Дар шуъбаи милитсияи Исфара сардори нав таъин шуд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон роҳбарони нави шуъбаҳои минтақавии вазоратро таъин намуд. Аз ҷумла сардорони Шуъбаи корҳои дохилии шаҳрҳои Исфара ва Бохтар ҷой иваз карданд. “Полковник Набиҷон Исозода, ки  то ин дам сардори ШКД дар шаҳри Бохтар буд, сардори ШКД-1-и шаҳри Исфара таъин шуд. Генерал-майор Нурулло Орифзода, ки қаблан из вазифаро ба уҳда дошт, сардори ШКД […]

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон роҳбарони нави шуъбаҳои минтақавии вазоратро таъин намуд.

Аз ҷумла сардорони Шуъбаи корҳои дохилии шаҳрҳои Исфара ва Бохтар ҷой иваз карданд.

“Полковник Набиҷон Исозода, ки  то ин дам сардори ШКД дар шаҳри Бохтар буд, сардори ШКД-1-и шаҳри Исфара таъин шуд. Генерал-майор Нурулло Орифзода, ки қаблан из вазифаро ба уҳда дошт, сардори ШКД дар шаҳри Бохтар таъин шуд”, – хабар дод котиби матбуотии ВКД Нусратулло Маҳмадзода.

Ҳамчунин шахсони зерин ба дигар вазифаҳо таъин шуданд:

– Полковник Фирдавс Шоҳмадзода – сардори ШКД дар шаҳри Ваҳдат;

– Полковники милитсия Ҷамшед Шарифзода – сардори ШКД дар ноҳияи Фархор;

– Полковники милитсия Баҳром Шокирзода – сардори ШКД дар ноҳияи Панҷ.

Чанд рӯз пеш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъингардида дастур дод, ки дар ҷаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда ва оинномаҳои хизматӣ фаъолият намуда, бар зидди ҳамагуна ҷиноят ва қонуншиканӣ мубориза баранд.

«Ҳар кадоми Шумо – кадрҳои ҷавону ояндадор таҷрибаи корӣ доред ва ҳамчун мутахассисони касбӣ шинохта шудаед. Бо мардум робитаи наздик дошта бошед, то дар ҷомеа соҳиби эҳтирому обурӯ гардед» – таъкид намуд Сарвари давлат дар фарҷоми мулоқот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.