Парвози мустақим миёни Душанбе ва Минералние Води. Парвоз кай оғоз мешавад ва арзиши чипта чанд аст?

Миёни шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон ва Минералние Водии Русия парвозҳои мустақим роҳандозӣ мешавад. Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар додааст. Ба навиштаи манбаъ, парвози аввалин рӯзи 30-юми ноябр ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо таввасути ҳавопаймои "Boeing 737-900NG" ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе иҷро карда мешавад. Нархи чипта дар сомонаи расмии ин ширкат 2 ҳазору […]

Asia-Plus

Миёни шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон ва Минералние Водии Русия парвозҳои мустақим роҳандозӣ мешавад. Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, парвози аввалин рӯзи 30-юми ноябр ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо таввасути ҳавопаймои "Boeing 737-900NG" ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе иҷро карда мешавад.

Нархи чипта дар сомонаи расмии ин ширкат 2 ҳазору 350 сомонӣ муайян шудааст. Вақти парвоз дар ин масир 3 соату 40 дақиқа гуфта мешавад.

Ширкати “Сомон Эйр” гуфтааст, ки роҳандозии хатсайри нав як қисми стратегияи ширкати ҳавопаймоӣ буда, ҳадафи он зиёд кардани самти парвозҳо ва таҳкими робитаҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия аст.

Шаҳри Минералние Водӣ дар ҷануби Русия, дар минтақаи Ставропол, тақрибан 172 километр ба самти ҷанубу шарқ аз маркази минтақавӣ – шаҳри Ставропол ҷойгир аст. Ин шаҳр, қисми минтақаи бузурги санаторию истироҳатии Обҳои Маъдании Кавказ маҳсуб мешавад. Сайёҳону меҳмонон бештар барои истроҳату табобат ба ин шаҳр сафар мекунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.