“Хисорот ба қайд гирифта нашудааст”. Мақомоти Тоҷикистон заминларзаи шаби гузаштаро шарҳ доданд

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоди Тоҷикистон (КҲФ) дар шарҳи заминларзаи шаби гузашта гуфт, ки дар пайи он хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бар асоси маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои кишвар, заминларза дар Тоҷикистон соати 01:29-и рӯзи 3-юми ноябр (ба вақти Душанбе) сабт шудааст. Қувваи заминларза дар марказаш (Афғонистон) 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе 4 балл ва дар шаҳри Панҷакент 3 баллро ташкил додааст.

КҲФ мегӯяд, маркази заминҷунбӣ дар 236-километрии ҷанубу-ғарбии шаҳри Душанбе, 80-километрии ҷанубу-ғарбии ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ва 322-километрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар ҳудуди Афғонистон буд.

Бояд гуфт, шаби гузашта – 2-3-юми ноябри соли равон сокинони Тоҷикистон заминларзаи сахтро эҳсос карда, бархеҳо дар Душанбе аз тарс ба кӯчаҳо баромадаанд.

Ин заминларза дар Ӯзбекистон, Туркманистон ва Покистон ҳам эҳсос шудааст. Дар пайи ин ҳодиса, дар Афғонистон беш аз 20 тан ҷон бохта, наздики 200 каси дигар маҷруҳ шудаанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо заминларза рух медиҳад, ки бархеи онҳо хисорот ҳам дар пай доранд. Аз ҷумла, бар асари заминларзаи рӯзи 13-уми апрели соли равон дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда буданд. Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфтааст.

КҲФ гуфта буд, ки зарари ин заминҷунбӣ дар маҷмӯъ, беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шуда, 5639 нафар зарар дида буданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...