ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия ҷашн гирифта мешавад. Конститутсияи Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба он се маротиба, 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузории чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ фароғатӣ ва илмиву таълимӣ дар назар аст.
– Имрӯз дар шаҳри Вашингтони Амрико Нишасти сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Амрико” ё “C5+1” доир мегардад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳоло дар ин шаҳр қарор дорад. Қаблан Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯбекистонро барои иштирок дар ин мулоқот даъват карда буд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1957 – Қасри фарҳанги Арбоб, ки яке аз қасрҳои бошукӯҳи фарҳангӣ ва санъати хосаи меъморию тасвирии вилояти Суғд аст, ифтитоҳ шуд.
Солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 – Дар ҳамин сана Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Соли 2017 – Дар Душанбе “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” баъди бозсозӣ дубора ифтитоҳ ёфт.
Соли 2019 – Гурӯҳи мусаллаҳи террористон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Ишқобод”-и отряди “Султонобод” дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла карданд. Дар натиҷа 17 нафар, аз ҷумла, прапоршики Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва як корманди ВКД ҳалок шуданд. Пас аз як рӯз гурӯҳи ДОИШ масъулияти ҳамларо бар уҳда гирифт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1923 – Зодрӯзи Низорамоҳ Зарифова, яке аз ходимони барҷастаи давлатии Тоҷикистон.
Низорамо Зарифова яке аз ходимони барҷастаи давлатии Тоҷикистон ва солмандтарин сиёсатмадори тоҷик буда, шоҳиди таъсиси давлати Тоҷикистони шӯравӣ ва барҳам хӯрдани сохти Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ӯ бо шаш роҳбари охирини Тоҷикистон, сар аз Бобоҷон Ғафуров то Эмомалӣ Раҳмон, дар мансабҳои баланд фаъолият кардааст.
Ӯ соли 1952 барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии Маскав фиристода шуд. Дар он ҷо академик Бобоҷон Ғафуров шахсан ба таҳсили ӯ таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Пас аз бозгашт, бо фармони Ғафуров, ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таъйин гардид.
Аз соли 1966 то 1989 ҷонишини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Дар моҳҳои январ ва феврали соли 1984 ҳатто вазифаи сардори давлатро иҷро кардааст.
Дар замони истиқлол ҳам Низорамо Зарифова ҳамвора фаъолияти давлатӣ дошт ва аввалин раиси Кумитаи занони Тоҷикистон низ буд.
Дар тӯли 60 сол Низорамо Зарифова бо шаш роҳбари охири Тоҷикистон – Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Маҳкамов ва Эмомалӣ Раҳмон кор кардааст.
Ӯ 30-юми ноябри соли 2024 дар 101-солагӣ аз олам чашм баст. Чанле пеш аз маргаш “Азия-Плюс” бо ин сиёсатмадори тоҷик мусоҳиба ороста буд, ки дар матлаби зерин мутолиа кунед: Низорамо Зарифова: Ман ба осонӣ 100-сола нашудаам
Соли 1925 – Мавлуди Лутфӣ Зоҳидова, нахустин раққосаи балети Тоҷикистони шуравӣ.
Лутфӣ Зоҳидова аввалин раққосаи балет дар Тоҷикистони шуравӣ буда, дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети тоҷик ҳунарнамоӣ намудааст.
Ӯ бори аввал дар балети “Лайлӣ ва Маҷнун”, ки соли 1947 дар саҳнаи ин театр гузошта шуд, ҳунарнамоӣ карда, барои иҷрои нақши Лайлӣ бо ҷоизаи "Сталин" сарфароз гардидааст.
Соли 1936 – Зодрӯзи Роҳат Набиева, муаррих, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1941 – Мавлуди Норинисо Юсупова, кимиёшиноси тоҷик, доктори илми химия, профессор.
Соли 1948 – Зодрӯзи Нурулло Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Нуралло Абдуллоев яке аз чеҳраҳои саршиноси театр ва синамои тоҷик буда, бо истеъдод, заҳмат ва садоқати худ ба саҳна ҷойгоҳи вижа касб кардааст. Ӯ ҳанӯз дар давраи донишҷӯӣ дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А.Лоҳутӣ ба шунарнамоӣ шурӯъ карда, тамои умр дар саҳнаи ин театр ҳунар офаридааст.
Нуруллоев дар тӯли фаъолияти худ беш аз 150 нақш офаридааст ва ҳар як образи ӯ бо самимият, воқеият ва тафаккури амиқ ҷилвагар аст.
Аз нақшҳои беҳтарини ӯ дар саҳнаи театр метавон Муфаттиш дар намоиши “Бадқасд”, Аврангзеб дар “Зебуннисо”, Ноиби қозикалон дар “Алломаи Адҳам ва дигарон”, Леонидик дар “Марати бечораи ман”, Креонт дар “Шоҳ Эдип”, Амир Наср дар “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва дигаронро ном бурд. Ӯ ҳамчунин дар Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский низ як қатор нақшҳои ҷолиб офаридааст.
Дар ҷаҳони синамо низ Нуралло Абдуллоев шинохта буда, дар филмҳои маъруфи тоҷикӣ, аз ҷумла “Тирпаронӣ дар ағба”, “Дом барои шағолон”, “Духтарони Суғдиён”, “Нахи нуқратоб”, “Марди роҳ” ва ғайра ҳунарнамоӣ кардааст. Инчунин дар филмҳои телевизионии “Дар орзӯи падар” ва “Тақвими интизорӣ” нақш офаридааст.
Беш аз бист сол инҷониб Абдуллоев боӯа ваҷҳи садои марғуладор ва суханварии зебояш барандаи барномаи телевизионии “Беғараз панд” аст.
Ӯ на танҳо ҳунарманди варзида, балки драманавис низ буда, асарҳои саҳнавии “Кӯҳистонӣ”, “Ҷанҷоли сари пода”, “Ҷеғ зан, Искандарата”, “Хонадомод” ва “Куҷо равонаем?” ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Мусоҳибаи “Азия-Плюс”-ро бо Нурулло Абдуллоев пиромуни марги мармузи Маҳмудҷон Воҳидов, ки яке аз шогирдонаш аст, дар ин матлаби мо хонед: Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
Соли 2004 – Аъзам Сидқӣ, нависанда, тарҷумон ва драматурги тоҷик дар 84-солагӣ даргузашт.
Аъзам Сидқӣ яке аз адибони забардасти тоҷик буда, солҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар соҳаи театр низ фаъолият доштааст. Ӯ аввал як муддат дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”, “Комсомоли Тоҷикистон”, маҷаллаи “Хорпуштак” фаъолият кард. Баъдан роҳбари Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таъин шуд. Солҳои 1977-1985 сарвари Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд. Аъзам Сидқӣ соли 1995 сардабири маҷаллаи адабии “Хуҷанд” таъин шуд ва то соли 2002 он ҷо фаъолият кард.
Шеъру манзумаҳои барои калонсолону наврасон эҷодкардааш дар маҷмӯаҳои “Ниҳоли орзу”, “Каттача”, “Дар сари кӯҳи баланд”, “Телпакамро хунук хӯрд”, “Олимҷон мактабхон шуд”, “Баҳору лолаву ишқ” ва ғайра ба табъ расидаанд. Ӯ муаллифи як силсила очеркҳо аст, аз ҷумла “Ҷӯра-саркор”, “Фарзанди замон”, “Раҳимбой Раҳматов”, “Дар он солҳои пурошӯб”. Дар заминаи очерки “Ҷӯра-саркор” филм ҳам офарида шудааст.
Аъзам Сидқӣ асарҳои саҳнавӣ низ эҷод кардааст, аз ҷумла, “Иродаи зан”, “Супориши ЧК”, “Адои қарз”, “Пароли нав”, “Дилшод”, “Шарораи муҳаббат”, “Достони Самандар”, “Сояи шайтон”, “Пайраҳаи зиндагӣ”, ки дар театр саҳнагузорӣ шудаанд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии ёдбуди ҳайвоноти ҳалокшуда аз дасти инсон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз одамон шамъ меафрӯзанд, то ба ёди миллионҳо ҳайвоноте, ки аз сабаби шикор, озмоишҳои илмӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ё вайроншавии муҳити зист нобуд шудаанд, эҳтиром гузоранд.
Бозори сиёҳи фурӯши ҳайвоноти нодир имрӯз яке аз тиҷоратҳои сердаромад ба ҳисоб меравад, ки ҳатто аз фурӯши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир гузаштааст. Ҳар сол садҳо ва ҳазорҳо ҳайвоноти ваҳшӣ, аз ҷумла маймунҳо, паррандагони зебо, хазандаҳо ва даррандагони нодир барои манфиати инсон қурбони тиҷорати пинҳонӣ мешаванд. Ин рӯз мардумро ба андеша водор месозад, ки масъулияти худро дар ҳифзи табиат ва наҷоти ҳайвоноти рӯи замин эҳсос кунанд.
6-уми ноябр инчунин Рӯзи байналмилалии пешгирӣ аз истифодаи муҳити зист дар ҷангҳо мебошад. Ин сана бо қарори Созмони Милали Муттаҳид муайян шудааст, то аҳамияти ҳифзи табиат ва захираҳои табииро дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хотиррасон кунад.
Тибқи маълумоти Барномаи муҳити зисти СММ, дар 60 соли охир тақрибан 40 дарсади низоъҳои дохилӣ бо истифодаи захираҳои табиӣ, чун нафту тилло, обу замини ҳосилхез вобастагӣ доштаанд. Бештари чунин низоъҳо пас аз анҷом низ эҳтимоли дубора сар задан доранд.
Дар ҳамин рӯз Кристофор Колумб ҳангоми сафар ба қитъаи Амрико бо тамоку кашидани мардуми маҳаллӣ шинос шуд. Онҳо баргҳои хушкро мепечонданд, аз як сӯяш оташ мезаданд ва дуди онро мекашиданд. Ҳамин тавр, аврупоиён бори аввал бо тамоку ва одати тамокукашӣ ошно гардиданд.
Ҷолиб он аст, ки ибтидо тамоку ҳамчун дору шинохта мешуд. Сафири Фаронса дар Португалия Жан Нико онро ба маликаи худ Екатерина Медичи ҳамчун воситаи табобати дарди сар ва баланд бардоштани рӯҳия тақдим намуд.
6-уми ноябри соли 1991 бо фармони президенти онвақтаи Русия Борис Елтсин фаъолияти Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҲК РСФСР расман қатъ гардид. Ин рӯйдод поёни як давраи бузурги сиёсиро дар таърихи Шӯравӣ нишон дод.
Бо вуҷуди ин, аз моҳи марти соли 1993 дар Русия Ҳизби коммунисти нав ҳамчун созмони сиёсӣ мустақил ба фаъолият оғоз намуд ва то имрӯз дар саҳнаи сиёсии кишвар боқӣ мондааст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ6 НОЯБРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 5+10º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона 5+10º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, рӯзона 0-5º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати: шабона 4-6º сард, рӯзона 8+10º гарм.


