Донишҷӯён низ дар Рӯзи Конститутсия истироҳат мекунанд

Ба муносибати Рӯзи Конститутсия донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон ҳам як рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, рӯзи 6-уми ноябр (панҷшанбе) барои донишҷӯён дарс нахоҳад буд. Ба гуфтаи манбаъ, пас аз Рӯзи Конститутсия дарсҳо мувофиқи ҷадвали муқаррарӣ идома меёбанд. Аз вазорат гуфтанд, ин қарор ба хонандагони мактабҳои Тоҷикистон […]

Ба муносибати Рӯзи Конститутсия донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон ҳам як рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, рӯзи 6-уми ноябр (панҷшанбе) барои донишҷӯён дарс нахоҳад буд.

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз Рӯзи Конститутсия дарсҳо мувофиқи ҷадвали муқаррарӣ идома меёбанд.

Аз вазорат гуфтанд, ин қарор ба хонандагони мактабҳои Тоҷикистон рабт надорад,  зеро Рӯзи Конститутсия ба таътили тирамоҳии онҳо рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки ба муносибати Рӯзи Конститусияи Тоҷикистон сокинони кишвар чор  рӯз пайиҳам – 6, 7, 8 ва 9-уми ноябр истироҳат мекунанд. Аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки “бо мақсади истифодаи оқилонаи рӯзҳои корӣ”, рӯзи шанбе, 1-уми ноябр рӯзи корӣ ва рӯзи ҷумъа, 7-уми ноябр рӯзи истироҳат эълон шудаааст.

Бо ин тартиб, онҳое, ки панҷ рӯзи корӣ дар як ҳафта доранд, метавонанд аз 6-уми ноябр то 9-уми ноябр истироҳат кунанд ва 10-уми ноябр ба кор бароянд. Вале онҳое, ки ҳафтаи шашрӯзаи корӣ доранд, 2 рӯз истироҳат мекунанд ва рӯзи 8-уми ноябр барои онҳо корӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.