ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1935 – Почта, телеграф ва стансияи телефонии Душанбе ба бинои нави дуошёнаи “Хонаи алоқа” кӯчиданд. Ҳоло он бино тахриб шуда, ба ҷои он сохтмони хонаҳои истиқоматӣ идома дорад.
Соли 2009 – Президенти кишвар Қонун “Дар бораи авф”-ро имзо намуд. Дар пайи ин авф, 10 ҳазор зиндонӣ озод шуданд.
Соли 2010 – Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонун “Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку”-ро тасдиқ кард.
Соли 2014 – Терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои мусофирон дари худро боз кард.
Соли 2014 – Тоҷикистон муҳлати истифодаи НБО-и “Сангтӯда-2”-ро барои Ҷумҳурии Исломии Эрон то 14,5 сол дароз кард.
Соли 2016 – Парлумони Тоҷикистон барои шахсони дорои душаҳрвандӣ кор дар сохторҳои давлатӣ ва мақомоти амниятиро манъ намуд.
Соли 2023 – Сомон Турсунзода, варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳонии касбии ҷиу-ҷитсу дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1929 – Зодрӯзи Масъуд Муллоҷонов, нависанда ва журналисти тоҷик.
Масъуд Муллоҷонов, нависанда, журналист ва падари Парвиз Муллоҷонов – аз таҳлилгарони шинохтаи тоҷик аст. Ӯ чанд сол муҳаррири маҷаллаи “Помир” буда, дар “Шарқи сурх” низ дар бахши танқиди адабӣ кор кардааст.
Муллоҷонов бештар ба забони русӣ эҷод карда, матлабу осори адабияш дар маҷаллаҳои дар Шӯравии собиқ машҳури “Дружба народов” ва “Литературная газета” ба чоп расидаанд.
Ӯ 23-юми августи соли 2015 дар 86-солагӣ даргузашт.
Соли 1937 – Мавлуди Бозгул Исоева, раққосаи балет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ.
Соли 1945 – Зодрӯзи Маъруф Бобоҷон, нависанда ва тарҷумони тоҷик.
Фаъолияти ӯ соли 1968 дар Кумитаи садо ва симои Тоҷикистон оғоз шуда, баъд сардори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва минбаъд то соли 1995 сардори Идораи ҳифзи ҳуқуқи муаллифони назди Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ буд.
Ҳикояву очеркҳои аввалини ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дар “Садои Шарқ” ба табъ расидаанд. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои зиёди ҳикояву қисса ва очеркҳост, ки “Хишти аввал”, “Шаби охирин”, “Ҷуфти кабӯтар”, “Асири ҳафтум”, “Бист дақиқаи интизорӣ”, “Бандии ихтиёрӣ”, романи “Умеди вопасин” аз муҳимтарини онҳоянд.
Маъруф Бобоҷон инчунин дар тарҷумаи адабиёти ҷаҳонӣ саҳми муҳим дорад. Ӯ асарҳои А.П. Чехов, К. Чапек, Э. Ҳемингуэй, П. Лукнитский, К. Ловейра, Н. Сарихонов, К. Солиҳов ва дигар нависандагонро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст.
Соли 1950 – Зодрӯзи Султонмурод Одина, адиб ва рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1953 – Зодрӯзи Худойдод Орифӣ, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.
Соли 1956 – Мавлуди Сайфиддин Назарзода, забоншинос, собиқ раиси Кумитаи истилоҳот ва директори пешини Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Сайфиддин Назарзода забоншиноси маъруфи тоҷик буда, бо таҳқиқоти амиқи худ дар соҳаи истилоҳшиносӣ, вожашиносӣ ва рушди забони тоҷикӣ дар замони муосир шинохта шудааст.
Ӯ солҳо дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон кор карда, ҳамчунин дар вазифаҳои роҳбарӣ дар Кумитаи ҷумҳуриявии истилоҳоти назди Академияи илмҳо фаъолият кардааст. Забоншинос солҳои 2004-2006 раиси ин Кумита ва солҳои 2006–2011 директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд.
Баъдан муддате ҳамчун декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор карда, аз соли 2014 то соли 2017 директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд. Аз аввалин мансабдорони сатҳи баланд буд, ки дар авҷи “шикор”-и қонуни танзим аз вазифа сабукдуш шуд.
Фаъолияти илмии ӯ бо таҳқиқоти амиқ дар соҳаи истилоҳоти иҷтимоиву сиёсӣ, вожашиносии таърихӣ ва масоили забони муосири тоҷикӣ иртибот дорад. Ӯ муаллифи зиёда аз 170 мақолаи илмӣ ва таҳқиқотӣ мебошад.
Соли 1963 – Зодрӯзи Эшони Абдулбасир, рӯҳонӣ, собиқ муовини аввали Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.
Соли 1964 – Зодрӯзи Фарзона (Иноят Хоҷаева), Шоири халқи Тоҷикистон.
Фарзонаи Хуҷандӣ яке аз номоварони адабиёти муосири тоҷик буда, дар ҳавзаи форсизабонон маҳбубияти вижа бархурдор аст. Ӯ соҳиби фареҳа ва нубуғи зотӣ ва худододӣ буда, шеъраш ҳуҷҷати барозандагии шеъри тоҷик дар қаламрави шеъри форсизабон гуфта мешавад.
Аз кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу пайванди тамоме доштааст ва бо сабку салиқа ва садои хоси эҷодӣ вориди майдони адабиёт гардидааст. Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар маҷмӯаҳое монанди “Риштаборон”, “Барги сабз” ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустини ашъораш “Тулӯи хандарез” унвон дошта, сарсухани онро Лоиқ Шералӣ навиштааст.
Баъдан пайиҳам китобҳои “Шабохуни барқ”, “Ояти ишқ”, “То бекаронаҳо”, “Меъроҷи шабнам”, “Қатрае аз Мӯлиён”, “Як ғунча роз”, “Сӯзи нотамом”, “Мӯҳри гули мино”, “Парниёни ҷон”, “Себарга”, “Набзи борон”, “Ҳама гул, ҳама тарона” ба дасти хонандагонаш расиданд.
Фарзона дар Эрон низ маҳбубияти хоса дорад ва имсол дар ин кишвар бо Озарахш, Шоири халқии Тоҷикистон чандин маҳфилҳо баргузор карданд.
Фарзона ва Озарахш ҳоло ҳарду маҳфили адабии “Ҳумонюн”-ро созмон додаанд, ки сари чанд вақт бо ширкати ҳардуи онҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон баргузор мешавад. Аз ҷумла, моҳи майи имсол дар Душанбе доир гардид. Гузориши “Азия-Плюс”-ро аз маҳфили “Ҳумоюн” дар Душанбе дар матлаби “Корвонкашони шеъри муосир” ва “мусофирони навандеш дар адабиёт”. Маҳфили Озарахшу Фарзона дар Душанбе чӣ гуна гузашт? мутолиа кунед.
Соли 1970 – Зодрӯзи Бобокалонов Зариф, ходими ҳарбӣ, сардори пешини Раёсати фаврии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон.
Соли 2003 – Расул Ғамзатов, шоир ва нависандаи маъруфи доғистонӣ дар 80-солагӣ аз олам рафт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 3-юми ноябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии нигаҳдории сир ё асрор таҷлил мегардад. Ин сана то чӣ андоза муҳим будани арзиши ҳифзи сирро – хоҳ шахсӣ бошад, хоҳ касбӣ ё давлатӣ ёдовар мешавад.
Дар ин рӯз мардум ба худ ва дигарон ёдрас мекунанд, ки нигоҳ доштани асрор нишонаи эътимод, ахлоқ ва масъулият аст.
Ҷолиб аст, ки кӣ ва кай ин идро таъсис додааст, худ як сирри бузург боқӣ мондааст. Бо вуҷуди ин, имрӯз он ҷашн дар бисёр кишварҳои ҷаҳон шинохта шудааст.
Дар Амрико имрӯз Рӯзи миллии сэндвич таҷлил мешавад.
Таърихи сэндвич аз замонҳои қадим сарчашма мегирад. Ҳанӯз дар асри I муфассири яҳудӣ Ҳиллел Бобулӣ одат дошт, ки омехтаи себ, чормағз ва ҳанутро якҷо бо нон истеъмол кунад. Аммо ном ва шӯҳрати воқеии ин хӯрок ба асри XVIII рост меояд.
Он ба номи Ҷон Монтегю, графи 4-уми Сэндвич (1718–1792), рабт дорад. Мегӯянд, ки ӯ ҳангоми бозии кортҳо барои он ки дастонаш равғанин нашавад, фармуд порае аз гӯштро байни ду буридаи нон гузоранд. Имрӯз сэндвичҳо яке аз хӯрокҳои маъмултарин дар ҷаҳонанд.
3-юми ноябри соли 1957 Иттиҳоди Шӯравӣ “Спутник-2”-ро ба мадори Замин равон кард, ки дар дохилаш аввалин мавҷуди зинда – саги Лайка қарор дошт.
Мақсади асосӣ санҷидани имкони зисти мавҷудоти зинда дар шароити кайҳон буд.
Мутаассифона, Лайка аз гармии баланд ва изтироб пас аз чанд соат даргузашт. Аммо таҷрибаи ӯ барои илм арзиши бузург дошт: он нишон дод, ки организмҳои зинда метавонанд таъсири вазни беҷозибаро таҳаммул кунанд.
Парвози “Спутник-2” заминаи асосии парвозҳои кайҳонии инсонро фароҳам овард ва номи Лайка то имрӯз рамзи қурбонии илм ва ҷасорати мавҷудоти зинда дар роҳи кашфи кайҳон боқӣ мондааст.
3-юми ноябри соли 1958 дар шаҳри Париж маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бинои асосии ЮНЕСКО баргузор гардид. Онро меъморони маъруф, Марсел Брёйер (ИМА), Пер Нерви (Италия) ва Бернар Зерфюсс (Фаронса) тарҳрезӣ намуданд.
Бино дар шакли ситораи сегона сохта шуда, аз се қисм иборат аст: Котибот – маркази асосии идоракунӣ; Толори маҷлисгоҳ – барои ҷаласаҳои байналмилалӣ; Бинои намояндагиҳои доимӣ.
Деворҳои шишагини он барои равшанӣ ва сабукии фазо мусоидат мекунанд. Дар дохил асарҳои рассомони машҳур, чун Пикассо, Миро ва ҳайкалҳои Колдер ва Мур ҷой дода шудаанд.
Имрӯз қароргоҳи ЮНЕСКО яке аз шоҳасарҳои меъмории асри XX ҳисобида шуда, ба рӯйхати мероси меъмории ҷаҳонӣ дохил шудааст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 3 НОЯБРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ борон ва барф борида, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 4+9º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва хокбориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 12+17º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон ва барф борида, гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3º то 4-6º сард, рӯзона 9+14º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард, рӯзона 2+7º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 18+20º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 14+16º гарм.


