“То намирам, аз ман даст намекашанд”. “Al Jazeera” менависад, бо як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Украина асир афтодааст, суҳбат кардааст

Date:

Шабакаи телевизионии “Al Jazeera” рӯзи 8-уми октябр дар сомонааш саргузашти шаҳрванди Тоҷикистонро навиштааст, ки дар ҷанги Русияву Украина ширкат карда, асир афтодааст. Ӯ гуфтааст, зери шиканҷа ва иҷборан бо 1,6 миллион рубл (қариб 20 ҳазор доллар) пешпардохт ва 210 ҳазор рубл (беш аз 2,5 ҳазор доллар) музди моҳона бо артиши Русия шартнома ба имзо расонида, ба ҷанг фиристода шудааст.

Хабарнигори “Al Jazeera” бо шаҳрванди Тоҷикистон ки дар асорат будааст, аввали моҳи октябр дар Киев мулоқот карда, аз ӯ мусоҳиба гирифтааст. Ин расона ба далели амниятӣ ному насаби ин асирро нанавишта, аз ӯ бо тахаллуси Муҳаммад ном бурдааст.

Мувофиқи маълумоти нашркардаи “Al Jazeera”, Муҳаммад бо мақсади муҳоҷират аз Душанбе ба Санкт-Петербург сафар карда, дар мағозае дар ин шаҳр ба кор даромадааст ва барои иҷозатномаи корӣ (патент) моҳе 6 ҳазор рубл (74 доллар) пардохт мекардааст. Муҳаммад гуфтааст, пас аз чанд моҳ пулиси Русия ба делели напардохтани ҳаққи “патент” ӯро боздошт кардааст.

Муҳаммад ба ин расона гуфтааст, ки ӯро дар боздоштгоҳ шиканҷа ва маҷбур кардаанд, бо артиши Русия шартнома баста, ба ҷанги зидди Украина равад.

 

Бо ваъдаи додани шаҳрвандии Русия

“Al Jazeera” аз қавли Муҳаммад навиштааст, ки “афсари рус ваъда дод, ки дур аз хатти пеш ҳамчун посбон хидмат хоҳад кард ва дар шаш моҳ шаҳрвандии Русияро мегирад. Вале баъд аз омӯзиши кӯтоҳ ӯро ба минтақаи шарқии Украина фиристоданд, ки дар он ҷо ҷангҳои шадид ҷараён доштаанд”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сарбозони украинӣ дар мошини боркаш, 13 августи соли 2024

Муҳаммад ба ин расона гуфтааст, ки дар марказҳои омӯзишӣ мусулмонони бисёре аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон буданд.

“Аксарият маҷбуран ба артиш кашида шуда буданд. Намоз хондан манъ буд ва ҳар рӯз табъизи нажодӣ ва динӣ эҳсос мешуд”,  гуфтааст Муҳаммад.

Ба қавли ӯ, аз ҳамаи сарбозоне, ки дар хатти пеш будаанд, ҳуҷҷатҳо ва телефонҳояшонро гирифтаанд ва дар як рӯз як зарфи хурди об ва ду-се шоколад мехӯрдаанд.

“Дар сафи пеш чанд сарбози куштаву захмиро дидам. Хостам ба захмиён ёрӣ расонам, вале фармондеҳ тавассути радио огоҳӣ дод, ки ба зармиҳо кӯмак нарасонам. Дар он лаҳза фаҳмидам, ки ҷони ман ҳам арзиш надорад ва маро низ ба осонӣ метавонанд гузоранд, то бимирам”, – гуфтааст Муҳаммад.

 

Тарс аз ивазшавӣ​​​​​​​

Ба навиштаи “Al Jazeera”,  Муҳаммад ва чанде аз ҷангҷӯёни Русия дар пайи даргириҳо бо сарбозони украинӣ асир афтодаанд. Ӯ гуфтааст, ки украиниҳо “аз интизораш беҳтар бо ӯ рафтор кардаанд”.

Ин расона менависад, ки Муҳаммад аз эҳтимолияти табодул ва бозгашт ба Русия метарсад, зеро мувофиқи маълумоти созмонҳои ҳуқуқи башар, Русия асирони бозгардонидашударо боз ба хатти пеш мефиристад.

“Онҳо маро боз ба ҷанг мебаранд, боварии комил дорам, то вақте ки намирам ё даст ё пойямро аз даст надиҳам, аз ман даст намекашанд. Аз ин рӯ, аз эҳтимоли ивази гаравгонҳо метарсам. Ба Тоҷикистон низ баргашта наметавонам, зеро барои пайвастан ба артиши кишвари дигар то 12 сол зиндонӣ мешавам”, – гуфтааст ӯ.

“Al Jazeera” навиштааст, Муҳаммад ҳоло хоҳиш мекунад, ки барои артиши Украина ҷанг кунад, то шаҳрвандии Украина гирифта, оилаашро аз Тоҷикистон биёрад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мубодилаи асирон дар 3 январи соли 2024

Санҷиши дурустӣ ё нодурустии ин гуфтаҳо барои “Азия-Плюс” ғайриимкон аст. Мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ҳузури шаҳрвандонашро дар ҷанги Русия алайҳи Украина шарҳ надодааст. Аммо ҳанӯз аз оғози ҷанги Русия дар Украина ва ба такрор аз шаҳрвандонаш хост, дар ин ҷанг иштирок накунанд, зеро он паёмади ҳуқуқӣ дорад ва муҷозот хоҳанд шуд.

Танҳо чанде пеш Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ягон шаҳрванди кишвар “барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина”, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

“Баъзе шаҳрвандон худашон душаҳрвандӣ доранд, чӣ шаҳрвандии Тоҷикистон ва чӣ шаҳрвандии Русия. Дар ҳоле, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул мекунед, талабот ва ӯҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунед. Яъне, масъалаи иштирок карданро худи давлат масъалагузорӣ мекунад нисбати ҳамон шахсе, ки шаҳрвандиро қабул кардааст. Барои ҳамин, ин ба шаҳрвандии худи шахс вобаста асту ба хоҳишу ӯҳдадориҳои ӯ”, – гуфт Ҳабибуло Воҳидзода.

 

Теъдоди ҷангҷӯён аз ОМ дар артиши Русия чӣ қадар аст?​​​​​​​

Ин ягона ҳолате нест, ки тоҷикистониён, ба вижа муҳоҷирон бо артиши Русия шартнома баста, дар ҷанги алайҳи Украина ширкат мекунанд.

Ба гузориши созмонҳои байналмилалӣ ва гуфтаи худи афсарони дар ҷанг ширкаткарда, Русия теъдоде аз муҳоҷирони Осиёи Марказиро бо зӯр ба артиш мекашад. Монанди Муҳаммад, дигарон низ мегӯянд, ки ба онҳо музди баланд, корҳои “бехатар”, дур аз хатти пеш ва шаҳрвандии Русия ваъда дода шудааст.

Дар ин миён ҳолатҳое ҳам расонаӣ шуд, ки теъдоде барои пули бештар ва ё шаҳрвандиву раҳоӣ аз зиндон, ки мақомоти Русия пайваста тарғиб мекунанд, бо артиши ин кишвар шартнома имзо мекунанд.

Тарҳи “Зистан мехоҳам” (“Хочу жить”), лоиҳа давлати Украина, ки ба ҷамъоварии омори ҷанг машғул аст, моҳи апрели имсол номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навишт, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.

Охири моҳи сентябр расонаҳо аз кушта шудани Исломиддин Раҳматов, як зодаи 23-солаи Тоҷикистон, дар ҷанги Русия алайҳи Украина хабар доданд. Сумая Саидова, ҳамсари Исломиддин Раҳматов, ки ҳоло ба Тоҷикистон баргаштааст, ба “Азия-Плюс” нақл кард, ки чӣ тавр шавҳараш ба артиши Русия пайваст ва кушта шуд.

Ин тарҳ ҳамчунин номи 661 шаҳрванди Қазоқистон, 360 шаҳрванди Қирғизистон, 1 ҳазору 110 шаҳрванди Ӯзбекистонро низ нашр кард, ки “дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд”.

Ҳеҷ як мақомоти ин кишварҳо то ҳол ба нашри рӯйхати тарҳи “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардаанд.

Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчӣ бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.

Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷанг бо дастури раиси ҷумҳури ин кишвар тарзи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ низ пешниҳод гардидааст. Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.

Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...