Барфу борон меборад. Аввали моҳи ноябр ҳаво дар Тоҷикистон якбора сард мешавад

Рӯзҳои 3-4-уми ноябр дар Тоҷикистон ҳаво якбора сард шуда, барфу борон мебарад. Дар водию доманакӯҳҳо ҳарорат то 9-11 дараҷа поён меравад. Инро Оҷонсии ҳавошиносии кишвар пешгӯӣ кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, сабаби якбора сард шудани ҳаво, воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамин тариқ, бегоҳи 3-юм ва шаби 4-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рӯзҳои 3-4-уми ноябр дар Тоҷикистон ҳаво якбора сард шуда, барфу борон мебарад. Дар водию доманакӯҳҳо ҳарорат то 9-11 дараҷа поён меравад. Инро Оҷонсии ҳавошиносии кишвар пешгӯӣ кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, сабаби якбора сард шудани ҳаво, воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамин тариқ, бегоҳи 3-юм ва шаби 4-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ мезанад.

“Дар баландиҳои зиёда аз 1 ҳазор метр аз сатҳи баҳр борон ба барф табдил меёбад”, – менависад манбаъ.

 

Хатари омадани сел ва ифлосшавии ҳаво

Ба навиштаи Оҷонсии ҳавошиносӣ, рӯзҳои 2 то 5-юми ноябр дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби ВМКБ эҳтимол сел ояд.

Ҳамчунин, рӯзҳои 3 то 5-уми ноябр дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҳавои ифлос мешавад. Рӯзи 3-юми ноябр дар шаҳру ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд низ ифлосшавии ҳаво баланд мешавад.

Оҷонсии ҳавошиносӣ гуфтааст, сабаби ин вазъият хокборише аст, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад. Дар натиҷа миқдори моддаҳои муаллақ (чанг) ва зарачаҳои майда дар ҳаво зиёд мешавад.

Ин ниҳод гуфтааст, дар сурати рух додани н ҳодисаи фавқулода ё нохуш шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода-  93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 занг зананд.

Бо фаро расидани фасли тирамон дар Тоҷикистон бориши барфу борон зиёд мешавад ва дар бархе ҳолат ин боришот сабаби омадани сел, тахриби хонаҳои сокинон ва ҳалокати шаҳрвандон мешавад.

Аз ҷумла, солҳои охир сел хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Хуросон хароб шуданд, дар Панҷакент чанд манзили сокинон тахриб шуда, беш аз 40 га замин ва теъдоде аз чорвои мардум талаф шудааст, дар Рӯшону Нуробод хонаҳоро вайрон кард ва ҳатто дар Ромит раъду барқ як нафарро кушта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.