ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 17:00 дар толори синамои “Ватан” филми “Амре”, аз филмофҷарони қазоқ бо коргардонии Ҷефф Веспа манзури тамошобинон мешавад. Ин филм дар доираи Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон, ки имрӯз рӯзи охирон аст, намоиш дода мешавад.
– Имрӯз соати 18:00 дар мавзеи “Диёри Душанбе” филми фаронсавии “Ғайби тӯлонӣ” намоиш дода мешавад. Он бо коргардонии Энри Колпи таҳия шуда, дар нусхаи асл ва зернависи русӣ манзури тамошобинон мегардад. Филм дар доираи Ҷашнвораи филмҳои Фаронсавӣ дар Тоҷикистон намоиш дода шуда, вуруд ва тамошо озод аст.
– Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси миллии ҷавонон оид ба иқлим (LCOY 2025) оғоз мегардад. Он ду рӯз идома карда, дар меҳмонхонаи “Серена” доир мешавад. Чорабинии мазкур хонандагони мактаб ва ҷавонони касбу кори гуногунро аз тамоми Тоҷикистон гирд меоварад, ки дар масъалаи иқлим якҷо бо мутахасисисон соҳа “Изҳороти миллии ҷавонон”-и Тоҷикистонро барои СОР таҳия мекунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2000 – Воҳиди нави пули миллии кишвар “Сомонӣ” ба муомилот баромад. Он ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон – Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шуда, аввалин маротиба пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.
Соли 2009 – Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ қабул шуд. Барои татбиқи он 14-уми январи соли 2010 ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон таъсис ёфт. Аввалин роҳбари он профессор Иброҳим Усмонов буд.
Соли 2014 – Гурӯҳи легиони фаронсавӣ, ки 12 сол дар ҳудуди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мустақар буд, Тоҷикистонро тарк кард.
Соли 2020 – Маросими савгандёдкунии президенти навинтихоби Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Ӯ дар интихоботи 11-уми октябри соли 2020 бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми президент интихоб шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1926 – Мавлуди Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди саршинос ва яке аз пешгомони ҳаракати равшанфикриву худшиносии миллии тоҷик. Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ин сана дар шаҳри Бухоро зода шудааст, аммо бинобар гуфтаи худи устод, ӯ моҳи феврали соли 1925 таваллуд шудааст. Бо такя бар ин гуфтаи Шакурӣ, имсол 100 сол аз ба дунё омаданашон мегузарад.
Ӯ натанҳо як донишманди варзидаи тоҷик аст, балки бо донишварӣ ва шаҳомати ахлоқие, ки аз худ ба намоиш гузошта буд, рамзи як равшанфикри миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 1960-1970 Шакурӣ дар заминаи нақди адабии насри муосири тоҷикӣ ва масъалаҳои забони форсии тоҷикӣ, бахусус масъалаҳои амалӣ ва корбасти ҳаррӯзаи он, ки бештар ҷанбаи ҷомеашиносӣ дошт, фаъол буд. Шакурӣ яке аз муаллифони “Фарҳанги забони тоҷикӣ” аст, ки дар ду ҷилд дар Маскав соли 1969 чоп шуд.
Замони бародаркушӣ ва ноосоиштаи кишвар, Муҳаммадҷон Шакурӣ мунодии илму фарҳанг буд ва дар қаламрави тамаддуни эронӣ ба дунболи таъмини шаҳомати миллии тоҷикон буд. Ӯ аъзои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон ва яке аз муаллифони Қонуни забони тоҷикӣ аст.
Шакурӣ бо афкори рӯшангарона ва миллигароёнааш дар сархати расонаҳо қарор дошт ва аз таърихи миллату забони тоҷикӣ ҳимоят мекард.
Ӯ барои адабиёти тоҷик ва насли нав аз худ 44 китоб ва бештар аз 500 мақола ба мерос гузоштааст, ки ҳар яки онҳо аз тамаддун, фарҳанг, худшиносиву руҳияи миллӣ сухан мекунанд. “Хуросон аст инҷо”, “Садри Бухоро”, “Равшангари бузург” ва “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон” аз беҳтарин китобҳои Муҳаммадҷон Шакурӣ маҳсуб меёбанд.
Ин донишманди саршиноси тоҷик 16-уми сентябри соли 2012 дар 87-солагӣ даргузашт.
Ба истиқболи 100-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ филми мустанад бо номи “Фарзанди Бухоро – родмарди Хуросон” сабт шуд, ки пиромуни таърихи сабти филм дар ин матлаби мо мутолиа кунед.
Соли 1930 – Мавлуди Пирназар Юсуфов, ҳунарпешаи сирк, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ.
Соли 1940 – Зодрӯзи Ҳасани Муҳаммадӣ, нависанда, адабиётшинос ва фарҳангшиноси тоҷик.
Соли 1946 – Зодрӯзи Файзулло Абдуллоев, ҳуқуқшинос, ходими давлатӣ, собиқ раиси Суди Конститутсионӣ ва вазири адлияи Тоҷикистон.
Соли 1959 – Мавлуди Хаёл Бобоев, олими соҳаи физика ва таърих, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1968 – Зодрӯзи Муҳаммадшоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳи мухолифин ва генерал-майори милитсия, сардори феълии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон.
Шоҳ Искандаров, ки бо ҳамин ном маъруф аст, яке аз чеҳраҳои шинохтаи низомӣ ва амниятии Тоҷикистон дониста мешавад. Ӯ дар факултаи иқтисоди ҷаҳонии Донишгоҳи тиҷоратии Қӯрғонтеппа ва сипас дар факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва ҳамзамон дар Академияи хадамоти сарҳадии Русия таҳсил кардааст.
Искандаров дар замони низоъи шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик буд. Дар давраи фаъолият дар сафи мухолифин, ӯ сардори ситоди минтақаи Қаротегин буд.
Пас аз имзои Созишномаи оштии миллӣ дар соли 1997, Искандаров ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваст. Дар моҳи ноябри соли 1998 ӯ яке аз гурӯҳҳои нерӯҳои низомии мухолифини пешинро дар амалиёти низомии ҳукумат алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи Маҳмуд Худойбердиев дар вилояти Суғд роҳбарӣ кард.
Солҳои 1997-1999 ӯ ба вазифаи фармондеҳи отряди сарҳадии Ҷиргатол ва баъдан ба вазифаи муовини сардори ситоди қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон таъин гардид ва то соли 2007 дар ин мақом кор кард.
Баъдан ҳамчун муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт, сардори ШВКД шаҳрҳои Турсунзода, “Исфара-1”, Бӯстон таъин шуда, моҳи апрели имсол раҳбарии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросонро ба зимма гирифт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
30-юми октябри соли 1888, Ҷон Лауд, ихтироъкори амрикоӣ барои қалами худкор (ручкаи саққодор) аввалин маротиба иҷозатнома гирифт. Бо вуҷуди ин, навъҳои муосири ин навъи қалам танҳо дар охири солҳои 1930-ум, вақте ки рӯзноманигори венгерӣ Ҷозеф Ласло Биро онро такмил дода, шакли имрӯзаро ихтироъ ва расман иҷозатнома гирифт, ба вуҷуд омад.
Ихтирои қалами худкор ба зиндагии одамон осонӣ овард. Пеш аз он, навиштан бо қалами пардор кори душвор буд ва барои навиштани ҳар чанд ҷумла лозим меомад, ки қалам ба сиёҳдон тар карда шавад, ки ин вақт мегирифт ва коғазро бо доғҳои сиёҳ олуда мекард.
Гаронтарин қалам дар ҷаҳон, ки дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт шудааст, қалами платинаи Montegrappa мебошад, ки арзишаш 1 миллион евро аст.
30-юми октябри соли 1967 аввалин маротиба ду моҳвораи сунъии Замин – “Космос-186” ва “Космос-188” бо ёрии системаҳои пешрафтаи муҳаррикӣ ва дастгоҳҳои мураккаби радиотехникӣ ба таври худкор бо ҳам пайваст шуданд. Ин амалиёт комилан бидуни иштироки инсон анҷом ёфта, тамоми идоракунӣ тавассути компютер ва сигналҳои ирсолшуда аз Замин сурат гирифт.
Моҳвораҳо дар ҳолати пайвастшуда 3 соат 30 дақиқа парвоз карда, сипас бо фармони аз Замин ирсолшуда ҷудо шуда, баъди муддате ба Замин баргаштанд. Ин рӯйдод яке аз қадамҳои калидӣ дар рушди кайҳоннавардӣ ба шумор меравад, зеро маҳз он имкони сохтани истгоҳҳои кайҳонии бисёрмодулӣ ва таҷрибаҳои муосири кайҳониро фароҳам овард.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 30 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 17+22 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 8+13º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13º сард, рӯзона 2+7º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 20+22º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 14+16º гарм.


