Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 октябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 18:00 дар мавзеи “Диёри Душанбе” филми фаронсавии “Дилилӣ дар Порис” намоиш дода мешавад. Он бо коргардонии Мишел Оселот таҳия шуда, дар нусхаи асл ва зернависи русӣ манзури тамошобинон мегардад. Филм дар доираи Ҷашнвораи филмҳои фаронсавӣ дар Тоҷикистон намоиш дода шуда, вуруд ва тамошо озод аст. Имрӯз охирон рӯзи Ҷашнвораи филмҳои фаронсавӣ дар Тоҷикистон аст.

– Имрӯз дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО бо дастаи “Сафо”-и Лубнон дидор анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи “Долон Умурзоқов”-и шаҳри Бишкек, соати 15:00 ба вақти Душанбе, оғоз мешавад.

– Имрӯз дар боғи меҳмонхонаи “Серена-Душанбе” “Намоишгоҳи сабз” баргузор мешавад, ки дар он ширкатҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷамъиятӣ ташаббусҳои “сабз”, маҳсулоти экологӣ, лоиҳаҳои иқлимӣ ва  имконоти корӣ ва таҳсил барои ҷавононро дар ин самт муаррифӣ мекунанд.

Намоиш аз соати 9:00 то 17:00 давом карда, даромад озод аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2006 – Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пули сеюм аз болои рӯди Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2013 – Президенти Тоҷикистон марҳалаи аввали лоиҳаи инноватсионии “Шаҳри бехатар” ё низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор даровард. Дар роҳҳои пойтахт 850 камераи назоратӣ насб карда шуданд.

Соли 2013 – Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Соли 2015 – Конвенсия дар бораи апостил дар қаламрави Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт.

Соли 2023 – Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки роҳбариашро Рустами Эмомалӣ ба уҳда дорад, беҳтарин иттиҳоди минтақавии сол дар Осиё эътироф шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1941 – Мавлуди Гулчеҳра Содиқова, овозхон ва фалаксарои тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гулчеҳра Содиқова

Гулчеҳра Содиқова гарчанде аз ягон мактаби махсуси ҳунарӣ нагузаштааст, аммо худомӯзона нозукиҳои сарояндагиро дарёфта, дар дуторнавозӣ ва фалаксароӣ истеъдоди вижа аз худ зоҳир намудааст.

Ӯро ҳамчун яке аз шогирдони мактаби фалаксароии тоҷик медонанд. Ӯ 30 сол, аз соли 1967 то 1997 дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб сароянда буд. Ӯ соҳиби лаҳни хосаи овозхонӣ буда, бо шеваи сода, равон ва мардумписанд тарона мехонад. “Фалаки Кӯлоб”, “Фалаки даштӣ”, “Андешаи дурӣ”, “Чархи фалак”, “Фарёди дил”, “Зулфи мушкинат”, “Навои ишқ”, “Ба ҳоли хештан гирям”, “Гӯл кун забонамро”, “Маҳҷур медорӣ”, “Ширинтар аст”, “Куртачакан”, “Дили дарднок”, “Нафаси гарм”, “Қасам хӯрдему рафтем”, “Ёрам чу қадаҳ ба даст гирад” муште аз хирвори сурудҳояш аст, ки ба дили ҳазорон ҳаводоронаш роҳ ёфтаанд.

Соли 1968 – Мавлуди Саидумрон Саидов, адабиётшиноси тоҷик.

Соли 1980 – Зодрӯзи Аҳтам Абдуллозода, Сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аҳтам Абдуллозода

Аҳтам Абдуллозода моҳи январи имсол сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ то ин дам сардори Саридораи сирри давлатии Тоҷикистон буд.

Ӯ қаблан низ дар вазифаҳои баланди давлатӣ адои вазифа намудааст. Гарчанде дар оғози фаъолияти кориаш дар вазифаҳое чун мушовири ҳуқуқии Маркази истеҳсолию тиҷоратии “Иқлим” ва ширкати “Юнитекс” фаъолият намудааст, соли 2007 ба Дастгоҳи иҷроияи президент роҳ ёфт ва дар вазифаҳои мутахассиси пешбар, сармутахассис, мудири бахш, муовини мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ ва аз моҳи январи соли 2014 сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ солҳои 2014-2020 раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон буда, муддате муовини аввали Раиси Дастгоҳи иҷроия ва аз ноябри соли 2020 то 20-уми январи соли 2025 Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 31-уми октябр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳоро ҷашн мегирад. Ин сана бо қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ соли 2013 таъсис ёфта, ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти афзояндаи урбанизатсия ё худ шаҳрнишин шудани аҳолӣ аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз беш аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунад ва тибқи пешгӯии СММ, то соли 2050 ин рақам то 68 дарсад хоҳад расид. Ҳар рӯз шаҳрҳои ҷаҳон тақрибан 180 ҳазор сокини навро қабул мекунанд.

31-уми октябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ таҷлил мешавад. Ин сана аз солҳои 1920-ум ба ин сӯ ба хотири ташвиқи одамон ба назардошти вазъи иқтисодии худ, нигоҳ доштани маблағ ва сарфакорона истифода бурдани захираҳо ҷорӣ шудааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо маънои сарфакорӣ танҳо бо пул маҳдуд намешавад. Онро метавон ҳамчун ҳунари сарфаи вақт, нерӯ, ашё ва табиат фаҳмид.

31-уми октябр сохтмони яке аз рамзҳои маъруфи Амрико – Ёдгории миллӣ дар кӯҳи Рашмор ба анҷом расид. Сохтмон соли 1927 оғоз ёфта, бештар аз 14 сол тӯл кашид. Муаллифи лоиҳа ҳайкалтарош Гатсон Борглум буд, ки бо ёрии тақрибан 400 коргар чеҳраҳои чаҳор президенти Амрико – Ҷорҷ Вашингтон, Томас Ҷефферсон, Абраҳам Линколн ва Теодор Рузвелтро дар кӯҳ кандакорӣ намуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳар кадоми онҳо зиёда аз 18 метр баландӣ доранд ва аз масофаи 100 километр намоёнанд. Ҳар як президент рамзи як марҳалаи таърихи миллат: таваллуд, фалсафа, ягонагӣ ва тавсеаи Амрико мебошад.

31-уми октябри соли 1984 Индира Гандӣ, нахуствазири Ҳиндустон дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона кушта шуд. Ду муҳофизи шахсиаш – Беант Сингҳ ва Сатвант Сингҳ ба ӯ 20 тир заданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Индира Гандӣ

Сабаби аслии ин сӯиқасд, ба гуфтаи коршиносон, амалиёти “Ситораи кабуд” (Operation Blue Star) буд, ки ҳукумат барои бартараф кардани тундгароёни сикх дар Амритсар анҷом дода буд. Ин амал норозигии ҷомеаи сикхро ба вуҷуд овард ва бо фоҷиаи миллӣ анҷомид. Индира Гандӣ, ягона зани сарвазири Ҳиндустон буд, ки бо сиёсати қавӣ ва иродаи устувораш маъруф гашт.

31-уми октябри соли 2015 ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Когалимавиа” дар болои нимҷазираи Синойи Миср суқут кард. Дар дохили он 224 нафар буданд ва ҳама ҳалок шуданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳавопаймо аз шаҳри Шарм-уш-Шайх ба Санкт-Петербург парвоз мекард ва пас аз 23 дақиқаи бархостан аз фурудгоҳ аз радарҳо нопадид шуд. Таҳқиқот нишон дод, ки дар дохили ҳавопаймо дастгоҳи таркандаи худсохт насб шуда буд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии “ДОИШ” ба уҳда гирифт.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии баҳри Сиёҳ таҷлил мегардад. Ин сана ба хотири имзои Стратегияи байналмилалӣ оид ба ҳифз ва эҳёи баҳри Сиёҳ аз ҷониби шаш кишвари соҳилӣ – Булғория, Руминия, Туркия, Гурҷистон, Русия ва Украина дар ҳамин рӯзи соли 1996 пазируфта шудааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мақсади асосии ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти муҳити зист, аз ҷумла ифлосшавии об, сайди зиёди моҳӣ ва таъсири гармшавии глобалӣ ба экосистемаи баҳр аст. Баҳри Сиёҳ манбаи ҳаёт ва иқтисоди даҳҳо миллион одамон аст, ки муҳити он ниёз ба ҳифзи дастаҷамъона дорад.

Шаби 31-уми октябр дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷашни Ҳэллоуин таҷлил мешавад. Ин ҷашн таърихи беш аз 2000-сола дорад ва решаҳои он ба фарҳанги қадимаи келтҳо бармегардад. Дар ин рӯз бештар кӯдакон костюмҳои гуногун пӯшида, хона ба хона ширинӣ ҷамъ мекунанд.

Ин ид дар бисёр давлатҳои Ғарб, бештар дар Канада, ИМА, Пуэрто Рико, Ирландия ва Зеландияи Нав ҷашн гирифта мешавад. Гуфта мешавад, ки ин урфу одатро муҳоҷирони Ирландия ва Шотландия дар садаи XIX  ба Амрикои Шимолӣ оварданд. Бисёр давлатҳои Ғарб ин идро ҳамчун маданияти попи Амрико дар охири садаи XX кабул кардаанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 17+22 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 8+13º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва хокбориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона 14+19º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 14+19º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 21+23º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 20+22º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 24+26º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...