Оғози сардиҳо дар Тоҷикистон. Барои моҳи ноябр чӣ гуна ҳаво пешгӯӣ мешавад?

Моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон ҳаво тадриҷан хунук шуда, дар бархе минтақаҳо боридани барфу борон ва омадани сел дар назар аст. Раъду барқ, чангу ғубор ва фаромадани тормеғ (туман) низ пешбинӣ мешавад, хабар медиҳад, Оҷонсии ҳавошиносии кишвар.   Вилояти Хатлон вашаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Ҳаво нимаи аввали моҳ дар водиҳои ин минтақаҳо шабона ҳарорат […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон ҳаво тадриҷан хунук шуда, дар бархе минтақаҳо боридани барфу борон ва омадани сел дар назар аст. Раъду барқ, чангу ғубор ва фаромадани тормеғ (туман) низ пешбинӣ мешавад, хабар медиҳад, Оҷонсии ҳавошиносии кишвар.

 

Вилояти Хатлон вашаҳру ноҳияҳои тобеи марказ

Ҳаво нимаи аввали моҳ дар водиҳои ин минтақаҳо шабона ҳарорат 3 то 8 дараҷа ва рӯзона 18 то 23 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо шабона 1 то 6 дараҷа ва рӯзона 13 то 18 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Аз нимаи дуюми моҳи ноябр боришот оғоз мешавад. Миқдори он дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Дар бархе ноҳияҳо суръати вазидани шамол то 17-22 м/сония баланд шуда, чангу ғубор дар назар аст.

 

Вилояти Суғд

Аввали моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2 то 7 дараҷа ва рӯзона 18 то 23 дараҷа гарм мешавад. Пастшавии ҳарорати ҳаво аз нимаи дуюми моҳ оғоз гардида шабона 0 то 5 дараҷа ва рӯзона 12 то 17 дараҷа гармшавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорат шабона 0 то 5 дараҷа хунук ва рӯзона 6 то 11 дараҷа гарм мешавад.

Боришоти аз ҳудуди меъёр зиёд дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо суръати вазиши шамол – то 15-20 м/сония гардида ва фаромадани тормеғ дар назар аст.

 

Кӯҳистони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ 

Ҳарорати миёна дар ин минтақаҳо дар сатҳи 1 – 6 дараҷа пешбинӣ мешавад. Тағйирёбии ҳаво дар давоми моҳ пешгӯӣ шуда, шабона аз -3+2 дараҷа  то 5-10 дараҷа хунук, ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм то -2+3 дараҷа хунук мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ миқдори боришот аз меъёри иқлимӣ зиёд пешбинӣ шудааст. Бархе рӯзҳо дар баъзе ноҳияҳо суръати вазиши шамол 13-18 м/сония дар назар аст.

 

Ноҳияҳои шарқи ВМКБ

Ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҳадди меъёр, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 8-11 дараҷа хунук мешавад. Давоми моҳ ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, шабона то 26-28 дараҷа хунук, рӯзона аз 0+5 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, дар рӯзҳои алоҳида то 5-10 дараҷа хунук пешбинӣ мешавад.

Дар баъзе минтақаҳо боришот аз меъёри иқлимӣ зиёдтар дар назар аст. Суръати вазиши шамол – то 12-17 м/сония пешгӯӣ мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, нимаи дуюми моҳи ноябр ҳарорат дар Тоҷикистон, бахусус шабона аз меъёр поин меравад.

Қаблан, ин ниҳод хабар дода буд, ки рӯзҳои 3-4-уми ноябр дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, бориши барфу борон дар назар аст.

Сабаби якбора сард шудани ҳаво, воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар кишвар гуфта мешавад. Бегоҳи 3-юм ва шаби 4-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ мезанад.

Аз 2 то 5-юми ноябр дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби ВМКБ эҳтимол омадани сел вуҷуд дорад.

Ин ниҳод гуфтааст, дар сурати рух додани н ҳодисаи фавқулода ё нохуш шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода-  93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 занг зананд.

Бо фаро расидани фасли тирамон дар Тоҷикистон бориши барфу борон зиёд мешавад ва дар бархе ҳолат ин боришот сабаби омадани сел, тахриби хонаҳои сокинон ва ҳалокати шаҳрвандон мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.