Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии ҳифзи гуногунрангии биологӣ таҳия мешавад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон таҳияи Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба ҳифзи гуногунрангии биологӣ оғоз ёфт. Ин ҳуҷҷати муҳимест, ки самтҳои афзалиятнок ва дарозмуддати кишварро дар соҳаи амнияти экологӣ, истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва рушди камкарбон муайян мекунад.

Баррасии санад рӯзҳои 28–29 октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи Crown Plaza бо ҳузури намояндагони ҳукумат, илм, тиҷорат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд.

Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад низомҳои экологии нодири худро ҳифз кунад, аз харобшавии муҳити табиӣ ҷилавгирӣ кунад, ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шавад ва ҳифзи табиатро ба манбаи рушди устувор ва тиҷорати сабз табдил диҳад? Ба ин ва дигар саволҳо Стратегияи миллӣ оид ба ҳифзи гуногунрангии биологӣ ҷавоб хоҳад дод, ки қабули он дар ояндаи наздик пешбинӣ шудааст.

Тавре ки иштирокчиёни форуми мазкур зикр карданд, татбиқи стратегия имкон медиҳад, ки тадбирҳои кӯтоҳмуддати пароканда ба равиши доимӣ дар соҳаи ҳифзи табиат ва иқлим гузаронида шавад. Ин ҳуҷҷат заминаи ташаккули дидгоҳи ояндаи устувор ва бетарафи карбон хоҳад гардид, ки дар он афзалиятҳои миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ба назар гирифта мешаванд.

Се хавфи асосӣ ба гуногунрангии биологӣ

Доктори илмҳои биологӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов се таҳдиди асосиро барои гуногунрангии биологӣ дар кишвар ном бурд — вайроншавии муҳити зисти набототу ҳайвоноти ваҳшӣ, истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим.

Ба гуфтаи ӯ, вайроншавии низомҳои экологӣ ва аз байн рафтани маконҳои зисти ҳайвонот ва растаниҳо боиси нобудшавии навъҳои нодир мегардад. Барои ҳифзи табиат зарур аст, ки шабакаи минтақаҳои махсуси муҳофизати табиӣ васеъ карда шавад. Айни ҳол он тақрибан 22%-и ҳудуди кишвар (31,5 ҳазор км²)-ро дар бар мегирад. Дар доираи стратегияи нав пешниҳод мегардад, ки ин нишондиҳанда то 28%, яъне беш аз 40 ҳазор км² расонида шавад.

Китоби сурх ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ

Ин олим таъкид кард, ки истифодаи аз ҳад зиёди захираҳои биологӣ аллакай ба оқибатҳои нигаронкунанда оварда расонидааст. Дар нашри нави "Китоби сурхи Тоҷикистон" 242 навъи ҳайвонот ва 304 навъи наботот, ки дар остонаи нобудшавӣ қарор доранд, сабт шудаанд. Ин 20 навъ бештар аз нишондиҳандаи пешина мебошад.

"Мо намехоҳем, ки Китоби сурх боз ҳам "ғафстар" гардад", – гуфт Саидов ва ҷиҳати гузариш ба усулҳои устувори истифодаи захираҳои табиӣ ва муносибати масъулона нисбат ба низомҳои экологӣ даъват кард.

Хавфҳои иқлим

Тағйирёбии иқлим яке аз хавфҳои ҷиддитарин боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти коршиносон, соли 2025 хушксолтарин тайи даҳсолаи ахир буд, ки ба норасоии боришот боис гардида, мавҷудияти бисёре аз навъҳоро душвор кард.

Тағйироти иқлим ба низомҳои экологӣ таъсири маҷмӯавӣ расонида, чораҳои илман асосноки мутобиқат ва барқарорсозии қаламравҳои табииро тақозо мекунад.

Равишҳои нав – имконоти нав

Дар лоиҳаи стратегияи миллӣ васеъ намудани манбаъҳои маблағгузорӣ ба барномаҳои ҳифзи табиат, ҷалби фаъолонаи занон ба раванди қабули қарор, рушди тиҷорат дар соҳаҳои экология ва рушди деҳот, ки ба истифодаи устувори ҷанбаҳои табиӣ асос ёфтааст, пешбинӣ мешавад. Ба такмили механизмҳои сиёсӣ ва ниҳодии идоракунӣ дар ин соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Конфронс дар доираи Барномаи глобалии гуногунрангии биологии Кунмин-Мореал доир гардид. Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ стратегияи ба ин монанд аллакай танҳо дар Қазоқистон тасдиқ шудааст.

Чорабинӣ бо консерти рамзӣ таҳти унвони “Садои табиат” ба анҷом расида, он аз зарурати ҳамоҳангӣ миёни инсон ва муҳити зист ёдоварӣ кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...