Арабистони Саудӣ ва Миср: шарикони нави Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой

Арабистони Саудӣ ва Миср ду кишвари наве, ки ба сифати шарикони нави ҳамкори Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой пазируфта шаванд. Ин тасмим имрӯз дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон гирифта шуд. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ хабар дод. Вазири тоҷик ҷалби шарикони […]

Арабистони Саудӣ ва Миср ду кишвари наве, ки ба сифати шарикони нави ҳамкори Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой пазируфта шаванд. Ин тасмим имрӯз дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин созмон гирифта шуд.

Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ хабар дод. Вазири тоҷик ҷалби шарикони нав ба СҲШ-ро як тасмими таърихӣ унвон кард.

"Дар ҷараёни ҷаласа табодули афкор дар мавриди васеъ кардани Институти шарикони муколамаи СҲШ сурат гирифт ва мо баъди  таваққуфи шашсола тасмими таърихӣ гирифтем, ки чунин мақомро барои Арабистони Саудӣ ва Миср фароҳам кунем. Ин тасмими барои таъид ба нишасти сарони кишварҳо дар моҳи сентябр пешниҳод мешавад",- гуфт вазири тоҷик.

Ин бори аввал аст, ки кишварҳои муҳимми олами араб барои ҳамкорӣ ба СҲШ ҳусни ният нишон медиҳанд. Пештар коршиносон гуфта буданд, ки дар сурати ҷалб шудани кишварҳои муҳимми Ховари Миёна ба ин созмон, нақши он тасмимҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ асаргузортар мешавад.

Ҷалби Арабистони Саудӣ ба сифати кишвари ҳамкори муколамавии СҲШ дар ҳолест, ки сару садоҳо дар мавриди пазируфтани рақиби ҷиддии ин кишвар дар минтақа – Эрон ба сифати узви нави созмон дар нишасти сентябрии Душанбе вуҷуд дорад.

СҲШ имсол 20-сола мешавад ва садорати соли ҷашнии ин созмонро Тоҷикистон ба дӯш дорад. Имсол ҳамчунин дар Маҷмаии умуми 75-уми СММ созишнома дар бораи ҳамкории ин созмон бо СҲШ ба тасвиб расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.