Марги мармузи ду тан дар Душанбеву Рӯдакӣ ва худкушии як наврас дар Айнӣ дар як рӯз

Mazhab

Дар рӯзи гузашта дар Тоҷикистон ҷасади ду кас бо марги мармуз аз шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ пайдо гардида, як навраси дигар худро ба дарёи Зарафшон партофтааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 2-юми ноябр аз дохили чоҳе дар бинои 26-и кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ як ҷасад бо марги мармуз ёфт шудааст. Мақомот маълум кардаанд, ки ин ҷасади марди 49-солае аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ будааст. Сабаби ҷон бохтани мард дар чоҳ маълум нест.

Наҷотдиҳандагон пайкари ин мардро барои ташхис ва тафтиши сабабҳои марг ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз аз канали Кӯктош-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади як ҷавон пайдо шудааст, ки дар ӯ “аломтҳои марги маҷбурӣ” намудор аст. Мақомот гуфтаанд, ин ҷавонмард сокини 29-солаи деҳаи Мадад-1-и ноҳияи Рӯдакӣ аст. Ҳоло сабабҳои марги ӯро мақомот таҳқиқ доштаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар идома иттилоъ додааст, ки рӯзи гузашта як сокини 17-солаи деҳаи Вешапи ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнӣ бо сабабҳои номаълум худро аз болои пул ба дарёи Зарафшон андохта, ғарқ шудааст. Ҳоло наҷотдиҳандагон тани бе ҷони ин наврасро ҷустуҷӯ доштаанд.

Ҳарчанд, тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, имсол дар Тоҷикистон ҷинояти одамкушӣ ва сӯйиқасд ба куштор кам шудааст, аммо  ҳодисаҳои марги мармузи сокинони кишвар дар ду соли охир сару садои зиёд барпо карданд. Ба иттилои ин ниҳод, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони одамон сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024, 13 ҳолат камтар будааст.

Дар ҳамин ҳол, охири моҳи август роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз содиршавии ҷинояти одамкушӣ ва сари вақт ошкор нашудани онҳо дар кишвар нигаронӣ карда, аз зердастони худ талаб карда буданд, ки “қатлҳои солҳои гузашта, ки ҳануз кушода нашудаанд, таҳқиқ ва ошкор карда шавад”. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...