Сохтмони кластери пахта бо $150 млн. Ҳукумат лоиҳаи созишнома бо ширкати “БТК”-и Русияро маъқул донистааст

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ бо ширкати "БТК"-и Русия дар бораи таъсиси кластери саноати сабуки силсилаи пурраи истеҳсол – аз парвариши пахта то дӯхтани либосро маъқул донистааст. Он то соли 2035 сохта шуда, дар се марҳила амалӣ мешавад.  Дар санад гуфта мешавад, ки баъди сохтмони он, "то 10 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад". Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 150 млн долларро […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ бо ширкати "БТК"-и Русия дар бораи таъсиси кластери саноати сабуки силсилаи пурраи истеҳсол – аз парвариши пахта то дӯхтани либосро маъқул донистааст. Он то соли 2035 сохта шуда, дар се марҳила амалӣ мешавад. 

Дар санад гуфта мешавад, ки баъди сохтмони он, "то 10 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад". Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 150 млн долларро ташкил дода, 30 млн доллари он ба марҳилаи аввал, ки то соли 2028 дар назар аст, равона мешавад. Он дар 15 ҳазор гектар замин сохта мешавад.

Ҳамчунин, ба сармоягузорон имтиёзҳои ҳуқуқӣ ва андозӣ, аз ҷумла реҷаи соддашудаи раводид барои мутахассисон пешниҳод мешавад.

Созишнома барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Мувофиқи арзёбии техникиву иқтисодӣ, даромади интизоридошта аз лоиҳа дар соли 2035 ҳудуди 2,9 млрд доллар мебошад, ки 400 млн доллар барои парвариши пахта, 700 млн доллар ба истеҳсоли ришта (калоба), 800 млн доллар ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва зиёда аз 1 млрд доллар ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ равона мешавад.

Дар марҳилаи аввал (солҳои 2025-2027) азхудкунии 5 ҳазор гектар замин дар минтақаҳои Кӯлобу Вахш ба нақша гирифта шуда, то соли 2035 масоҳати он то 15 ҳазор гектар зиёд карда мешавад. Ҳамчунин, обёрии қатрагӣ ва технологияҳои сарфаи барқ низ ҷорӣ карда мешаванд.

Ҳамасола дар дохили кишвар то 50 ҳазор тонна пахтаи хом мавриди коркард қарор мегирад. Даромади умумӣ аз самти пахтакорӣ дар зарфи 10 сол ба зиёда аз 1,2 млрд доллар расида, дар ҳамин ҳол, беш аз 60%-и маҳсулот ба хориҷи кишвар содир мешавад.

Корхонаҳои истеҳсоли ришта (калоба) то иқтидори 50 ҳазор тонна ришта ва даромади 700 млн доллар дар як сол расида, то 70%-и маҳсулот ба хориҷи кишвар интиқол меёбад.

Маҷмааи дӯзандагӣ силсилаи истеҳсолотро ба охир мерасонад. Солҳои 2028-2029 ба истифода додани хатҳои дӯхтани либоси мардона ва занона бо даромади 15-25 млн доллар пешбинӣ мешавад.

Солҳои 2030-2032 истеҳсоли сарулибоси махсус ва либоси мактабӣ бо даромади 90-110 млн доллар дар назар аст. Давоми солҳои 2033-2035 корхонаҳо то сатҳи иқтидори лоиҳавӣ расида, 250 млн доллар даромадро дар як сол таъмин мекунанд. То соли 2035 даромад аз бахши дӯзандагӣ зиёда аз 1 млрд долларро ташкил дода, ҳиссаи маҳсулоти содиротӣ то ҳудуди 70% мерасад.

Бояд гуфт, ки ширкати “БТК Групп”, ки бунёдгузор ва баҳрагирандаи асосиаш зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо аст, дар чанд соли охир, махсусан баъд аз шурӯи ҷанг дар Украина дар Тоҷикистон босуръат фаъол шудааст.

Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли гузашта нишон додааст, ки ширкати “БТК Групп” давоми ду соли охир 5,5 ҳазор гектар заминро дар Тоҷикистон ба иҷора гирифта, ба ду корхонаи нассоҷӣ сармоягузорӣ кардааст ва дар ниҳоят барои низомиёни Русия, ки дар Украина меҷанганд, аз Тоҷикистон либос бурдааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.