Донишҷӯён низ дар Рӯзи Конститутсия истироҳат мекунанд

Asia-Plus

Ба муносибати Рӯзи Конститутсия донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон ҳам як рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, рӯзи 6-уми ноябр (панҷшанбе) барои донишҷӯён дарс нахоҳад буд.

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз Рӯзи Конститутсия дарсҳо мувофиқи ҷадвали муқаррарӣ идома меёбанд.

Аз вазорат гуфтанд, ин қарор ба хонандагони мактабҳои Тоҷикистон рабт надорад,  зеро Рӯзи Конститутсия ба таътили тирамоҳии онҳо рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки ба муносибати Рӯзи Конститусияи Тоҷикистон сокинони кишвар чор  рӯз пайиҳам – 6, 7, 8 ва 9-уми ноябр истироҳат мекунанд. Аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки “бо мақсади истифодаи оқилонаи рӯзҳои корӣ”, рӯзи шанбе, 1-уми ноябр рӯзи корӣ ва рӯзи ҷумъа, 7-уми ноябр рӯзи истироҳат эълон шудаааст.

Бо ин тартиб, онҳое, ки панҷ рӯзи корӣ дар як ҳафта доранд, метавонанд аз 6-уми ноябр то 9-уми ноябр истироҳат кунанд ва 10-уми ноябр ба кор бароянд. Вале онҳое, ки ҳафтаи шашрӯзаи корӣ доранд, 2 рӯз истироҳат мекунанд ва рӯзи 8-уми ноябр барои онҳо корӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...