Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Амрико” аз Давҳа ба Вашингтон меравад

Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон шоми дирӯз, 3-юми ноябр бо як сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Қатар шуд. Ӯ дар доираи ин сафар, дар Нишасти дуюми ҷаҳонӣ дар мавриди рушди иҷтимоӣ ширкат мекунад. 

Дар ин нишаст, ки 4 то 6-уми ноябр дар шаҳри Давҳа баргузор мешавад, роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ масъалаҳои аз байн бурдани фақр, таъмини кор шоиста, ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди устуворро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳадафи асосии нишаст, эҳёи талошҳои ҷаҳонӣ ва суръат бахшидан ба татбиқи Рӯзномаи рушди устувор барои соли 2030 мебошад.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар хабар дод, ки пас аз ширкат дар ин нишаст, раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои иштирок дар ҷаласаи қолаби “Осиёи Марказӣ – Амрико” ба шаҳри Вашингтон меравад. Ин ҷаласа рӯзи 6-уми ноябр баргузор мегардад.

Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистонро барои иштирок дар ин мулоқот даъват карда буд.

Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти президентони Осиёи Марказӣ ҳам тасдиқ карданд, ки онҳо низ барои ширкат ба ин нишаст ба Вашингтон мераванд.

Ёдовар мешавем, ки қолаби “Осиёи Марказӣ – ИМА” (С5+1) як платформаи муколама ва талошҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Он пас аз ҷаласаи нахустини вазирони корҳои хориҷӣ дар Самарқанд, дар моҳи ноябри соли 2015 таъсис ёфт. Пеш аз ин, онҳо дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуданд. 

Ин дуввумин нишасти дар қолаби “Осиёи Марказӣ –Амрико” (C5+1) хоҳад буд. Аввалинаш соли 2023 дар Ню Йорк дар ҳошияи Маҷмаи Умумии СММ бо иштироки Ҷо Байден, раисҷумҳури вақти ИМА ва роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд.

Вашингтон таъкид кард, ки ИМА қасд дорад ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш диҳад ва 10-солагии платформаи дипломатии C5+1-ро ҷашн хоҳад гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...