Қурби доллар пас аз коҳиши назаррас боз мустаҳкам мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ давоми чанд рӯзи охир боло рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби расмии доллар нисбат ба сомонӣ аз нимаи моҳи сентябри соли равон то аввали даҳаи охири моҳи ҷорӣ ба андозаи 3,2% – аз 9,51 сомонӣ барои 1 доллар дар рӯзи 15-уми сентябр то 9,21 сомонӣ дар рӯзи 21-уми октябр, пойин рафт. Аммо давоми се рӯзи ахир он то 9,25 сомонӣ боло шуд.

Қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ бори охир нимаи соли 2018 дар чунин сатҳ қарор дошт.

Ба сурати умум, аз оғози соли 2025 доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллии Тоҷикистон ба андозаи 15,1% беқурб шуд.

Пештар мутахассисони БМТ шарҳ дода буданд, ки тағйири қурби пули миллӣ нисбат ба доллар ба як қатор омилҳои беруна ва дохилӣ вобаста аст.

Дар БМТ омилҳои берунаро ҳаҷми асъори воридшуда аз хориҷа, рӯйдодҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва иқтисодӣ дар дунё, тағйири сиёсати бонкҳои марказии кишварҳои пешрафта, инчунин тағйирёбии қурби рубли Русия маънидод карда буданд. Омилҳои дохилӣ аз сатҳи талабот ба асъор дар дохили кишвар ва фаъолияти низоми бонкӣ дар самти қонеъ намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба асъори хориҷӣ иборатанд.

“Ин равандҳо мавсимӣ буда, таъсири он ба қурби сомонӣ вобаста ба вақти сол фарқ мекунанд”, – шарҳ доданд дар БМТ.

Айни замон яке аз омилҳои калидие, ки ба мустаҳкам шудани қурби расмии пули миллӣ мусоидат мекунад, тибқи арзёбии мутахассисони БМТ, болоравии қури рубли Русия нисбат ба доллар маҳсуб меёбад. Афзоиши ҳаҷми воридоти рубл ба кишвар тадриҷан ба мустаҳкам шудани қурби сомонӣ нисбат ба доллар оварда мерасонад.

Ғайр аз ин, дар БМТ илова карданд, ки дар мавсими ҷорӣ талабот ба асъор аз ҷонби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, низоми бонкӣ талаботи маҷударо пурра қонеъ месозад, ки ин ҳам ба суботи қурби сомонӣ мусоидат мекунад.

Дар ҳамин ҳол, тайи ҳафтаи ахир қурби доллар нисбат рубл коҳиши бомаромро нишон дод: агар дар аввали давра асъори амрикоӣ дар ҳудуди 83 сомонӣ савдо мешуд, пас дар охири ҳафта то 80-81 доллар поин рафт. Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, дар ин давра қурби рубл тақрибан 2-3% мустаҳкам шуда, пас аз ин тасҳеҳи начандон назаррас сурат гирифт.

Мутахассисони Бонки марказии Русия қавӣ гардидани қурби пули Русияро бо якчанд омил рабт медиҳанд. Миёни онҳо сиёсати шадиди молиявии Бонки марказии Русия, меъёри калидии боқимонда ва маҳдуд сохтани ҳаракати сармоя, ки фишор ба рублро кам карда, талабот ба асъорро маҳдуд сохтанд, номбар мешаванд. Талабот ба асъори хориҷӣ миёни воридкунандагон паст боқӣ мемонад, ки ин ҳам ба мустаҳкам шудани қурби рубл мусоидат мекунад.

Болоравии нархи нафт дар ҷаҳон низ асъори Русияро мустаҳкам мекунад ва воридоти даромад аз содиротро таъмин менамояд.

Дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат коршиносон интизорӣ доранд, ки қурби рубл дар ҳудуди 80-82 рубл барои 1 доллар боқӣ мемонад, лекин огоҳ месозанд, ки бозор мисли пешин ба калавишҳои нархи нафт дар ҷаҳон, ҷараёни содирот ва маҳдудиятҳои эҳтимолии таҳримҳо, ки метавонанд ба тавозуни талабот ва пешниҳоди асъор таъсир расонанд, ҳассос боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...