Дар Тоҷикистон пулҳои 100 сомонии нав ба муомилот бароварда шуд

Ин пулҳои ҷашнӣ ба муносибати 25 солагии ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии Тоҷикистон – “Сомонӣ” ба гардиш бароварда шуд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пулҳо бо теъдоди муайян ба муомилот бароварда шуд, ки дар қатори дигар пулҳои коғазӣ баробар гардиш менамояд. Вале аз ин ниҳод нагуфтанд, ки аз ин намуди пулҳо […]

Нозанани Исматшоҳ, Asia-Plus

Ин пулҳои ҷашнӣ ба муносибати 25 солагии ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии Тоҷикистон – “Сомонӣ” ба гардиш бароварда шуд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пулҳо бо теъдоди муайян ба муомилот бароварда шуд, ки дар қатори дигар пулҳои коғазӣ баробар гардиш менамояд. Вале аз ин ниҳод нагуфтанд, ки аз ин намуди пулҳо мушаххас чӣ қадар ба муомилот бароварда шудааст.

“Дар 25 сол Бонки миллӣ бори аввали пули ҷашнии коғазиро ба муомилот баровард. Пештар аз ин танҳо тангаҳои ҷашнӣ ва хотиравӣ бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ нашр мешуд”, – гуфтанд аз БМТ. 

Тангаҳо ва пулҳои коғазии ҷашнӣ метавонанд дар қатори дигар воҳиди пулӣ дар гардиш бошанд, аммо танга ва пулҳои хотиравӣ танҳо бо мақсади тӯҳфа ва коллексия истифода мешаванд.

Бояд гуфт, ки имсол аз ба муомилот баромадани воҳиди нави пули миллии Тоҷикистон – “Сомонӣ” 25 сол пур шуд. Он 30-юми октябри соли 2000 ба гардиш бароварда шуд. Он ба ифтихори Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон номгузорӣ шудааст. Аввалин маротиба пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.

Айни замон дар муомилот пулҳои коғазӣ бо арзиши 1 (як), 3 (се), 5 (панҷ), 10 (даҳ), 20 (бист), 50 (панҷ), 100 (сад), 200 (дусад) ва 500 (панҷсад) сомонӣ, инчунин тангаҳо бо арзиши 1 (як) дирам, 2 (ду), 5 (панҷ), 10 (даҳ), 20 (бист), 25 (бисту панҷ) ва 50 дирам мавҷуданд.

Ҳамчунин тангаҳо бо арзиши 1 (як), 3 (се) ва 5 (панҷ) сомонӣ мавҷуданд.

Дар бораи таърихи пули миллии кишвар ва воҳидҳои пулие, ки пеш аз даст ёфтан ба соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар истифода мешуданд, дар матлаби мо бо номи "Аз рубли шӯравӣ то “Сомонӣ”. Дар сад соли Тоҷикистон кадом воҳидҳои пулӣ истифода шудаанд?" хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.