Сел дар Рӯшону Нуробод хонаҳоро вайрон карду дар Ромит як нафарро раъду барқ кушт. АКС

Бар асари офати табиӣ дар Тоҷикистон, ки чанде пеш ба амал омад, як ҷавон ҳалок шуда, манзилҳо вайрон ва қитъаҳои замин шуста шуданд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, сокини 18-солаи деҳаи Новаки Ромит рӯзи 13 июл ба чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳӣ машғул будааст. “Соати 18:05 дақиқа ҷавонро оташак (молния) зада, бар асари […]

Asia-Plus

Бар асари офати табиӣ дар Тоҷикистон, ки чанде пеш ба амал омад, як ҷавон ҳалок шуда, манзилҳо вайрон ва қитъаҳои замин шуста шуданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, сокини 18-солаи деҳаи Новаки Ромит рӯзи 13 июл ба чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳӣ машғул будааст.

“Соати 18:05 дақиқа ҷавонро оташак (молния) зада, бар асари ҷароҳатҳои бардошта ӯ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст”, – хабар медиҳад КҲФ.

Шабонарӯзи гузашта бар асари боришоти пуршиддат дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчунин фаромадани сел ба қайд гирифта шудааст.

“13 май тахминан соати 13:05 бар асари боришоти пуршиддат дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони ВМКБ сел омада, лойқа ба 7 манзил ва 16 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зарар расонид. Маҷрои сел роҳи мошингардро ба маркази ноҳияи Рӯшон баст. Талафоти ҷонӣ нест”, – хабар доданд дар КҲФ.

Суратҳо аз гурӯҳи "Пайғоми Рӯшон" дар Facebook

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Кумита, айни замон дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҲФ машғули кор буда, зиёни расидаро муайян мекунад.

Ҳамин рӯз тахминан соатҳои 14:30 дар деҳаи Даҳагиёни ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод низ сел омад.

Дар натиҷа 5 манзил қисман зарар дида, аз офати табиӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт осеб диданд. Инчунин аз сел ду автомашинаи тамғаи ГАЗ-66 ва КАМАЗ хисорот бардоштаанд.

“Дар деҳаи Оҳангарони ноҳияи Нуробод сел роҳи деҳотро муваққатан баст. Дар ҷамоати деҳоти Комсомолобод роҳи мошингарди масофааш 65 метр байни деҳаҳои Сайдон ва Тугак шуста шуда, 2 пули таъинти маҳаллӣ тахриб ва роҳи мошингард муваққатан баста шудааст. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҲФ кор мекунад, талафоти ҷонӣ нест”, – гуфтанд дар КҲФ.

Зикр шуд, ки дар натиҷаи болоравии сатҳи оби дарёи Зарафшон роҳҳои байни деҳаҳо дар ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи вилояти Суғд баста шудаанд.

“Айни замон оқибатҳо бартараф карда шуда, талафоти ҷонӣ нест”, – хабар медиҳад КҲФ.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои аз 14 то 16 июл дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ эҳтимоли фаромадани сел мавҷуд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.