Коршиносони СММ аз тахриби мероси фарҳангӣ дар Самарқанд нигаронӣ кардаанд

Asia-Plus

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар робита ба кӯчонидани иҷбории сокинон ва тахриби хонаҳо дар маркази шаҳри Самарқанд, ки аз соли 2001 ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст, нигаронӣ кардаанд.

Моҳи майи соли 2025 тамоми маҳаллае, ки дар минтақаи муҳофизатшудаи наздики мақбараи Абумансури Мотуридии шаҳри Самарқанд ҷойгир буд, тахриб шуданд. Дар чанд ҳафта, хонаҳои беш аз 1 ҳазору 200 кас вайрон карда шуд.

Коршиносони СММ рӯзи 30-уми октябр бо нашри як изҳорот гуфтанд, тахриби хонаҳо, асосан аъзои ақаллияти мултониро, ки солҳо дар ин минтақа зиндагӣ карда, иртиботи фарҳангӣ ва таърихии амиқе бо ин маҳалла доштанд, сарсон кардааст.  

“Розигии сокинон, пешакӣ огоҳ кардани онҳо комилан ба эътибор гирифта нашудааст. Ҳамчунин нақшаи кӯчонидани аҳолӣ  пеш аз оғози тахриб таҳия, муҳокима ва бо сокинон мувофиқа карда нашуд”-, таъкид кардаанд коршиносон.

Онҳо гуфтаанд, ки “борҳо нигаронии ҷиддии худро дар бораи кӯҷонидани иҷборӣ  дар якчанд ҷойҳои мероси табиӣ ва фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО, аз ҷумла Ӯзбекистон, бо ҳукуматҳои дахлдор, ЮНЕСКО ва Кумитаи мероси ҷаҳонӣ матраҳ кардаанд".

Намояндагони ин созмон гуфтаанд, ки тасмими тахриби хонаҳо, пас аз он ки аксарияти хонаҳо нобуд шуда буданд, ба Кумитаи мероси ҷаҳонӣ пешниҳод шудааст.

Дар изҳорот зикр шудааст, ки дороиҳои мардум зери фишори шадиди пулис, мақомоти додгоҳӣ ва маҳаллӣ мусодира шудааст.  Вакиле, ки аз як соҳибхона дифоъ мекард, таҳдид ва аз ҷониби полис бозошт шуда, барқу гази сокинон муваққатан қатъ карда шудааст, то онҳо хонаҳояшонро тарк кунанд.

Таъкид шудааст, ки ҳарчанд ба сокинон ҷубронпулӣ дода шудааст, аммо ин маблағ барои харидани замин ва хона дар маркази Самарқанд нокифоя будааст.

“Мо шадидан таассуф мекунем, ки ҳукумат ин тавсияро дар бораи мораторий бе эътибор гузоштанд”,- изҳор доштаанд коршиносон.

Ба гуфтаи коршиносон тахриби хонаҳо чанд моҳ қабл аз 43-умин Конфронси Умумии ЮНЕСКО, ки рӯзи 30-юми октябр дар Самарқанд баргузор шудааст,  оғоз гардидааст.

Коршиносон аз ЮНЕСКО хоҳиш кардаанд, ки дастурамалҳоеро қабул кунанд, ки кӯчи маҷбурӣ ва тахриби хонаҳои сокинонро пешгирӣ карда ҳуқуқи онҳоро ҳимоя кунад.

То кунун Кумитаи мероси ҷаҳонӣ ва ЮНЕСКО аз ҳукумати Ӯзбекистон дархост кардаанд, ки мораторий ба тахрибу бозсозӣ дар Самарқанд нигоҳ дошта шавад.

Расонаҳои Ӯзбекистон навиштаанд, ки бозсозии гирду атрофи мақбара бо тахриби 220 бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ дар қисмати таърихии шаҳр, аз ҷумла кӯчаи Ғиҷдувон ва як қисми мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО оғоз шудааст. То ҳол сокинони биноҳои тахрибшуда аз фишори равонии мақомоти маҳаллӣ, таҳдидҳо ва додани ҷубронпулии кам шикоят кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...