Консепсияи нави сиёсати муҳоҷирати Русия: барои шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ тағйир меёбад?

Алина Валамат-Заде, Asia-Plus

Дар Русия Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷират қабул шуд, ки дар он ҳамаи чораҳои то ин замон нисбати муҳоҷирон андешидашуда гирдоварӣ ва мутобиқ карда шудаанд. Чунин стратегия одатан давоми 5-6 сол як бор навсозӣ ва қабул мешавад. Консепсияи пешин барои солҳои 2019-2025 қабул шуда буд ва ба қавли мақомоти Русия, амалӣ шуд. Санади нав барои давраи солҳои 2026-2030 тасдиқ шудааст.

Муфассалтар бо он дар сомонаи расмии санадҳои меъёрӣ шинос шудан мумкин аст.

Ин чӣ гуна санад ва чаро муҳим аст?

Консепсия самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳои Русияро дар соҳаи муҳоҷират дар давраи панҷ соли наздик муайян мекунад.

Ба ибораи дигар, ин харитаи роҳ аст, ки тариқи он Русия ният дорад равандҳои муҳоҷиратро идора кунад.

Консепсияи нав ва пешина чӣ фар ҳаст?

Дар санади нав гузаштан ба танзими нисбатан шадидтари ҷараёни вуруди муҳоҷирон, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фаъолона ҷорӣ намудани танзими рақамӣ, таъмини амнияти миллӣ пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, ба мутобиқату ҳамгироии арзишҳои муҳоҷирон бо ҷомеаи Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Тибқи Консепсияи нав сатҳи кунунии муҳоҷирон чӣ гуна арзёбӣ мешавад?

Дар санад зикр мешавад, ки бисёре аз касоне, ки ба Русия меоянд, сатҳи тахассуси касбиашон паст аст.

“Дар байни шаҳрвандони хориҷие, ки аз ҷониби корфармоёни рус ҷалб мегарданд, ҳиссаи назаррасро коргарони сатҳи тахассусашон паст ташкил медиҳанд. Талабот ба онҳо, одатан аз ҳисоби ҳам кам будани хароҷот нисбат ба истифодаи қувваи кори шаҳрвандони Русия, ҳам бо сабаби сатҳи начандон кофии рушди технологӣ ва ташкили кор дар баъзе соҳаҳои иқтисоди Русия муайян мешавад”, – ишора шудааст дар Консепсия.

Ҳамчунин дар Консепсия дар бораи он сухан меравад, ки “манбаи асосии афзоиши аҳолии Русия бояд зиёдшавии табиии он боқӣ монад”.

Муҳоҷират ба сифати як воситаи ёридиҳанда барои ҳалли вазифа ва мушкилоти иқтисодӣ зикр мешавад.

Дар санад доир ба амнияти миллӣ чӣ гуфта мешавад?

Дар санад зарурати такмили сиёсати муҳоҷират дар робита ба пайдо шудани таҳдиду чолишҳои нав ба амнияти миллии Русия таъкид мешавад.

Мақомот ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пешбурди рӯйхати шаҳрвандони хориҷӣ, ки таҳти назорат қарор доранд ва мубориза бо паҳншавии ғояҳои тундгароӣ ва ифротгароӣ миёни шахсони воридгардида бештар таваҷҷуҳ мекунанд.

Ғайр аз ин, барои дақиқ муайян кардани шахсияти муҳоҷирон ва табодули иттилоот фаъолона ҷорӣ сохтани технологияҳои рақамӣ ва маълумоти биометрӣ ба нақша гирифта шудааст.

Доир ба ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон дар Консепсия чӣ гуфта мешавад?

Дар санад зарурати гузаштан ба ҷалби муташаккилона ва ҳадафноки кормандони хориҷӣ, пеш аз ҳама аз кишварҳои бидуни раводид (Тоҷикистон ҳам шомил аст) зикр мешавад. Зери мафҳуми ҷалби ҳадафмандона ва муташаккилона чӣ дар назар аст? Ин даъвати корфармои мушаххас ба ҷойи корӣ дар муддати вақти муайян бар асоси шартномаи меҳнатӣ ва иҷозатнома барои кор аст.

Ғайр аз ин, давлат ният дорад, ки масъулияти корфармоҳоро барои риояи талаботи муҳоҷират баланд бардошта, будубоши аъзои оилаи онҳоро, ки кор ё таҳсил намекунанд, маҳдуд созад.

Арҷгузорӣ ба арзишҳои умумӣ чӣ?

Дар Консепсия чандин маротиба муҳим будани мутобиқати муҳоҷирон ба арзишҳои анъанавии маънавӣ ва фарҳангии Русия таъкид мешавад. Ба ин ҳадафҳо чӣ гуна расидан мехоҳанд?

Дар навбати аввал, миёни ҳадафу вазифаҳо мусоидат ба муҳоҷирон дар азхуд намудани забони русӣ, меъёрҳои маҳаллии рафтор ва фарҳанги ҳуқуқӣ зикр шудааст.

Бо ин мақсад бунёди зерсохтори махсус ба нақша гирифта шудааст, лекин доир ба маҳз кадом зерсохтор маълумоти мушаххас дода нашудааст.

Ҳамчунин барои пешгирӣ аз ҷудо будан дар муҳит ва ташаккули гурӯҳҳои этникӣ роҳандозии тадбирҳо, ки ба онҳо монеъа эҷод мекунанд, пешбинӣ шудааст.

Чӣ гуна сиёсати муҳоҷиратро бо технологияҳои муосир ҳамгиро кардан мехоҳанд?

Яке аз навгониҳои асосӣ истифодаи фаъолонаи технолгияҳои рақамӣ дар соҳаи муҳоҷират маҳсуб меёбад. Дар Русия таъсис симои ягонаи рақамӣ барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба кишвар ворид мешаванд ва дар қаламрави он ҳузур доранд, пешбинӣ шудааст.

Гирифтани маълумоти биометрӣ, аз қабили сурат ё изи ангуштон на танҳо ҳангоми гузаштан аз сарҳад, балки дар хориҷа бо ёрии низомҳои махсус анҷом дода мешавад.

Барои коркарди ҳаҷми зиёди маълумот истифодаи технологияҳои ҳуши маснӯӣ дар назар буда, барои шаҳрвандони кишварҳое, ки бо Русия низоми раводид надоранд, системаи электронии огоҳинома дар бораи вуруд гардидан пайдо мешавад.

Аз сиёсати навшудаи муҳоҷирати Русия чӣ интизориҳо меравад?

Мувофиқи Консепсия, то соли 2030 бояд ҳадафҳои зерин пиёда шаванд:

– коҳиши теъдоди хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар Русия ҳузур доранд;

– коҳиши сатҳи ҷиноятҳои қонуншиканиҳои маъмурӣ миёни муҳоҷирон;

– кам кардани теъдоди кӯдакони муҳоҷирон, ки ба мактаб намераванд. Дар ҳамин ҳол, афзоиши теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар макотиби олии Русия ва муассисаҳои илмӣ;

– афзоиши ҳиссаи хориҷиёне, ки дар доираи ҷалби ҳадафмандона ва муташаккилона ба фаъолияти корӣ даъват мешаванд;

– афзоиши теъдоди хориҷиёне, ки ба арзишҳои анъанавии маънавӣ ва фарҳангии Русия арҷ мегузоранд.

Аммо дар Консепсия дар бораи коҳиши фишору тазйиқ ба муҳоҷирон ва фаҳои муҳоҷирситезӣ, ки солҳои охир авҷ мегирад ва паёмадҳои нохуб дорад, чизе гуфта нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.