Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 ноябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар шаҳри Давҳаи Қатар Нишасти дуюми ҷаҳонӣ дар мавриди рушди иҷтимоӣ оғоз мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ дирӯз бо мақсади иштирок дар ин нишаст ба Қатар рафт.

Дар ин нишаст, ки то 6-уми ноябр баргузор мешавад, роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ масъалаҳои аз байн бурдани фақр, таъмини кор шоиста, ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди устуворро баррасӣ хоҳанд кард.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1938 – Мамнуъгоҳи табии “Бешаи палангон” таъсис ёфтааст. Мамнуъгоҳ дар қаламрави ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қубодиён дар вилояти Хатлон ҷойгир буда, яке аз ҷозибаҳои гардишгарии минтақаи сайёҳии водии Вахш аст.

Соли 1992 – Дар натиҷаи тарконидани роҳи оҳан, ки тавассути он маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд, Душанбе ва минтақаҳои марказии ҷумҳурӣ дар муҳосира монданд. Ин муҳосира 39 рӯз идома ёфт.

Соли 1998 – Ҷангиёни полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев аз Ӯзбекистон вориди вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) шуда, дар байни ҳамагӣ чанд соат шаҳри Хуҷанд, навоҳии атрофи он ва то ағбаи Анзобро тасарруф карданд. Баъди се рӯз боз ба Ӯзбекистон ақиб нишастанд.

Соли 2017 – “Сомон Эйр” дар масири Душанбе-Сеул-Душанбе бори нахуст парвоз анҷом дод.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1947 – Зодрӯзи Сафаралӣ Қурбоншоев, риёзидон, доктори илми физикаву математика.

Соли 1949 – Мавлуди Абдуҷалил Самадов, собиқ сарвазири Тоҷикистон.

Соли 1969 Донишкадаи хоҷагии халқи Маскав ба номи Ш. В. Плехановро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1969 то 1982  аз муҳаққиқи Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ба вазифаи сардори шуъбаи ПИТ иқтисодиёт ва усулҳои иқтисодию математики Госплани ҶШС Тоҷикистон раcидааст. Солҳои 1993-1994 сарвизири Тоҷикистон буд.

Соли 2004 дар Маскав фавтид ва дар Тоҷикистон дафн шудааст.

Соли 1950 – Зодрӯзи Асалбегим Саодатова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Асалбегим Саодатова

Асалбегим Саодатова ҳунарпешаи соҳибистеъдоди тоҷик буда, бо нақшҳои мондагори худ дар театр ва синамо дар дили тамошобинон ҷой гирифтааст. Ӯ аз ҷумлаи бунёдгузорони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ёд мешавад. Маҳз аз ҳамин ҷо фаъолияти эҷодии ӯ оғоз ёфта, тамоми умрашро ба саҳна бахшид.

Дар тӯли беш аз чор даҳсола ӯ дар даҳҳо намоишнома нақш офаридааст. Аз зумраи беҳтарин намоишномаҳои ӯ метавон “Робиаи Балхӣ”, “Табиби зӯракӣ”, “Тангои ҷиноятӣ”, “Модар меояд”, “Муаллими рақс”, “Ситораи роҳнамо”, “Илоҷи беилоҷӣ ҳаст”, “Суруди зиндагӣ”, “Алафҳои бегона”, “Ҳукм”, “Донаки сеҳрнок”, “Фолбин”, “Дар ҷустуҷӯи бахт” ва “Кулбаи хонум Зоя”-ро ном бурд.

Ӯ инчунин дар олами синамо низ ҳунар озмудааст. Бештари тамошобинон ӯро аз нақши “Аҷузкампир” дар намоишномаи телевизионии маъруфи “Алифбоҷон, Алифбо!” мешиносанд. Вай дар филми “Асрори оилаи Ғаюровҳо” низ нақши Руқия Воҳидоваро бозидааст.

Асалбегим Саодатова 5-уми апрели соли 2021 дар синни 70 даргузашт.

Соли 1960 – Мавлуди Саидҷаъфар Усмонзода, вакили пешини парлумон, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саидҷаъфар Усмонзода

Саидҷаъфар Усмонзода, ки вакили парлумонв а раиси ҲДТ буд, моҳи июни соли 2024 дастгир шуда, моҳи феврали имсол дар доираи парвандаи “табаддулоти давлатӣ” ба 27 соли зиндон маҳкум шуд.

Саидҷаъфар Усмонзода хатмкардаи риштаи иқтисоди ДМТ аст ва чандин сол дар мақомоти андозу гумрук, Бонки миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радио кор кардааст. Аз сентябри соли 2002 то моҳи феврали соли 2004 сардори полиси андози шаҳри Турсунзода ва то январи соли 2005 ноиби ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон низ кор кардааст. Ӯ аз соли 2005 то соли 2012 ҳамчун соҳибкор фаъолият кардааст. Маҳз дар ҳамин давра ӯ ба сиёсат омад.

Дар интихоботи президентии соли 2013 ба ҳайси номзад аз ҲДТ ширкат кард, вале муваффақ нашуд. Дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаи Фархор ва дар соли 2020 тибқи рӯйхати ягонаи ҳизбӣ вакили парлумон шуд.

Ӯ аз камтарин вакилони парлумон буд, ки перомуни масоили доғи Тоҷикистон ва минтақа изҳори назар мекард ва то ҳадде ба рӯзноманигорон дастрас буд. 

Дар бораи корномаи  Саидҷаъфар Усмонзода ва пиромуни боздошташ дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: Саидҷаъфар Усмонзода дар боздоштгоҳ 64-сола шуд. Сарнавишти ояндаи ӯ ҳамоно норӯшан аст

Соли 1967 – Зодрӯзи Заробиддин Қосимӣ, сафири пешини Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Миср, ҳоло схангӯи президенти Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Заробиддин Қосимӣ

Заробиддин Қосимӣ рӯзноманигор, дипломати тоҷик буда, хатмкардаи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ фаъолияти касбии худро соли 1991 ҳамчун омӯзгори забонҳои арабӣ, форсӣ ва адабиёти тоҷик оғоз карда, сипас дар Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқ ва фалсафаи шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият дошт.

Аз соли 1993 то 1996  дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳайси нозир ва нозири калон кор карда, сипас қариб даҳ сол, солҳои 1996–2005 сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа буд.

Аз соли 2005 то соли 2015 машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, мушовири Президент ва муовини роҳбари Хадамоти матбуотӣ будааст.

Соли 2015 директори АМИТ “Ховар” таъин гардида, солҳои 2016-2020 сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва аз 2020 то 2024 дар Давлати Миср будааст.

Заробиддин Қосимӣ аз моҳи январи соли 2024  котиби матбуоти Президенти Тоҷикистон аст.

Соли 1984 – Мавлуди Наргис Усмонова, журналист, мудири кафедраи матбуоти факултети журналисткаи ДМТ.

Соли 2004 – Равшан Тӯрабеков, ҳунарпеша ва коргардони тоҷик дар 60-солагӣ даргузашт.

Равшан Тӯрабеков пас аз хатми Институти театриву рассомии ба номи А.Н. Островскийи шаҳри Тошканд дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ҳунарнамоӣ оғоз кард.

Аз соли 1963 то 1972 дар киностудияи “Тоҷикфилм” аввал ҳамчун ёрдамчии коргардон ва баъдан ҳамчун коргардон фаъолият намуд. Аз соли 1972 фаъолияти худро дар “Тоҷиктелефилм” идома дода, яке аз аввалин коргардонҳои телевизионии тоҷик гардид, ки наворбардории филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатиро дар сатҳи баланд ба роҳ монд.

Аз ҷумла, филмҳои бадеии телевизионии ӯ – “Ман – сарҳад”, “Сайди охирин”, “Об аз куҷо меояд?”, “Кӯҳи уқобон” дар таърихи синамои тоҷик ҷойгоҳи хос доранд. Ӯ инчунин беш аз 30 филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифтааст.

Соли 2013 – Мирзо Мамадҷонов, аввалин раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар 69-солагӣ бар асари сактаи дил даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мирзо Мамадҷонов

Мамадҷонов ҳамчун бозигар, мураббӣ, довар ва раҳбар тамоми ҳаёти худро ба рушди футбол бахшида, дар дастаҳои мухталифи кишвар муваффақона бозӣ кардааст. Ӯ замони шӯравӣ бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии Иттиҳоди шӯравиро доварӣ кардааст. Ӯ ба ҳайси мураббӣ низ дастаҳои мухталифи Тоҷикистону Ӯзбакистонро машқ дода, ба унвони баланди “Довари дараҷаи умумииттифоқӣ” ва баъдан “Довари дараҷаи байналмилалӣ” мушарраф шудааст.

Бо ибтикори ӯ, соли 1992 Федертсияи миллии футболи Тоҷикистон таъсис ёфт, ки Мирзо Мамадҷонов аввалин раиси он буд. Бо талошҳои зиёди вай, ФФТ соли 1994 узви AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва ҳамон сол узви FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) гардидааст. Вай то моҳи майи соли 1995 раиси ФФТ, баъдан то соли 2012 муовини раиси ФФТ буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

4-уми ноябри соли 1879 дар Амрико Ҷеймс Риттӣ ном молики як қаҳвахонаи хурд дар шаҳри Дейтон  дастгоҳи ҳисобу пардохтро ихтироъ карда, иҷозатнома гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Риттӣ  ҳангоми сафар ба Аврупо дар киштӣ дастгоҳеро дид, ки ҳар гардиши муҳаррики киштиро ба таври худкор ҳисоб мекард. Ин таҷриба ӯро водор сохт, ки барои ҳисоб кардани маблағи фурӯш дар мағоза низ чунин дастгоҳ созад.

Баъди бозгашт ба ватан, ӯ дастгоҳи оддии механикиеро сохт, ки ҳар амали пардохтро ба таври худкор сабт менамуд. Маҳз ҳамин дастгоҳ заминаи пайдоиши дастгоҳи ҳисобу китоби хазинавии муосир гардид ва то имрӯз дар тамоми дӯконҳо, марказҳои савдо ва тарабхонаҳо истифода мешавад.

4-уми ноябри соли 1890 дар шаҳри Лондон нахустин хатти барқии метрои зеризаминӣ ба истифода дода шуд. То он вақт, аз соли 1863, метрои Лондон бо истифода аз паровоз фаъолият мекард ва ҳавои зеризаминиро пур аз дуду гармӣ мегардонид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз соли 1890 сохтмони хатҳои нави метро бо истифода аз муҳаррикҳои барқӣ оғоз ёфт. Ин рӯйдод на танҳо барои пойтахти Британия, балки барои тамоми ҷаҳон аҳамияти бузург дошт, зеро он оғози асри нақлиёти барқӣ гардид.

Имрӯз метрои Лондон яке аз шабакаҳои бузургтарини ҷаҳон буда, 270 истгоҳ ва зиёда аз 400 километр хат дорад.

4-уми ноябри соли 1922 дар Миср ду муҳаққиқи англис – Ҳовард Картер, мисршиноси маъруф ва Лорд Карнарвон, археологи ҳаваскор гӯри фиръавни ҷавон Тутанҳамонро дар “Водии подшоҳон” кашф карданд. Ин гӯр ягона оромгоҳи фиръавнест, ки тақрибан бетағйир боқӣ монда, аз ғоратгарон эмин мондааст. Дар дохили он тобути аз тиллои холис сохташуда бо ҷасади мумёшудаи фиръавн, инчунин ҳазорҳо ҷавоҳирот, ҳайкалчаҳо ва ашёҳои қиматбаҳо пайдо шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Картер ва Карнарвон аввалин нафароне буданд, ки пас аз се ҳазор сол ба ин гӯр ворид шуданд. Кашфи гӯри Тутанҳамон на танҳо дониши инсониятро дар бораи таърихи қадимаи Миср ғанӣ гардонид, балки таваҷҷуҳи ҷаҳонро ба фарҳанги фиръавниён дубора эҳё намуд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 4 НОЯБРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида хокбориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон ва барф борида, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3º то 4-6º сард, рӯзона 3+8º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 5+10º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-20º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 8+10º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...