Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 ба Риёз мераванд

Asia-Plus

Чаҳорумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ бо ширкати варзишгарони 57 кишвар аз 7 то 21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ 134 нафар шомил шудаанд, ки 69 танашонро варзишгарон ташкил медиҳанд. Шахсони боқимонда аз мураббиён ва коркунони кумитаву федератсияҳои варзишӣ иборатанд.

Варзишгарони тоҷик дар шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз рӯи 12 намуди варзиш, аз ҷумла, ҷудо, вазнабардорӣ, таэквондо, куштии кураш, камонварӣ, тенниси рӯимиз, муштзанӣ (бокс) ва ришатаҳои паралимпӣ баромад хоҳанд кард.

Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ, ки рӯзи 7-уми ноябр сурат мегирад, Мадина Қурбонзода ва Эмомалӣ Нуралӣ парчамбардорони дастаи мунтахаби Тоҷикистон интихоб шудаанд.

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) баргузор мешаванд ва варзишгаронро аз 57 кишвар муттаҳид мекунанд. Барномаи бозиҳо 13 намуди варзиши олимпӣ, 4 намуди ғайриолимпӣ, 3 намуди паралимпӣ ва як намуди варзиши миллӣ, аз ҷумла пойгаи шутурро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, дар охирин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2022 дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор гардида буд, варзишгарони тоҷик 8 медал – 3 нуқра ва 5 биринҷӣ гирифта буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...