Қитъаи роҳи баҳсии Исфара–Чоркуҳ–Ворух, ки ба ҷониби Тоҷикистон гузашт, боз гардидааст

Asia-Plus

Қитъаи роҳи мошингарди баҳсии Исфара – Чоркуҳ – Ворух, ки дар пайи муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон чанд сол боз баста буд ва баъди музокирот ба ҷониби Тоҷикистон гузашт, дубора боз шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, роҳ бо ширкати Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва Айбек Шаменов, раиси вилояти Ботканди Қирғизистон боз шудааст. Рӯзи бозкушоии роҳ маълум нест.

“Қаблан бинобар баста будани ин қитъаи роҳ сокинони деҳоти Ворух ва Чоркуҳ тавассути деҳаи Чорбоғ ба самти шаҳри Исфара ҳаракат мекарданд. Акнун, бо боз шудани роҳ масофа тақрибан як километр кӯтоҳ гардида, рафтуомади сокинон осонтар шуд”, – навиштааст манбаъ.

Мувофиқи Созишнома байни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сарҳади давлатӣ, ки аввали соли равон ба имзо расид, 65 га замини Қарабоқи Қирғизистон ба Тоҷикистон дода шудааст, ки ин қитъаи роҳи баҳсӣ низ дар он ҷойгир аст.

Боз кадом минтақаҳоро дар кадом навҳоӣ иваз карданд, дар ин мавод хонед: “Созишнома оид ба сарҳади давлатӣ. Тоҷикистон ва Қирғизистон кадом қитъаҳоро иваз карданд?”

Ҳамчунин, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) зимни муаррифии созишномаи муайян кардани марз бо Тоҷикистон ба Жогорку Кенеш (парламенти Қирғизистон) гуфт, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки роҳ то Ворухи Тоҷикистон ва то Саркандаки Қирғизистон мақоми бетераф мегирад. 

“Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳои  Хоҷаӣ-Аъло – Дача – Қапчиғай – Ворух бо дарозии 3425 метр ва паҳноии 40 метр ва Мин-Орук – Самарқандак – Ориёна – Шуристон бо дарозии 3241 метр ва паҳноии 40 метр бо мақоми бетараф бунёд ва истифода шаванд", – гуфта буд Ташиев.

Ӯ ҳамчунин тавзеҳ дода буд, ки роҳи Ворухро ҷониби Тоҷикистон ва роҳи Самарқандакро ҷониби Қирғизистон месозад. Дигар ҷузъиёти созишнома дар бораи роҳи Ворух маълум нест, вале эҳтимол сухан дар бораи роҳе меравад, ки аз деҳаи қирғизии Қапчиғай (Танги) давр зада мегузарад.

Ҷониби Тоҷикистон то имрӯз ҷузъиёти созишнома, аз ҷумла ивази қитъаҳо ва мақоми роҳҳоро шарҳ надодааст, аммо изҳороти ҷониби дигарро рад ҳам накардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...