Иди Қурбон дар Тоҷикистон 20-уми июл, намоз соати 06.30

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбонро дар Тоҷикистон 20-уми июли соли 2021 таъин кард. Дар ин бора Афшин Муқим, сухангӯйи Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод. Соли гузашта бар асари авҷи бемории коронавирус ва шароити беҳдошти Иди Қурбон дар Тоҷикистон бидуни хондани намози ид ва таҷлили густардаи он баргузор шуда буд.  Шӯрои уламо дар […]

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбонро дар Тоҷикистон 20-уми июли соли 2021 таъин кард. Дар ин бора Афшин Муқим, сухангӯйи Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод.

Соли гузашта бар асари авҷи бемории коронавирус ва шароити беҳдошти Иди Қурбон дар Тоҷикистон бидуни хондани намози ид ва таҷлили густардаи он баргузор шуда буд. 

Шӯрои уламо дар баробари таъини рӯзи Иди Қурбон ҳамчунин имомхатибонро муваззаф кардааст, ки "дар маъвизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, илмомӯзии ҷавонони наврасон ва расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд".

Ҳамчунин Шӯрои уламо, масҷидҳои ҷомеи кишварро ба пардохти маблағи ҳаққи аъзогӣ аз ҳисоби Иди Қурбон  ба миқдори 600 сомонӣ муваззаф кардааст. 

Имсол дар Маскав хондани намози Иди Қурбон дар масоҷид манъ шуд ва худи ид ба таври маҷозӣ таҷлил мешавад.

Ҳамчунин имсол дар шароити ногувори беҳдоштӣ барои бори дувум маросими Ҳаҷҷ ё ба истилоҳ ҳаҷҷи фарзӣ, ки ҳамасола дар арафи Иди Қурбон сурат мегирифт, баргузор нашуд. Арабистони Саудӣ тасмим гирифт, ки имсол зоиринро аз кишварҳои дигар намепазирад ва маросими Ҳаққ танҳо бо ҳузури 60 ҳазор зоири дохилӣ барпо мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.