ва ихтироъкори амрикоӣ аввалин бор дар таърих нусхабардории барқӣ (ксерокопия)-ро анҷом дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар таҷрибаи аввал Карлсон дар рӯи лавҳаи руҳ, ки бо сулфур пӯшонида шуда буд, чунин навишт: "10-22-38 ASTORIA". Ин навишта аввалин нусхабардорӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Соли 1947 ширкати "Haloid" аз шаҳри Рочестер ҳуқуқи истифодаи онро ба даст овард. Бо мурури замон ширкат номи худро ба "Rank Xerox", сипас танҳо ба "Xerox" иваз кард.

Соли 1959 онҳо дастгоҳи машҳури "Xerox 914"-ро бароварданд, ки ба саноати нашр ва идораҳои дунё инқилоб овард. Он миллионҳо доллар  ба ширкат даромад овард ва нусхабардорӣ ба як ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти одамон дар кор табдил дод.

22-юми октябри соли 1883 дар шаҳри Ню-Йорк яке аз маъруфтарин театрҳои ҷаҳон – Метрополитен-опера ба фаъолият оғоз кард. Он бо намоиши операи “Фауст” аз Шарл Гуно ифтитоҳ шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз оғози асри XX Метрополитен-опера дар баробари театрҳои машҳури “Ла Скала” (Милан) ва Операи Вена ба яке аз марказҳои асосии санъати опера дар ҷаҳон табдил ёфт. Имрӯз ин театр аз моҳи сентябр то апрел фаъол буда, тақрибан ҳар рӯз намоиш мегузаронад. Аз моҳи май то июн ҳунармандони он сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд ва дар моҳи июл дар боғҳои Ню-Йорк намоишҳои ройгон баргузор мегарданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 22 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 20+25º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, дар шарқи вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13º сард, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 23+25º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...