Паланги барфӣ дар Қирғизистон рамзи миллӣ эътироф шуд. Дар Тоҷикистон чӣ тадбир меандешанд?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Қирғизистон паланги барфиро ҳамчун рамзи миллии кишвараш қабул кард ва тартиби истифода аз нишонвора (логотип)-и расмии онро муқаррар намуд. Дар Тоҷикистон гарчанде паланг ҳамчун рамзе эълон нашудааст, вале барои нигоҳдории ин ҳайвони нодир барномаи давлатӣ татбиқ мешавад ва шумораи палангҳо аз 250 ба зиёда аз 500 тан афзудааст.

Ба иттилои хабаргузории 24.kg, Девони вазирони Қирғизистон дар ин бора моҳи октябр қарори расмӣ қабул кардааст. Ҳадафи асосии ин қарор нигоҳдорӣ, муҳофизат ва тарғиби рамзҳое мебошад, ки мероси табиӣ ва фарҳангии Қирғизистонро инъикос мекунанд. Санади қабулшуда на танҳо мақоми паланги барфиро муайян мекунад, балки тартиби муфассали истифода аз нишонвораи расмии онро низ танзим менамояд.

Ин қарор чунин амалҳоро манъ мекунад:

– тағйир додани тасвир – манъ аст;

– истифода дар ташвиқоти сиёсӣ – манъ аст;

– истифода дар таблиғи бархилофи қонун – манъ аст;

– истифода дар матолибе, ки ба нуфузи кишвар зарар мерасонад – манъ аст.

Ин меъёрҳо барои ҳифзи нуфузи рамзи миллӣ ва истифодаи дурусти он дар сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд.

Ба Вазорати захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникии Қирғизистон супориш дода шудааст, ки нақшаи тадбирҳоро барои нигоҳдории шумораи палангҳои барфӣ ва минтақаи зисти он тасдиқ кунад. Ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҳукумати шаҳру навоҳӣ, созмонҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, бояд ба ин қарор риоя кунанд.

 

Дар Тоҷикистон рамз нест, вале ҳифз мешавад

Гарчанде Тоҷикистон паланги барфиро рамз эълон накардааст, вале кишвари мо барои нигоҳдории ин ҳайвони камёб тадбирҳо андешидааст. Ба иттилои расонаҳо, моҳи феврали соли 2024 Барномаи давлатии нигоҳдории паланги барфӣ барои солҳои 2024-2028 қабул карда шуд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, дар Тоҷикистон на камтар аз 500 паланги барфӣ зиндагӣ мекунад (70% дар ВМКБ), ки аз рақамҳои пештара (250-350) афзудааст.

Паланг ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст. Шикори паланг дар 50 соли оянда манъ мебошад ва ҳифзи он яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад.

 

Рамзи низоми экологии кӯҳии Тоҷикистон​​​​​​​

Паланг ғайрирасмӣ рамзи низоми экологии кӯҳии Тоҷикистон унвон мешавад ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист Маркази ҳифзи ҳайвонҳои камёбро дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ бунёд кардааст, ки яке аз паҳлӯҳои фаъолияташ ҳифзи паланг аст.

Ба иттилои сомонаи СММ, кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум дар бораи нигоҳдории паланги барфӣ дар Тянь-Шани Ғарбӣ ва Помиру-Олойро имзо карданд. Ин ҳамкорӣ барои таъмини мубодилаи маълумот, ҳамоҳангсозии тадбирҳо ва ҳимояи фаромиллии паланг зарур шуморида шудааст.

Бояд гуфт, ки соли 2024 Маҷмаи умумии СММ 23-юми октябрро Рӯзи байналмилалии паланги барфӣ эълон кардааст.

Ёдовар мешавем, ки чанд сол боз дар кишвар фарқи байни паланг ва бабр доғ аст. Ба ақидаи теъдоде аз олимон, бабр ҳайвони дигар асту паланг ҷонвари дигар. Онҳо мегӯянд, паланг пашми сафеду хол-хол дорад ва он ҷонвари бумии Тоҷикистон аст. Бабр калонтар аз паланг аст ва пашмаш зард асту рахҳои сиёҳ дорад. Бабр низ аз ҷонварони бумии Тоҷикистон буд, аммо дар миёнаҳои асри ХХ нобуд шуд. Онро “бабри тӯронӣ” ҳам меномиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...